Friday, April 26, 2024

Кафедраи санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ

Мудири кафедра 

Каримова Ганҷина Бахтиёровна

Кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ аз соли таъсисёбии ДДСТДТ (2013) фаъолият менамояд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 16 нафар корманд дар кафедра кор ва фаъолият менамуданд, ки аз инҳо 7 нафар омӯзгори асосӣ, 3 нафар ҳамкори дохилӣ, 4 нафар ҳамкори беруна, 1 нафар мудири кобинет-лаборант, 1 нафар мудири устохонаи кандакорӣ ва 1 нафар мудири устохонаи наққошӣ буданд. Айни ҳол  кафедра дорои 13 нафар корманд мебошад, ки  аз инҳо 8 нафар омӯзгори асосӣ (Сафаров Аҳтам, Рақибов Маҳмадкарим, Ҳайдаров Абутолиб, Абдуллоев Баҳлулҷон, Ҳалимов Муҳаммадҷон, Парвини Ғафор. Сатторова Мавҷигул, Бойматова Муноҷот) 2 нафар  ҳамкори дохилӣ (Каримова Г, Файзов А.), 1 нафар ҳамкори беруна (Расулов Равшан),  1 нафар мудири устохонаи кандакорӣ  (Саидов Ф) ва 1 нафар мудири кабинет-лаборант (Сафолова М) мебошад. Агар соли таҳсили 2021-2022-ро муқоиса бо соли таҳсили 2022-2023 намоем он вақт кафедра аз 13 нафар омӯзгор дорои 1 нафар муаллими калон 1 нафар муаллим ва 11 нафар ассистент буд.  Дар соли таҳсили 2022-223 бошад,  кафедра дорои  4 нафар муаллими калон (Рақибов М, Абдуллоев Б, Ҳайдаров А, Бойматова М) 2 нафар муаллим (Каримова Г, Сафаров А) ва 5 нафар ассистент (Ҳалимов М, Парвини Ғ, Сатторова М, Файзов А, Расулов Р) ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

 

           Соатҳои  ба фанҳои тахассусӣ ҷудошуда  дар соли таҳсили 2022-2023 ҳамагӣ 10528  соатро ташкил мекунанд. Дар нимсолаи якум, ки  ҷамъи соатҳо 5014 соатро ташкил медиҳанд  аз инҳо 456 соат тариқи соатбайъ ҳисобида мешавад (таҷрибаомӯзии педагогӣ, магистратура 648). Дар нимсолаи дуюм 5514 соат тақсим шудааст, ки аз ин 1761 соат тариқи соатбайъ ҳисобида мешавад. ( таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, роҳбарии рисолаи хатм ва роҳбариии магистрон). Тақсимоти соатҳо аз моҳи сентябр ба сарбории омӯзгорон ворид карда шудааст. Аз рўи ин тақсимот ба ҳар як омўзгори асосӣ ва ҳамкор аз 0,5 то 1,5 воҳидӣ корӣ  рост меояд.

Фанҳои тахассусӣ

Мувофиқи нақшаи таълимӣ дар соли таҳсили 2022-2023 дар маҷмӯъ  10 фанни таълимӣ, қаламкашӣ, рангакашӣ, композитсия, кор дар устохона, иҷрои лоиҳа дар масолеҳ, масолеҳшиносӣ, нақши миллӣ, анатомияи пластикӣ, рангомезии ресмонҳо ва тарҳрезии бадеӣ дар ҳама ихтисосҳои марбутаи кафедра дарс дода мешаванд.