Хобгоҳи Донишкада дар кӯчаи Фирдавсӣ 28 ҷойгир буда, айни замон беш аз 200 нафар донишҷӯён истиқомат менамоянд, ки духтарон ва писарон мебошанд. Қисми таркибии ҷараёни кори тарбиявии Донишкадаро кор бо донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои гуногун ва дурдасти ҷумҳурӣ буда, дар хобгоҳ зиндагӣ мекунанд, ташкил менамояд.
Дар хобгоҳҳо шароити беҳтарин барои фароғати донишҷӯён муҳайё карда шудааст: хонаҳои барҳаво, ошхона, хона барои хизмати маишӣ ва истироҳати донишҷӯён, китобхона.
Ҷанбаи муҳими кори донишҷӯён дар хобгоҳ дар давраи имрӯзаи рушд истифода аз шаклҳои гуногуни демократияи донишҷӯӣ ва худидораи онҳо мебошад. Дар хобгоҳ шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ интихоб карда мешавад, ки бо мувофиқат ва мусоидати маъмурият масъалаҳои иҷтимоӣ ва шароити зиндагӣ дар хобгоҳро баррасӣ ва ҳал менамоянд. Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти шӯрои мазкур ҳимояи манфиатҳои донишҷӯёни маскуни хобгоҳ ва роҳандозии барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар хобгоҳ мебошад. Айни ҳол дар Донишшкада раисии Шӯрои хобгоҳро донишшҷӯ Исрофилзода Беҳрӯз Ҷурабек ба уҳда дорад.
Ҳар донишҷӯи сокини хобгоҳ ҳуқуқи интихоби ҳайати идораи хобгоҳ ё интихоб шудан ба онро дорад. Барномаҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён гузаронида ва онҳо ба корҳои ободонии хобгоҳ ҷалб карда мешаванд. Таваҷҷуҳи асосӣ ба таъмини амнияти донишҷӯён равона шудааст. Ба хотири амнияти бештари донишҷӯёни сокини хобгоҳ аз тарафи муҳофизони Донишкада низоми гузарномавӣ ҷорӣ карда шудааст.
Барои риояи қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ва дар ҳолати рух додани вазъи фавқулодда дар хобгоҳ бо истиқоматкунандагон ва кормандони масъули он мунтазам машғулиятҳо доир мегарданд.
Маъмурияти Донишкада барои ҳалли саривақтии мушкилоти хобгоҳи донишҷӯён тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳанд ва барои ба вуҷуд овардани шароити зисти беҳтари онҳо мусоидат менамояд ва шароити хуби истироҳату фароғати онҳоро фароҳам меорад, зеро муҳити орому осудаи зист ба хондану фаъолияти донишшҷӯён ва билохира ташаккули шахсияти онҳо таъсири мусбат дорад.
Дар назди хобгоҳ майдончаи варзишӣ ва филали китобхонаи Донишкада амал мекунад. Ҷойҳои холӣ дар хобгоҳ ба шахсони зерин тақсим карда мешаванд:
- ятимони кулл, маъюбон ва фарзандони оилаҳои камбизоат;
- донишҷӯён-ғолибони озмунҳои чумҳуриявӣ, гирандагони квотаи президентӣ, гирандагони стипендияи президентӣ;
- донишҷӯёне, ки аз ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ дар донишкада таҳсил менамоянд;
- шаҳрвандони хориҷие, ки дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд.
Ситамов Парвиз Сикандарович
коменданти хобгоҳ
Ситамов Парвиз Сикандарович 3 марти соли 1985 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 2013 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро бо ихтисоси менеҷер хатм намудааст. Аз 15 августи соли 2017 ба ҳайси коменданти хобгоҳ фаъолият дорад.