Saturday, October 11, 2025

Таърих

Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №144 таъсис ёфта, ягона муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ мебошад, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисонро тайёр мекунад. Сохтори муассисаро 3 факултет, 8 кафедра, устохонаҳо, синфхонаҳои тахассусӣ ва дигар шуъбаҳо ташкил медиҳанд: факултетҳои санъати тасвирӣ, дизайн, тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ. Таълим бо забони давлатӣ ва русӣ дар зинаи бакалавриат (шакли таҳсили рӯзона ва фосилавӣ) аз рӯйи 27 ихтисос ва магистратура (рӯзона) аз рӯйи 15 ихтисос ба роҳ монда шудааст.

  • кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ (умумидонишкадавӣ).

Факултети санъати тасвирӣ:

  • кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев
  • кафедраи санъатшиносӣ;
  • кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ;
  • кафедраи санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ.

Факултети дизайн:

  • кафедраи тарҳрезии бадеии либос;
  • кафедраи дизайн ва меъмории ба номи Карим Наҷмиддинов;
  • кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод.

Факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ:

  • шуъбаи тайёрӣ;
  • маркази бачагонаи рассомӣ;
  • бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо.

Раёсати Донишкада фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, қонунҳои миллӣ ва соҳавӣ, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияву стратегияҳои давлатӣ, барномаҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа, амру фармоиш ва қарорҳои Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар тӯли фаъолият ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Дар муассиса раванди таълим дар зинаи бакалавриат, магистратура ва доктор PhD ба роҳ монда шудааст. Имрӯз шумораи умумии кормандон ва омӯзгорон 169 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 100 нафар ҳайати профессорону омӯзгорон ба фаъолияти илмию эҷодӣ ва илмӣ-методӣ машғул буданд, ки аз онҳо 58 нафар омӯзгорони асосӣ ва 4 нафар кормандони беруна мебошанд. Айни замон, дар Донишкада мутахассисони варзидаи соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки дар байни онҳо дорандагони унвонҳои Арбоби ҳунари Тоҷикистон ва Рассоми халқии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Ин нукта далели сатҳи баланди омодагии кадрҳо ва сифати таълим дар муассиса ба ҳисоб меравад.

Дар муассиса мунтазам намоиши эҷодии устодону донишҷӯёни муассиса ва фестивали мӯд гузаронида мешаванд, аз ҷумла соли 2025 дар намоишгоҳи Донишкада намоиши асарҳои эҷодии устодон ва шогирдони кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев бо унвони “Ёди ёри меҳрубон…”, зери унвони “Пайроҳаи эҷод” намоиши инфиродии асарҳои рассом-омӯзгор Ҳасан Искандаров, дар ин баробар, намоиши анъанавии ҷумҳуриявии асарҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯён ва фестивали мӯд таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз” доир шуд. Ҳамзамон, асарҳои омӯзгорон-рассомон Суюнов Эркин ва Боймуродов Беҳзод дар намоиши Осорхонаи Шанхайи Ҷумҳурии Халқии Чин таҳти унвони “Девори бузурги Чин” намоиш дода шуданд.

Дар муассиса 20 маҳфил ва 30 дарси маҳорати касбӣ тибқи нақша баргузор мегарданд, ба монанди “Дунёи санъат”, “Ман ва дизайн”, “Менеҷер ва барномасози ҷавон”, “Мусаввир”, ва монанди ин, ки ҳамагӣ маҳфилҳои тахассусианд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мебошад. Бо ин мақсад дар муассиса бахши магистратура, аспирантура ва докторантура амал мекунад.

Дар китобхонаи муассиса 11233 номгӯй ва дар шакли электронӣ 6700 нусха китоб мавҷуд мебошанд. Бахши электронии китобхона дорои 16 компютер буда, бо шабакаи интернетӣ пайваст аст. Толори хониш 53 ҷойи нишаст дорад. Инчунин, дар хобгоҳи донишҷӯён китобхона бо бахши электронии дорои 4 компютер ва толори хониши дорои 80 ҷойи нишаст мебошад. Ҳоло дар фонди китобҳо 15835 адад китобҳои тахассусию бадеӣ мавҷуд мебошад.

Раёсати Донишкада рушди ҳаматарафаи ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳои хориҷӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотии хориҷиро аз самтҳои афзалиятнок дар фаъолияти худ медонад. Дар ин давра ҳамкориҳои муассиса бо ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд. Ҳоло Донишкада бо 19 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ ва зиёда аз 50 ташкилотҳои дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷойи кор равобити ҳамкорӣ дорад. Дар Донишкада донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои Узбекистон, Афғонистон ва Қазоқистон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Хобгоҳ ҷузъи таркибии муассиса буда, имконияти бо ҷойи хоб таъмин намудани то 300 нафар донишҷӯро доро мебошад. Он дорои майдончаи варзишии замонавӣ, китобхонаи электронӣ ва толори хониш буда, дар он тамоми шароитҳо барои зиндагӣ муҳайё гардонида шудаанд.

Маркази бачагонаи рассомӣ, бахши тайёрӣ ва курсҳои кутоҳмуддати дӯзандагӣ дар асоси қарори Шурои олимони Донишкада соли 2016 дар назди факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ ташкил шуда, то имрӯз фаъолият намуда истодааст. Дар марказ раванди таълим дар асоси нақша ва барномаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, устодон ба шунавандагон нозукиҳои касби рассомиро меомӯзонанд. Таҳсил дар асоси шартномаи дуҷониба байни волидайни шунаванда ва муассиса ба роҳ монда шуда, ба марказ шунавандагони аз 9-сола боло қабул карда мешаванд. Муҳлати таҳсил 4 сол аст. Дар соли 2025 дар марказ 38 шунаванда қабул карда шуда, айни замон 30 нафар шунаванда таҳсил намуда истодаанд.

Раёсат, ҳайати омӯзгорону профессорон ва кормандони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар оянда низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, ки дар Паёми навбатиашон ироа намуданд, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикистон амру фармоиш ва қарорҳои Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, баҳри рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн тамоми тадбирҳои судмандро меандешанд.

Маълумот барои тамос: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯчаи Айни 31

Тел: 221 72 43, 221 72 37

E-mail: design_2013@list.ru

Сомонаи расмӣ: https://ddstdt.tj/