Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ бо мақсади омода кардани довталабон барои идомаи таҳсил дар муассиса, инчунин, назорати раванди дарсҳои донишҷӯёни шуъбаи фосилавӣ амал мекунад.
Дар қисмати тайёрӣ фаъолияти курсҳои омодагӣ барои довталабон ба роҳ монда шудаанд. Дар курсҳои мазкур тибқи талаботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабон ба таълим фаро гирифта мешаванд ва дар тӯли соли хониш ба иштироккунандагон аз фанҳои таълимӣ дарсҳо омӯзонида мешавад. Дар ҷамъбасти сол довталабон аз фанҳои номбурда ба тариқи тестӣ имтиҳон супорида, сазовори сертификат мегарданд. Дар курсҳои номбурда омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандон дарс мегузаронанд. Бахш бо мақсади ҷалб намудани шунавандагон дар муассисаҳои таълимӣ корҳои ташвиқотиро ба роҳ монда, бо хатмкунандагон мунтазам суҳбатҳо барпо мекунанд. Барои ҷалби шунавандагон дар сомонаву саҳифаҳои расмии муассиса эълонҳо дода мешавад.
Ба зиммаи бахш, ҳамзамон, назорати рванди дарсҳои донишҷӯёни қисмати фосилавӣ низ гузошта шудааст. Ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муаззами кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати гузариш ба низоми фосилавии таълим ва иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №2258 аз 30.07.2017 оид ба амалишавии қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2017, №7/35 «Дар бораи тасдиқи Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармоиши ректори муассиса дар назди факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шуд.
Раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ мувофиқи Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2017, №7/35 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва рушди фаъолияти иттилоотии донишҷӯён дар низоми таҳсилоти фосилавӣ аз ҷониби кормандони бахш пайваста семинару омӯзишҳо гузаронида мешаванд.

Изатуллозода Манижа Изатулло
мудири Бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ
Манижаи Изатулло 9 январи соли 1995 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шудааст. Соли 2014 Коллеҷи рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ва соли 2022 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро бо ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ хатм намудааст. Аз соли 2021 дар вазифаи мутахассиси бахши тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ кор карда, айни азмон мудири бахши мазкур аст.
