Saturday, October 11, 2025

Кафедраи дизайн ва меъморӣ ба номи Карим Наҷмиддинов

Кафедраи дизайн ва меъморӣ бо қарори Шурои Олимон аз аз 21 декабри соли 2015, №4 ташкил карда шудааст. Аз давраи ташкилёбӣ то соли 2021 дотсент Наҷмиддинов Карим Ахмедович мудирии кафедраро ба уҳда дошт ва баъди фавташ кафедра ба номи ӯ гузошта шуд. Аз сентябри соли 2021 омӯзгор Суюнов Эркин Собирович ба сифати мудири кафедра фаъолият менамояд.

Кафедра ба факултети дизайн дохил буда, 6 ихтисосро дар бар мегирад:

  1. Ихтисоси 1-19010102-дизайни дохили бино;
  2. Ихтисоси 1–69010106 -меъморӣ манзаравӣ;
  3. Ихтисоси 1-19010103 – дизайни графика;
  4. Ихтисоси 1–1901010402 – дизайни реклама;
  5. Ихтисоси 1–190130103 – дизайни мебел;
  6. Ихтисоси 1–31.030408 – дизайни экспозитсия.

Ихтисоси 1-19010102-дизайни дохили бино бо тайёр кардани мутахассисони соҳаи дизайни дохили бино равона карда шудааст. Ба донишҷӯён аз фанҳои иҷрои лоиҳа дар масолеҳ, тарҳрезии бадеӣ, графикаи компютерӣ, қаламкашӣ, рангакашӣ ва композитсия устодони бо таҷриба дар соҳаи дизайн ва меъморӣ дарс меомӯзанд.

Ихтисоси 1–69010106-меъморӣ манзаравӣ бо тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи ороиши ландшафти биноҳои истиқоматӣ, боғҳои фарҳангию-фароғатӣ, ороиши минтақаҳо дар шароитӣ кӯҳӣ ва шаҳрҳо равона карда шудааст. Ба донишҷӯён аз фанҳои тарҳрезии меъморӣ, геодезия, графикаи меъморӣ, санъати боғсозӣ, конструксияи биноҳо, ичрои лоиҳа дар масолеҳ, графикаи компютери (Автокад, Архикад, 3D мах), қаламкашӣ, рангакашӣ ва композитсия дарс омӯзонда мешавад.

Ихтисоси 1-19010103-дизайни графика бо тайёр кардани мутахассисони дар соҳаи ороиш ва коркарди логотипҳо, тамғаҳои брендӣ, буклетҳо, тамғаҳои фирмавӣ, этикеткаҳо, упаковкаҳо, ороиши китобҳо, маҷалаҳо нигаронида шудааст. Ба донишҷӯён аз фанҳои графикаи компютерӣ (барномаҳои Автокад, Фотошоп, Корелдроф, Илюстратор), амсиласозӣ ва композитсия омӯзгорони тахассусӣ дарс меомӯзонанд.

Ихтисоси 1–1901010402 – дизайни реклама бо тайёр кардани мутахассисони дар соҳаи рекламаи ороиши шаҳр, билбордҳо, нақлиёт, телевизион ва радио ва монанди ин нигаронида шудааст.

Ихтисоси 1–190130103 – дизайни мебел бо тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи лоиҳакшӣ ва сохтани мебелҳои наву замонавӣ ва ороши дохили бино бо мебел равона гардидааст

Ихтисоси 1–31.030408 – WEB- дизайн экспозитсия ҷиҳати тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи ҷобаҷогузории таҷҳизотҳо дар дохили биноҳо ва корхонаҳои давлатӣ, боғчаҳои кӯдакона, ба ороиши ҷашнҳои сиёсӣ, фарҳангӣ фаъолият дорад.

Суюнов Эркин Собирович

мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ ба номи Карим Наҷмиддинов

Суюнов Эркин Собирович 21 октябри соли 1972 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Ленинобод таваллуд ёфтааст. Соли 1995 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимовро бо ихтисоси рассом-ороишгар ва соли 2002 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемурро бо ихтисоси олим–агроном хатм кардааст. Дар намоишҳои зиёди ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намудааст. Ғолиби озмуни расми Ҳайдар Алиев дар Сафорати Озарбойҷон, Рассоми беҳтарин дар Ҷумҳурии Украина (2020), Ғолиби озмуни рассомони давлатҳои иштирокчии Ташкилоти ҳамкории Шанхай (2022). Аз сентябри соли 2015 ба ҳайси муаллим ва аз соли 2021 ба сифати мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ фаъолият менамояд.