Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ бо қарори Шӯрои олимон дар заминаи шуъбаи таълим соли 2018 таъсис ёфтааст. То ин муддат раванди низоми кредитии таҳсилот аз ҷониби шуъбаи таълим назорат бурда мешуд. Дар бахш ду нафар: мудир ва сармутахассис фаъолият менамоянд.
Бахши мазкур дар низоми кредитии таҳсилот яке аз сохторҳои асосии донишкада ба шумор меравад. Айни ҳол фаъолияти бахш пурра автоматӣ шудааст. Автоматикунонии раванди таълим имкон медиҳад, ки омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба фаъолияти худ, раванди таълим ва натиҷаҳои он тавассути технологияи иттилоотӣ маълумоти пурра гиранд.
Донишҷӯён ва омӯзгорон баъди гирифтани маълумот натиҷаи фаъолияти худро таҳлил намуда, фаъолияти минбаъдаашонро мукаммал мегардонанд. Автоматикунонии раванди таълим дар низоми кредитии таҳсилот дар баланд бардоштани сатҳи сифати тайёркунии мутахассисони оянда нақши калон мегузорад. Натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ (рейтинги 1 ва 2) ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ аз тарафи бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ ба раёсати факултетҳо ва донишкада ирсол карда мешавад.
Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ феълан дар раванди амалисозии нақши технологияи иттилоотии муосир ба ҷараёни таълим мавқеи муҳимеро дорост.
Муродалии Ризвони Қурбониён
мудири Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ
Муродалии Ризвони Қурбониён 8 сентябри соли 1993 дар ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Соли 2014 факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва соли 2016 зинаи магистратураи Донишгоҳи Олтойро дар Федерасияи Россия хатм намудааст. Аз соли 2016 дар кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад. Аз соли 2018 мудири бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ аст. Дорои 5 мақолаи илмӣ ва ду барномаи таълимӣ (Барномаи таълимӣ аз фанни «Барномаҳои асосии заминавии сомонасозӣ» (Html) ва Барномаи таълимӣ аз фанни «Граффикаи расторӣ ва векторӣ» мебошад.