Thursday, October 30, 2025

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ соли 2022 бо қарори Шӯрои олимон дар пойгоҳи шуъбаи тарбия ташкил шудааст. Самтҳои фаъолияти шуъба аз инҳо иборатанд:

  • ташкил намудани гуфтушунидҳо бо шарикони рушд, таҳия намудани шартномаҳо, созишномаҳо ва барномаҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии иҷроиши онҳо;
  • сари вақт таъмин намудани тамдиди раводидҳо ва назорати воридшавии шаҳрвандони хориҷие, ки ба муассиса барои таҳсил, коромӯзӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ, амалӣ ва эҷодӣ чорабиниҳои фарҳангӣ меоянд;
  • баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷии даъватшуда ва бақайдгирифташуда, ки ба донишкада ташриф овардаанд;
  • баррасии санадҳои муҳассилини хориҷӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тамдид ё таҳияи раводиди таҳсилӣ ва ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ;
  • ташкили базаи иттилоотӣ барои донишҷӯён, аспирантҳо, устодон ва кормандони аз ҷониби донишкада ба хориҷа сафаркунанда;
  • расонидани ёрии иттилоотӣ ва машваратӣ барои масъалаҳои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати пешниҳод дар иштироки барномаҳои таҳсилии байналмилалӣ аз тарафи устодон ва донишҷӯён;
  • ҳамоҳангсозӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва амалӣ сохтани лоиҳаҳои ҳамкориҳои байналмилалии донишкада, факултетҳо ва кафедраҳо бо шарикони хориҷӣ ва ташкил кардани гуфтушунидҳо;
  • расонидани кумак барои таҳияи ҳуҷҷатҳои донишҷӯён, аспирантҳо ва устодону кормандони донишкада ҷиҳати гирифтани раводид бо мақсади сафар ба хориҷи кишвар.

Умарова Зумрад Қобиловна

сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

Умарова Зумрад Қобиловна 5 декабри соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1994 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси меъмори биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ хатм намудааст. Раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарон а сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ аст.