Аз таърихи суннати
                                                            парчаму парчамдории тоҷикон
Муҳтарам  иштирокчиёни ҷасаласа, Шуморо ба фарорасии рӯзи Парчам табрик гуфта мехоҳам мухтасар аз таърихи  суннати парчаму парчамдорӣ ба иттилои Шумо расонам.
Тоҷикон дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд бо хусусусиятҳои хоси давлатдории худ фарқ мекарданд ва дар таърих аз худ хати равшанеро дар самти рамзҳои давлату давлатдорӣ гузоштаанд. Таърих , хушбахтона бисёр ин нишонаҳо дар худ нигоҳ дошта омадааст.
Яке аз рамзҳои давлатдорӣ ин парчам мебошад. Парчам дар масири таърих ва давлатдории тоҷикон дорои маънео ва тарзу услуби хоси истифодабарӣ  мебошад.  Муқаддас донистани парчам дар он зоҳир мегардад, ки инсоният дар ҳар давру замон онро барои ҳаёти осоишта ва пирӯзии  адолат баланд мебардорад. Парчам ҳанӯз давраи қадим ҳамчун рамзи  давлатдорӣ,шукӯҳу ифтихор ва ифодагари нангу номуси ватандорӣ эътироф шудааст.
Лоиқ ба таъкид аст, ки мардуми тоҷик нисбат ба парчам эҳтироми самимӣ ва эътиқоди хоса дорад. Вобаста ба ҳукумронии сулолаҳо аз замони қадим то имрӯз метавонем парчамдории тоҷиконро чунин шарҳ диҳем:
-Дирафши ковиёнӣ
-Штандарти империяи Ҳахоманишӣ
-Дирафши давлати Ашкониён
-дирафши давлати Сосониён
-Дирафши давлати Сомониён
-Дирафши суслолаи Ғӯриён
-Парчами Аморати Бухоро
— Байрақи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
— Байрақи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
— Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳанӯз дар китоби “Авесто” аз номи Аҳуромаздо чунин омадааст,ки : “Чаҳорумин кишвари неке, ки ман- Аҳуромаздо офаридам Баҳдии зебои афроштадирафш буд.”
Аҷдоди шарафманди мо на танҳо империяҳои абарқудратро ба монанди Ҳахоманишиёну Ашкониён ва Сосониёну Сомониён таъсис додаанд, балки яке аз давлатҳоие мебошанд,ки соҳибпарчам буданд.
Доир ба суннати парчамдории давлатҳои абарқудрати гузаштагони мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтааст: “ Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати нируманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин метавон аз ливои Коваи бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад.”
Хушбахтона аз рӯи расм ва минётураҳои бостонӣ баъзе шаклу сохти парчамҳо барқарор гардидаанд,ки дар ҳақиқат як ҷузъи ойини давлатдории тоҷикон ва шоҳиди равшани арҷ гузоштани аҷдоди мо ба ҳамаи парчамҳои гузаштагони худ мебошад.