Saturday, October 11, 2025

Сохтор

Факултети санъати тасвирӣ ҳанӯз аз соли аввали таъсисёбии Донишкада ба фаъолияти пурсамар оғоз намуда, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи рассомӣ бо кафедраи тобеъ тамоми чораҳоро андешида истодааст.

Дар факултет 4 кафедра: мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ; графика ва миниатюра ба номи Фаррух Хоҷаев; санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ ва санъатшиносӣ амал менамояд, ки аз рӯи онҳо 15 ихтисос ташкил карда шуда, донишҷӯён ба дарс фаро гирифта шудаанд.

Дар кафедра донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои манзаранависии дастгоҳӣ, санъати муҷассамавӣ – ороишӣ, манзаранависии театрӣ – ороишӣ, ҳайкалтарошӣ, графикаи дастгоҳӣ, ороиш ва расмҳои китоб, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология, санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Ҳунарҳои халқии бадеӣ, бофандагии бадеӣ, меделронии костюм, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб, сафоли бадеӣ, маҳсулоти бадеӣ аз металл (заргарӣ), санъатшиносӣ, кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (санъатшиносӣ ва музеология) таҳсил мекунанд. Факултет дорои 17 синфхона ва 7 устохона мебошад.

Холов Мизробшо Абдуҳамидович

декани факултет

Холов Мизробшо Абдуҳамидович 23 апрели соли 1959 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1979 Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимовро хатм намуда, соли 1986 таҳсилашро дар шуъбаи санъати монументалии Донишкадаи давлатии рассомии Маскав ба номи В. И. Суриков хатм кардааст. Ӯ иштирокчии намоишҳои ҷумҳуриявӣ, умумииттифоқӣ ва байналмилалӣ мебошад. Асарҳои ӯ дар коллексияҳои шахсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо, инчунин дар осорхонаҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Барои саҳми арзандааш дар рушди санъати тасвирии кишвар ӯ бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Каримов Муҳаммад Лалмуҳаммадович

муовини декан оид ба таълим

Каримов Муҳаммад Лалмуҳамадович 10 майи соли 1998 дар ноҳияи ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоли эколог хатм намудааст. Докторанти PhD- и кафедраи экологияи факултети биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси 6D060800 – экология мебошад ва дар мавзӯи «Мониторинги геоэкологӣ ва таъминоти бехатарии экологии манбаъҳои обӣ – гидроэнергетикии Тоҷикистони Ҷанубӣ» таҳқиқот бурда истодааст. Каримов Муҳаммад дар давоми фаъолияти корӣ зиёда аз 7 мақолаи илмӣ – методӣ рӯи чоп овардааст. Аз 1- сентябри соли 2022 ассистенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ аз 1- уми ноябри соли 2022 дар вазифаи муовини декан оид ба тарбия ва илми факултети санъати тасвирӣ фаъолият мекунад.

Сафарова Зарнигор Аламовна

муовини декан оид ба тарбия ва робитаҳои эҷодӣ

Сафарова Зарнигор Аламовна 19 декабри соли 1977 дар ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муаллими таърих хатм намудааст. Солҳои 2017-2020 ба ҳайси муовини декани факултети дизайн фаъолият дорад.