Saturday, December 21, 2024

Шуъбаи тарбия

Эсанов Муҳаммадшариф Давлатович

Сардори шуъбаи тарбия

Email: Muhammad_0703@mail.ru

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон корҳои таблиғотию тарбиявӣ ва фарҳангию фароғатӣ, ки дар ташаккули ҳамаҷониба ва эҷодии мутахассисону рассомон нақши муҳим доранд, бомуваффақият гузаронида мешаванд. Шуъбаи тарбия ва робитаҳои байналмилалӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оинномаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон», Қоидаҳои тартиботи дохилии донишкада, қарорҳои Шӯрои олимон, фармонҳои ректори донишкада амал мекунад.

Инчунин яке аз самтҳои асосии корҳои тарбиявӣ дар донишкада ба донишҷӯён тавзеҳ додан, фаҳмонидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошад. Ба хотири беҳтар шудани дониши ҳуқуқӣ ва фарҳангию сиёсии донишҷӯён мунтазам вохӯриҳои донишҷӯён бо намояндагони вазорату идораҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолони сиёсиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд. Ташаккули шахсияти мутахассисони оянда тавассути ташкили тадбирҳои дорои хусусияти ватандӯстӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, зебоидӯстӣ ва маърифатнокӣ роҳандозӣ ва таъмин гардонида мешавад. Аз ин рӯ, ташкили чунин чорабиниҳо ва иқдомот бо иштироки фаъоли донишҷӯён муҳим шуморида мешавад:

  • фаъолияти босамари ташкилотҳои донишҷӯён;
  • баргузории нишастҳо ва мизи мудаввар;
  • ташкил ва баргузории чорабиниҳо вобаста ба санаҳои муҳими таърихӣ;
  • ташкили иштирок ва дидори донишҷӯён аз намоиши театрҳо, барномаҳои консертӣ ва намоишгоҳҳо;
  • баргузории конфронсҳои илмӣ-амалӣ, намоиши корҳои эҷодӣ ва ғайраро дар назар дорад.

Донишҷӯёни донишкада дар чорабиниҳо, барномаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ иштироки фаъолона  менамоянд.

Дар сохтори донишкада Шӯрои донишҷӯён амал мекунанд, ки дар сафҳои худ донишҷӯёни фаъол ва эҷодкорро муттаҳид кардааст. Фаъолияти ташкилоти ҷавонони донишкада ба ҷалби васеи донишҷӯён ба корҳои оммавӣ — фарҳангӣ ҳамчун воситаи муҳими тарбияи эстетикии онҳо равона гардидааст. Иттифоқи ҷавонон ва иттифоқи касабаи донишҷӯён барои ҳамоҳангсозӣ  ва амалӣ кардани чорабинӣ ва тадбирҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён ва устодон дар таъмини иҷтимоии онҳо, ташкили шароити таҳсилу кор ва истироҳат, фаъолият менамоянд.

Фаъолияти байналмилалии ДДСТДТ аз номгӯйи чорабиниҳои зерин иборат мебошанд:

  • ташкил намудани гуфтушунидҳо, таҳия намудани шартномаҳо, созишномаҳо ва барномаҳо оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, назорат ва ҳамоҳангсозии иҷроиши онҳо;
  • сари вақт таъмин намудани тамдиди раводидҳо ва назорати воридшавии шаҳрвандони хориҷие, ки ба ДДСТДТ барои таҳсил, коромӯзӣ, гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалии илмӣ, амалӣ ва эҷодӣ чорабиниҳои фарҳангӣ тадбирҳои судманд меандешад.
  • баҳисобгирии шаҳрвандони хориҷии даъватшуда ва бақайдгирифташуда, ки ба донишкада ташриф овардаанд;
  • баррасии санадҳои муҳассилини хориҷӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тамдид ё таҳияи раводиди таҳсилӣ ва ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бақайдгирӣ;
  • ташкили базаи иттилоотӣ барои донишҷӯён, аспирантҳо, устодон ва кормандони аз ҷониби донишкада ба хориҷа сафаркунанда;
  • расонидани ёрии иттилоотӣ ва машваратӣ барои масъалаҳои таҳияи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати пешниҳод дар иштироки барномаҳои таҳсилии байналмилалӣ аз тарафи устодон ва донишҷӯён;
  • ҳамоҳангсозӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва амалӣ сохтани лоиҳаҳои ҳамкориҳои байналмилалии донишкада, факултетҳо ва кафедраҳо бо шарикони хориҷӣ ва ташкил кардани гуфтушунидҳо;
  • расонидани кумак барои таҳияи ҳуҷҷатҳои донишҷӯён, аспирантҳо ва устодону кормандони донишкада ҷиҳати гирифтани раводид бо мақсади сафар ба хориҷи кишвар;