Таҷлили Иди Наврӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон имсол низ бо намоиши корҳои эҷодии рассомии омӯзгорон, ки шурӯъ аз таъсиси донишкада дар баҳори соли 2013 то ба имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст, бо шукуҳу шаҳомати тоза сурат гирифт.

Дар аввал дар толори калони маҷлисҳо ва намоишҳо пас аз ифтитоҳи намоиш аз тарафи ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Хоҷаев, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонзода, директори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов Баҳодур Давлатзода ва Арбоби санъати Тоҷикистон Мизробшо Холов гурӯҳи калони донишҷӯёну омӯзгоронро, ки либоси идона ба бар карда, ба намоиш омада буданд, ба оғози чорабинии фарҳангӣ, дар маҷмӯъ Иди Наврӯз самимона муборакбод гуфтанд.

Зикр гардид, ки солҳои қаблӣ бино бар маҳдудияти ҷой барои  баргузории намоиш чорабинии мазкур дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон мегузашт ва акнун бо муҳайё шудани шароит, ду сол ин ҷониб дар худи донишкада баргузор мегардад. Ҳамасола дар арафаи Иди Наврӯз барпо намудани намоиши асарҳои рассомӣ ва наққошии омӯзгорони донишкада, ки аксарият дорои ҳунари волои рассомӣ ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистонанд, ба рушди ин санъат дар донишкада ва дар маҷмӯъ тамоми ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.

Сипас, намоиши идонаи наврӯзи дар ҳавлии дохилии донишкада бо намоиши анъанаҳои наврӯзӣ – оростани хони ҳафтсину ҳафтшин, пухтани суманаку оши бурида, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла кандакорию кулолгарӣ ва базму тараб —  суруду оҳанг ва рақсҳои дилнишин то дер гоҳ идома ёфт.