Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод соли 2018 дар пойгоҳи кафедраи табиатшиносӣ ва технологияи иттилоотӣ ташкил шудааст. Дар кафедра ихтисосҳои Web-дизайн ва графикаи компютерӣ, дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ мавҷуданд.
Ихтисоси 1-31030408-Web-дизайн ва графикаи компютерӣ, ки аз рӯи он дар зинаҳои бакалавр (рӯзона-фосилавӣ) 4 сол ва магистратура (рӯзона) 2 сол соҳибкасб омода карда мешавад, яке аз он ихтисосҳои бисёр ҳам муҳими замони муосир мебошад.
Довталаб ва ё хоҳишманде, ки ихтисоси 1-31030408- Web-дизайн ва графикаи компютериро дар зинаи бакалавр интихоб менамояд, метавонад дар оянда ҳамчун барномасози соҳаҳои алоҳидаи илмӣ компютерӣ, корманди хурди илмӣ, мутахассис дар соҳаи дизайни графикии компютерӣ, дизайни реклама бо истифодаи воситаҳои иттилоотии ҳозиразамон, дизайн сайтсоз (сомонаи интернетӣ) бо тарғиби имкониятҳои васеи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маълумотҳои дақиқ, муҳим ва таърихӣ, истифодаи васеъи барномаҳои компютерӣ дар автоматизатсиякунонии илм ва маориф, фарҳанг, соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисоди рақамӣ фаъолият намояд.
Дар зинаи магистратура низ довталаб метавонад бо назардошти аз худ намудани пурраву мукаммалтари самтҳои зикршуда, истифодаи васеи ин самтҳо дар истеҳсолот ва таҷрибаҳои муассисаҳои алоҳида ва мувофиқ, татбиқи васеи донишҳои назарявӣ дар шакли барномарезӣ ва лоиҳасозӣ, консепсияҳои рушди минбаъдаи соҳаи барномасозӣ ва комуникатсияи визуалӣ ҳамчун мутахассиси калони илмӣ, инчунин бо имкон пайдо кардани донишҳои амиқтари ҳирфаӣ ва касбӣ дар зинаи Phd аз рӯи ихтисос кор кунад.
Ихтисоси 1-26020103-Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба гурӯҳи ихтисосҳои 26 02- бизнес-идора дохил шуда, ихтисосмандонро дар соҳаи маркетолог (бозоршиносӣ), тарҷумони соҳавӣ, соҳибкор, иқтисодчӣ, маъмур, агенти савдо ва асосан менеҷер- иқтисодчӣ, ки ҳамаи самтҳои зикршудаи бизнес-идораро мутаҳид менамояд ва роҳбарӣ мекунад, соҳибкасб омода мекунад.
Инчунин довталабоне, ки баъди пурра аз худ намудани барномаҳои таълимии ихтисоси 1-26020103-дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ фориғ-ул- таҳсил мешаванд, имконияти васеи татбиқи донишҳо ва малакаву маҳоратҳои худ дар соҳаи робитаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ба роҳ мондани ширкатҳои истеҳсолотии хурду бузург бо назардошти имкониятҳои ватанӣ, татбиқи васеи дастовардҳои соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, мусаввирӣ дар ороиши хубу замонавии тобишҳои миллидошта дар корхонаву муассисаҳо, меҳмонхонаҳои навбунёдшуда ва дигар иншоотҳои азнавбарқроршуда дошта метавонанд.
Аз тарафи дигар яке аз мақсадҳои муҳим ва дурнамодоштаи соҳибкасбҳои ин ихтисос ба роҳ мондани истеҳсолотҳои дастӣ ва эҷодиву амалии соҳаи санъати тасвирӣ, дизайн ва мусаввирӣ дар шакли хизматрасонӣ бо корхонаву муассисаҳо, иншоотҳои соҳаи хизматрасонӣ (меҳмонхонаҳо ва марказҳои сайёҳӣ) пайвастагӣ дорад.
Эсанов Муҳаммадшариф Давлатович
иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод
номзади илмҳои иқтисодӣ
Эсанов Муҳаммадшариф Давлатович 7 марти соли 1992 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Аз соли 2015 ба сифати ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод ба кор оғоз намудааст. Аз соли 2018 инҷониб дар вазифаи сардори шуъбаи тарбия кор мекунад. Соли 2025 и.в. мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод таъин шуд.