Thursday, October 10, 2024

Шуъбаи умумӣ ва назорат

 (992) 2 27 58 73
(992) 2 27 58 73

Шуъбаи умумӣ ва назоратӣ ДДСТДТ

Шуъбаи умумӣ ва назорат  сохтори таркибии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон буда, фаъолияти он дар асоси “Оиннома”-и Донишкада ва Низомнома ба роҳ монда мешавад. Шуъба дар фаъолияти худ Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорати маориф ва илм ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори донишкада ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад. Шуъба танҳо зери итоати бевоситаи ректор қарор дошта, ба он ҳисобдиҳанда маҳсуб ёфта, сардори он аъзои раёсат, ва аъзои комиссияҳои босалоҳият интихоб мешавад.

Самти асосии фаъолияти шуъбаи умумӣ ва назорат

Шуъба тамоми намудҳои коргӯзориро дар зерсохторҳои донишкада мутобиқи “Дастурамали намунавии коргӯзорӣ дар вазорату кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатӣ, муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-декабри соли 2008 №558 тасдиқ шудааст ба роҳ монда онро такмил медиҳад.