Кафедраи тарҳрезии бадеии либос бо қарори Шӯрои олимон 1-уми марти соли 2016 дар пойгоҳи кафедраи дизайн ва меъморӣ ташкил шудааст. Аз давраи ташкилёбӣ то ҳол роҳбарии кафедраро Сотникова Маргарита Исламбековна ба уҳда дорад.
Кафедра зерсохтори таълимии факултети дизайни Донишкада ба ҳисоб рафта, дар байни донишҷуён ва омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, тарбиявӣ ва методиро ба роҳ мемонад, ки он бо қарори Шӯрои олимони донишкада ташкил шудааст. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад, ки ӯ бо тариқи овоздиҳии пинҳони дар Шӯрои олимони донишкада ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешавад.
Кафедраи таҳрезии бадеии либос мувофиқи талаби замон дар ҳамаи факултетҳои донишкада барои ҳамаи тахассусҳо донишҷуёнро бо мақсади аз худ намудани донишҳои зарурӣ оид ба ихтисосҳои дизайни маҳсулоти бофандагӣ ва дизайни костюм ва газвор таълим медиҳад.
Айни замон дар кафедра таълим аз рӯи се ихтисос ба роҳ монда шудааст:
19010105 – дизайни костюм ва газвор;
1901010504 – дизайни маҳсулоти бофандагӣ
Кафедра дар гузаронидани як қатор намоишҳои сатҳи дохилидонишкадавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ муваффақ шуда, омӯгорон ва донишҷӯёни он бо мукофотҳо қадрдонӣ гардидаанд. Дар кафедра ба донишҷӯён омӯзгорони ботаҷриба ва мутахассисони ҷавон дарс медиҳанд. Он дорои синфхонаҳои тахассусӣ буда он бо мошинаҳои дазрдузӣ ва дигар асбобҳои барои ихтисосҳо лозима муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ба донишҷӯён дар ҳамон синфхонаҳо дарсхонда мешавад. Ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар баробари омода намудани лоиҳаҳо (акси либос ё маҳсулоти бофандагӣ) онҳоро низ бо кӯмаки устоди худ дӯзанд.
Таълими фанҳои тахассусӣ дар кафедра имкон медиҳад, ки донишҷӯён бо таърихи санъат, қоидаю усулҳои таҳияи тарҳрезии либосҳо, планшетҳои шакли гуногун, инчунин бо нозукиҳо дар либосҳо (тибқи супоришҳои фардӣ), тарҳрезӣ ва технологияи онҳо шинос мешавад.
Моҳе як маротиба дар синфхонаҳои тахассусии кафедра омӯзгорон ба донишчӯён дарси маҳорати касбӣ (мастер – класс) баргузор менамоянд, ки ин бо донишҷӯён имкон медиҳад боз ҳам маҳорати касбии хударо сайқал диҳанд. Пас аз ҳар як нимсолаи таҳсил дар сатҳи кафедра намоиши корҳои семестрӣ баргузор карда шуда, аз рӯи натиҷаи он ба малакаи касбии донишҷӯён баҳои воқеӣ гузошта мешавад. Бахусус ҷараёни ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ва корҳои ниҳоии хатмкунандагон басо дилангез сурат мегирад.
Синфхонаҳои кафедра дар асоси талаботҳои муосир таҷҳизонида шудааст. Хатмкунандагони кафедра метавонанд ба сифати рассом-тарроҳ, рассоми газвор ва конструкторҳои муассисаҳои дӯзандагӣ фаъолият намоянд.
Сотникова Маргарита Исламбековна
иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи тарҳрезии бадеии либос
Сотникова Маргарита Исламбековна 25 июни соли 1960 дар шаҳри Душанбе тавалллуд шудааст. Соли 1982 Институти бофандагии Ивоново ба номи Михаил Фрунзеи Федератсияи Россияро бо ихтисоси инженер – технолог хатм намудааст. Дастури таълимие бо номи “Истеҳсолоти дӯзандагӣ (технология)” (Душанбе, 2023) ба чоп расонидааст. Аз моҳи марти соли 2013 дар вазифаи мудири кафедраи тарҳрезии бадеии либос фаъолият дошта. Айни замон иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи мазкур аст.