Saturday, October 11, 2025

Сохтор

Факултети дизайн аз моҳи марти соли 2013 ба фаъолият оғоз намудааст. Ҳадафи асосии факултет тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи дизайн вобаста ба талаботи имрӯзаи бозори меҳнат мебошад. Факултет аз оғози фаъолият дар раванди таълим, корҳои тарбиявӣ ва корҳои методию эҷодӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи таълим, тарбия, шуъбаи илм ва корҳои эҷодӣ ва дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқи фаъолият намуда истодааст. Ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони факултет дар пешрафти корҳои таълимию тарбиявӣ, методӣ, илмию эҷодӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландпоя дар соҳаи дизайн саҳми арзанда доранд. Дар давоми фаъолият донишҷӯёни факултет бо корҳои эҷодии худ дар намоишҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва хориҷи кишвар фаъолона ширкат меварзанд.

Факултет дар самтҳои дизайни кастюм ва газвор, дохили бино, меъмори манзаравӣ, дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ мутахассис омода месозад ва барои ин ҳамаи шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ду синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти навтарини дӯзандагӣ, як устохонаи тарғиботӣ бо лавозимоти техникӣ ва се синфхонаи барҳавои муҷаҳҳаз бо компютер. Дар маҷмӯъ синфхонаву устохонаҳои факултет бо тамоми таҳҷизоти лозимӣ таъмин буда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ба омӯзгорону донишҷӯён хизмат мерасонад. Барои таълиму тарбияи донишҷӯён ва иҷрои корҳои таълимӣ ва эҷодӣ дар факултет устодони ботаҷриба ва омӯзгорони ҷавон фаъолият доранд.

Дар зерсохтори факултети кафедраҳои тарҳрезии бадеӣ, дизайн ва меъморӣ ба номи Карим Наҷмиддинов ва технологияи иттилоотӣ ва иқтисод мавҷуд буда, донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои зерин таълиму тарбия гирифта, соҳиби касбу ҳунар мегарданд:

  1. 1 – 19010105 – Дизайн (костюм ва газвор),
  2. 1–1901010504 – Дизайни маҳсулоти бофандагӣ
  3. 1–26020103 – Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ
  4. 1–31030408 – WEB -дизайн ва графикаи компютерӣ
  5. 1–1901010202 – Дизайни дохили бино (интерйер)
  6. 1–69010106 – Меъмори манзаравӣ
  7. 1–19010103 –Дизайн (графикӣ)
  8. 1–1901010402 – Реклама (дизайни реклама)
  9. 1-1901010103 — Дизайни мебел

Муҳлати таҳсил дар факултети дизайн тибқи низоми кредитӣ (зинаи бакалавр) 4 сол буда, барои амалигардонии вазифаҳои тайёр намудани мутахассисони касбҳои пешқадам ва замонавӣ садорати факултет тамоми чораҳоро роҳандозӣ менамояд.

Сохтори садорати факултет аз декан, муовини декан оид ба таълим, муовини декан оид ба тарбия ва робитаҳои эҷодӣ ва танзимгар иборат аст.

Саидова Бибираҷаб Ҳайдаровна

декани факултет

Саидова Бибираҷаб Ҳайдаровна 28 августи соли 1971 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1999 Коллеҷи муҳандисӣ – омӯзгорӣ ва соли 2012 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро бо ихтисоси технолог- соҳибкор хатм намудааст. Муаллифи дастурҳои таълимӣ ва методӣ, инчунин як қатор мақолаҳои илмӣ мебошад. Дар мавзӯи «История трансформация традционная женская одежда в констекте этногендерние изменения Таджикистана (ХХ-ХХI в)» рисолаи илмӣ навишта, номзади илмҳои таърих аст.

Ҳасани Билолзоди Халилиён

муовини декан оид ба таълим

Ҳасани Билолзоди Халилиён 29 январи соли 1995 ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Соли 2019 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (зинаи бакалавр) ва соли 2021 зинаи магистратураи Донишгоҳи мазкурро бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2021 дар вазифаи муовини декан оид ба таълим дар факултети дизайн фаъолият мекунад.

Сафаров Ширинбек Рустамович

муовини декан оид ба тарбия ва робитаҳои эҷодӣ

 Сафаров Ширинбек Рустамович 8 октябри соли 1984 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 2006 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Аз соли 2017 мутахассиси шуъбаи техникӣ, мудири бахши симонишинон ва аз моҳи сентябри соли 2022 дар вазифаи мудири бахши методӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2025 муовини декан оид ба тарбия ва робитаҳои эҷодӣ дар факултети дизайн аст.