Saturday, December 21, 2024

Кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ

Дар донишкада се факултет -“Санъати тасвирӣ”, “Дизайн” ва “Тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ” ва як кафедраи умумидонишкадавӣ ташкил шудааст, ки онҳо дар асоси низомнома фаъолият мекунанд.
Факултет дорои кафедраҳои асосии  пешбарандаи донишкада ба монанди “Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ ва “Графика ва санъатшиносӣ” мебошад. Ҳайати кормандон ва омӯзгорони кафедраи “Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ” 31- нафарро ташкил медихад. Аз ин 20 нафараш омӯзгори асосии,

4 нафар  ҳамкорӣ дохилӣ , 5 нафар ҳамкори беруна мебошад.

Кафедра дорои 29-нафар омӯзгори фанҳои тахассусӣ мебошанд.

Айни ҳол дар кафедра 2 нафар профессор, 1 нафар и.в.профессор, 2 нафар. дотсент,  2 нафар и.в.дотсент, 4 нафар муаллими калон, 4 нафар муаллим, 14-нафар ассистент, 1-нафар мудири кабинет ва 2-нафар мудири устохона фаъолият мекунанд. Фаъолияти кафедра дар факултети  Санъати тасвирӣ хело хуб ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра омӯзгорони бо таҷриба ба монанди Сангов И, Холов М.А, Одинаев Б.Э, Нарзибеков Н.М, Миршакаров А.М,  ва омӯзгорони ҷавон ба монанди  Забиров Б.Ш, Рузибоев Р.А, Мардихудоева У.М,  Боронова С.Б,Рақибов Р.М,Боймуродов Б.Р фаъолият мекунанд.

Кафедра  мақсад дорад, ки ҷиҳати минбаъд беҳтар намудани кори таълиму тарбия кадрҳои унвондорро ба кор  ҷалб намояд.

Кафедра барои омода намудани мутахассисон бо ихтисосхои 1-15010101 Манзаранависии дастгоҳӣ, 1-150102, 1-15010103 Санъати муҷассамавӣ-ороишӣ,Ҳайкалтарошӣ,Натиҷаи тасвирӣ филм, бо додани тахассуси « рассом »,« ҳайкалтарош»  масъул мебошад.

Кафедраи Мусаввири ва ҳайкалӣарошӣ аз 21.12.2015 бо Қарори Шурои Олимон дар суратмаҷлиси №4 (аз 30-юми марти соли 2013 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедраи Мусаввирии дастгоҳӣ) ташкил карда шудааст.

Дар кафедра ихтисосҳои зерин, аз қабили Манзаранависии дастгоҳӣ, Санъати муҷасамавӣ-ороишӣ, Натиҷаи тасвири филм  ва  Ҳайкалтарошӣ фаъолият мекунад.

Соатҳои  ба фаннҳои тахассуси ҷудошуда  ҳамагӣ 14803  соатро ташкил медиҳад, ки барои соли тахсили 2018-2019  ба сарбории омўзгорон таќсим шудааст. таќсимоти соатхо аз мохи август ба сарбории омўзгорон ворид карда шудааст. Аз рўи ин таќсимот ба сари ҳар як омўзгори асосӣ 1,5 ва ҳамкор 0,75 соати дарсӣ таќсим карда шудааст.Кафедра  мақсад дорад, ки ҷиҳати минбаъд кори таълиму тарбияро хуб ба роҳ мондан ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи дизайн, кадрҳои унвондорро барои таълим додан ҷалб намояд. Дарсҳо ҳамаррӯза дар соатҳои муайяншуда гузаронида мешаванд. Иштироки донишҷӯён ба дарсҳо аз тарафи кураторон ба низом дароварда шудааст. Омӯзгороне, ки таҷрибаи баланд доранд, мактаби таҷрибаи устодони ҷавонанд. Сари ҳар моҳ омӯзгорони ботаҷриба дар дарсҳои омӯзгорони ҷавон даромада камбудиҳои онҳоро масъалагузорӣ мекунанд.