Saturday, October 11, 2025

Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷузъи таркибии донишкада буда, дар асоси Оинномаи донишкада, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи шуъба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, дар фаъолияти кори хеш меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ ва фармоишҳои ректори донишкадаро ба роҳбарӣ мегирад. Вобаста ба шумораи кормандон ва ҳаҷми кор дар назди шӯъба бахшҳои ҷудогона ташкил мешавад.

Шуъбаи мазкур ҳамчун воҳиди мустақил соли 2013 таъсис ёфта, чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

  • интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ – идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ;
  • ёрӣ расонидан ба раёсат дар мустаҳкам намудани интизоми истеҳсолӣ–меҳнатӣ ва риояи қонунгузории меҳнат;
  • ба расмият даровардани (қабул, ҷойивазкунӣ ва хориҷ намудани кормандон) фармоишҳои ректор, инчунин омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандон ба вазифаҳое, ки дар ваколати муассис қарор доранд ва аз тарафи он тасдиқ мешаванд;
  • ба низом даровардани парвандаҳои шахсии омӯзгорон, кормандони маъмурӣ, шахсони ёрирасони корҳои таълимӣ ва хоҷагидорӣ;
  • омода намудани ҳисоби омории ҳайати кадрии донишкада ва такмили ихтисоси онҳо;
  • дар ҳамкорӣ бо бахши таҷрибаомӯзӣ гузаронидани тақсимоти мутахассисони ҷавон, тайёр намудан ва ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои хатми муассиса;
  • иштирок дар кори комиссияи аттестатсионӣ;
  • тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд;
  • омода сохтани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;
  • омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ ва дигар вазифаҳо.

Тӯли ин солҳо роҳбарии шуъбаро шахсони зерин ба уҳда доштанд:

  1. Муродов Исмоил Валиевич аз соли 2013 то соли 2015;
  2. Давлатзода Гулнора Шариф аз соли 2015 то соли 2022;
  3. Сайдализода Орзуҷон Илҳом аз 01.02.2022 то инҷониб.

Шуъбаро сардор роҳбарӣ намуда, ӯ аз ҷониби ректор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Сайдализода Орзу Илҳом

сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус

Тел: 2275877

Сайдализода Орзу Илҳом 1-уми майи соли 1997 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2019 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намуда, унвонҷӯи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ аст. Аз соли 2019 ба сифати нозир ва аз соли 2022 ба ҳайси сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкада фаъолият дорад.

Ҳайати кормандони шуъба:

Саъдулоева Зебуннисо 2-юми феврали соли 1955 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1975 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро бо ихтисоси филология ва соли 1981 Дониишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшиносхатм кардааст. Дорандаи Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2005) буда, аз соли 2018 ба ҳайси мудири бахши бойгонии шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус фаъолият дорад.

 

 

 

Ҳакимова Назокатмо Кулобиевна 9-уми сентябри соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1985 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо ихтисоси муаллими забон ва адабиёти рус хатм кардааст. Аз соли 2016 ба ҳайси мутахассиси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус фаъолият дорад.

 

 

 

 

Амирхонов Қурбоналӣ Ҳабибуллоевич 29-уми марти соли 1999 дар ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 2020 Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Аз 1-уми декабри соли 2022 дар вазифаи сармутахассиси бахши таъминоти ҳуқуқӣ кор мекунад.