Saturday, October 11, 2025

Маълумот

Шуъбаи методӣ ва симонишинон яке аз сохторҳои Донишкада маҳсуб ёфта, аз ганҷинаи расмҳои аз асл кашида (симонишинони зан ва мард), ганҷинаи натюмортҳо, ганҷинаи методӣ ва нигористон иборат аст.

Шуъбаи методӣ зерсохтори таълимии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба шумор рафта, фаъолияти худро дар асоси Оинномаи донишкада, Низомномаи шуъба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Шуъбаро сардор роҳбарӣ менамояд, ки ӯ аз ҷониби ректор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад. Вазифаҳои асосии шуъба иборат аст аз ташкили ганҷинаи натюмортҳо (ба воситаи харидорӣ намудани ашёҳое, ки натюмортро ташкил медиҳанд), ташаккули фонди методӣ бо роҳи ҳангоми намоишҳо интихоб карда гирифтани корҳои беҳтарини бадеӣ ва ороишии донишҷӯён барои истифодаи минбаъдаи онҳо ҳамчун дастури методӣ, ташкил, таъмин ва риояи шартҳои нигоҳдории ашёҳои ганҷинаи натюмортҳо, ганҷинаи методӣ, корҳои дипломии донишҷӯён, тасвирҳо ва таҷҳизоти ба шуъба барои гузаронидани намоиш ва чорабиниҳои иттилоотӣ дар бинои Нигористони Донишкада ва дигар майдонҳои намоишӣ муваққатан додашуда, интихоб ва ташаккули воҳидҳои симонишин (зан ва мард) дар асоси дархости кафедраҳо (тибқи нақшаи таълимии солона), таъмини бефосилаи раванди таълим дар асоси дархости кафедраҳо ҷиҳати таъмини онҳо бо ашёи ганҷинаи расмҳои симонишинон, фонди методӣ ва нафарони чун симо истифодашаванда (зан ва мард), ташкил ва гузаронидани намоишҳои гурӯҳӣ ва фардии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки аз тарафи донишҷӯён ва ҳайати профессорону устодони Донишкада мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо муассисаҳои фарҳангӣ ва таълимоти олии чӣ ҷумҳуриявӣ ва чӣ хориҷӣ ва ё дигар шахсони ҳуқуқӣ омода карда шудааст, татбиқи таҷҳизоти муосири намоишгоҳҳо ва технологияи муосири ороишӣ дар намоишҳои доимӣ ва муваққатӣ, ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, иттиҳодияҳои эҷодӣ, ташкилотҳои манфиатдор дар кори ташкили намоишҳо; иштирок дар таъмини таблиғот (реклама) дар кори ташкил ва гузаронидани намоишгоҳҳо, ба амал баровардани фаъолияти сайёҳӣ, маданӣ- равшаннамоӣ ва таълимӣ.

Шуъба тибқи вазифаҳои ба зимааш гузошта ганҷинаи натюмортҳоро ба воситаи харидорӣ намудани ашёҳое, ки натюмортро ташкил медиҳанд, ғанӣ гардонанд, фонди методиро бо роҳи ҳангоми намоишҳо интихоб карда гирифтани корҳои беҳтарини бадеӣ ва ороишии донишҷӯён барои истифодаи минбаъдаи онҳо ҳамчун дастури методӣ ташкил медиҳад, воҳидҳои кории симонишинонро дар асоси дархости кафедраҳо,тибқи нақшаи таълимии солона интихоб менамояд ва ташаккул медиҳад, ҳифз ва баҳисобгирии ашёи ганҷинаи расмҳои аз асл кашидаро таъмин менамояд, раванди таълимро бо маводи зарурии ашёи ганҷинаи расмҳои аз асл кашида, корҳои фонди методӣ ва нафарони ҳамчун симонишин истифодашаванда (зан ва мард) дар асоси барномаи кор ва дархости кафедраҳо барои машғулиятҳои вобаста ба тасвири натюморт ва одам (расмҳои таълимӣ, расмҳои эҷодӣ, санъати ҳайкалтарошӣ, фаъолият бо асарҳои дастгоҳӣ ва наққошӣ ва м.ин ) таъмин менамояд.

Шуъба бо мақсади бой гардонидани хазинаи натюморт мунтазам ашёи ин хазинаро (ба мисли гулдон, кӯзаҳо, амсилаи мева ва сабзавот, хӯсаи парандаҳо ва маводи ороишӣ) харидорӣ менамояд.

Ҳамзамон, шуъба ташкили намоишҳои бадеӣ, ороишӣ ва чорабиниҳои маданиро ба амал бароварда, лоиҳаи шартномаҳоро дар бораи ташкил ва гузаронидани намоишҳо, ки бо рассомон ва ороишгарон, муассисаҳои олии таълимӣ, фарҳангӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ баста шудаанд, омода карда, ба амал татбиқ шудани онҳоро таъмин менамояд.

Ба ғайр аз ин, кормандон ҳифзи корҳои экспозитсиониро, ки аз тарафи Шуъба барои нигоҳдории муваққатӣ барои намоиш дар намоишгоҳҳои муваққатӣ дар бинои Нигористон ва дигар майдонҳои намоишӣ қабул шудаанд, таъмин карда, намоишҳои ташкилкардаашро бо мавод ва таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин менамояд.

Шуъба маркетинг ва таблиғот (реклама)-и намоишҳоро дар ҳаҷми бо ташкилкунандагони намоиш мувофиқакардашуда бо назардошти ҳифзи ҳуқуқҳои иттилотии онҳо таъмин намуда, иттилоотро дар бораи намоишҳо ба воситаи ахбори омма паҳн менамояд ва интишори маводҳоро дар ин бора таъмин карда, гузаронидани прессс-конфренсияҳоро таъмин мекунад.

Ҳамзамон, шуъба ба шахсони ҳуқуқӣ ва фардҳои алоҳида дар масъалаҳои омодагӣ ва гузаронидани намоиш ва дигар чорабиниҳои ба он вобаста ёрии методӣ мерасонад ва маслиҳатҳо дода, масъалаҳои ташкилии вобаста ба таъмини хизматрасонии иштирокчиёни намоишҳоро ҳаллу фасл менамояд.

Масъулини шуъба дар кори аниқ ва муққарар намудани намудҳои хизматрасонии пулакӣ, ки Нигористон ба шахсони ҳуқуқӣ ва фардҳои алоҳида мерасонад, иштирок намуда, тибқи тартибот дар расонидани хизматрасонии пулакӣ ва иҷрои корҳои шартномавии ба самти фаъолияти Нигористон мутааллиқ иштирок менамояд.

Ба ғайр аз ин, сардори шуъба дар назди Шӯрои олимони Донишкада оид ба масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Шуъба масъалагузорӣ карда, лоиҳаи фармонҳоро оид ба самтҳои фаъолияти шуъба омода месозад.

Сохтори шуъба иборат аст, аз бахши методӣ, бахши симонишинон ва нигористон.

Сардори Шуъбаи методӣ

Рахимова Елена Базарбаевна

Тел: (372) 217237

Рахимова Елена Базарбаевна 9 майи соли 1968 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст. Соли 1990 Институти политехникии Ордени Байрақи Сурхии Меҳнатдоштаи шаҳри Краснодари Федератсияи Россияро бо ихтисоси муҳандис – технолог хатм кардааст. Дорои қобилияти баланди ташкилотчигӣ буда, дар ташкил ва гузаронидани  чорабиниҳои дохилию берунӣ ҳиссаи сазовор дорад. Аз соли 2013 дар вазифаи сардори шуъбаи методӣ кор мекунад.