Мақсади таъсиси факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ қабули хонандагон ва шунавандагон барои дар оянда дохил шудан ба Донишкада, баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷавонону хонандагон ва наврасон аз рӯи малакаю истеъдод ва майлу рағбаташон, дар ниҳоди наврасон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, зиёд гардонидани шавқу рағбати хонандагон ба санъати тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба омӯзиши ёдгориҳои таърихӣ ва инкишоф додани беҳтарин анъанаҳои халқӣ, бедор кардани муҳаббат ба санъати тасвирӣ ва дизайн, асосҳои санъати тасвириро аз бар кардан, тайёр намудани рассомони касбӣ ба шумор меравад.
Факултет дар асоси Низомномаҳои шӯъбаи тайёрӣ ва Маркази бачагонаи рассомӣ дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон №3 аз 29 ноябри соли 2013 ташкил ёфтааст. Роҳбари аввалин он ҳамчун сардори шӯъбаи тайёрӣ муаллими калони кафедраи мусаввирии дастгоҳӣ ва ҳайкалтарошӣ Забиров Беҳрӯз буд. Ба факултет дар асоси Фармоиши №395 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2015 Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ АУ №0001798 дода шудааст.
Аз Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои муайянкунанда ва санҷиши раванди таълим дар соҳаи таҳсилоти иловагӣ аз рӯи № АУ №0001798 самти ихтисос чун замима ба иҷозатнома бо №2172 аз 20 феврали соли 2015 дода шуд. Курси тайёрӣ ва Маркази бачагонаи рассомӣ ба факултет дахл доранд. Аз 1 марти соли 2016 бо фармони №6 шӯъбаи тайёрӣ ба факултети тайёрӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд. Аввалин декани факултети тайёрӣ ва такмили ихтисос Забиров Беҳрӯз буд.
Бо фармони №26 аз 12 апрели соли 2016 дар асоси иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти силсилаи АУ №001318 аз 10 июни соли 2013 оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва бо мақсади ба роҳ мондани раванди таълим дар факултет ва курсҳои кӯтоҳмудати дӯзандагӣ омӯзгорон ба кор таъин шудаанд.
Имрӯз барои гузаронидани машғулиятҳо ҳама шароит муҳайё мебошад. Муҳлати таълим 3 моҳ буда, баъди хатми курсҳо сертификат дода мешавад. Ба Маркази бачагонаи рассомӣ хонандагон аз синфи 4 то синфи 10 қабул карда мешаванд ва онҳо метавонанд, ки машғулиятро бо хоҳиш ва шароиташон то якчанд сол давом диҳанд. Устодон аз дарси аввал сар карда, ба қобилияти ҳар як хонанда ва шунаванда диққат медиҳанд, бо ҳар кас алоҳида сару кор мегиранд, қобилияту истеъдоди онҳоро сайқал медиҳанд, аз болои корашон назорат мебаранд. Дар машғулиятҳо бо қалам ва ранг кор кардан, дарк кардани асл (натура), зебогии табиат, дар болои қоғаз тасвир намудани предметҳои шаклу андозаи гуногунро меомӯзанд. Дар корҳои хонагӣ бачаҳо аз дарсҳои гузашта истифода карда, фикрронӣ ва тасаввуроти худро васеъ мекунанд, фаъолона кор мекунанд. Барои шунавандагон дар ҷараёни таълим 3 маротиба натиҷаи омӯзишашон ба таври намоишӣ пешкаши омӯзгорон карда мешавад. Айни замон вазифаи декани факултетро Раҳмонов Ҷамолиддин Сайфиддинович бар уҳда дорад.
Раҳмонов Ҷамолиддин Сайфиддинович,
декани факултет
Раҳмонов Ҷамолиддин Сайфудинович 18 декабри соли 1989 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст. Соли 2018 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ дар соҳаи саноати кӯҳӣ хатм кардааст. Аз соли 2018 корманд ва аз соли 2019 дар вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети тайёри ва таҳсилоти фосилавӣ кор кардааст. Айни замон декани факултети мазкур аст.