Шуъбаи умумӣ ва назорат сохтори таркибии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон буда, фаъолияти он дар асоси “Оиннома”-и Донишкада ва Низомнома ба роҳ монда мешавад. Шуъба дар фаъолияти худ Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати маориф ва илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори донишкада ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад. Шуъба танҳо зери итоати бевоситаи ректор қарор дошта, ба он ҳисобдиҳанда маҳсуб ёфта, сардори он аъзои раёсат, ва аъзои комиссияҳои босалоҳият интихоб мешавад.
Шуъбаи умумӣ ва назорат ҳамчун воҳиди мустақили Донишкада соли 2013 таъсис ёфтааст, ки аввалин роҳбари он Тимурова Майрам буд. Сохтори Шуъбаи умумӣ ва назорат мувофиқи ҷадвали воҳиди кории амалкунанда аз 3 нафар иборат мебошад: мудири шуъба, сармутахасис ва хаткашон.
Тӯли ин солҳо роҳбарии шуъбаро шахсони зерин ба уҳда доштанд:
– Тимурова Майрам аз соли 2013 то соли 2014;
– Саъдуллоева Зебунисо аз соли 2014 то соли 2018;
– Қосимов Ҷамшед аз соли 2018 то соли 2020;
– Раҳимова Гулрухсор аз соли 2020 то 2023.
– Раҳмонов Ҷаҳонгир Турахонович аз 2023 то ҳол.
Шуъба тамоми намудҳои коргӯзориро дар зерсохторҳои донишкада мутобиқи “Дастурамали намунавии коргӯзорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-декабри соли 2008 №558 тасдиқ шудааст ба роҳ монда онро такмил медиҳад.
Сардори шуъба: Раҳмонов Ҷаҳонгир
Тел: 2 27 58 73
Ҳайати кормандони шуъба:
Раҳмонов Ҷаҳонгир Турахонович 19-уми майи соли 1995 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2018 Донишгоҳи милии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 2021 дар вазифаи сардори шуъбаи умумӣ ва назорат кор мекунад.