Wednesday, May 29, 2024

Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ

 Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ

Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ бо қарори Шӯрои олимони ДДСТДТ дар заминаи шуъбаи таълими Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2018 таъсис ёфтааст. То ин муддат раванди Низоми кредитии таҳсилот аз ҷониби шуъбаи таълим назорат бурда мешуд.

Дар ин бахш ду нафар – мудири бахш Муродалии Р. Қ., сармутахассиси бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ Фирӯзи Сафаралӣ кору фаъолият менамоянд.

Бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ дар низоми кредитии таҳсилот яке аз сохторҳои асосии донишкада ба шумор меравад. Айни ҳол фаъолияти бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ пурра автоматӣ кунонида шуда истодааст.

Автоматикунонии раванди таълим имкон медиҳад, ки омӯзгорон ва донишҷӯён доир ба фаъолияти худ, раванди таълим ва натиҷаҳои он тавассути технологияи иттилоотӣ маълумоти пурра гиранд.

Донишҷӯён ва омӯзгорон баъди гирифтани маълумот, натиҷаи фаъолияти худро таҳлил намуда, фаъолияти минбаъдаашонро мукаммал мегардонанд.

Автоматикунонии раванди таълим дар низоми кредитии таҳсилот дар баланд бардоштани сатҳи сифати тайёркунии мутахассисони оянда нақши калон мегузорад. Натиҷаи санҷишҳои фосилавӣ (рейтинги 1 ва 2) ва имтиҳонҳои ҷамъбастӣ аз тарафи бахши бақайдгирӣ ва машваратӣ ба раёсати факултетҳо ва донишкада ирсол карда мешавад.

Бахши бақайдгирӣ ва машваратии донишкада феълан дар раванди амалисозии нақши технологияи иттилоотии муосир ба ҷараёни таълим мавқеи муҳимеро дорост.