Бахши кор бо ҷавонон яке аз воҳидҳои таркибии сохтори муассиса маҳсуб меёбад, ки ҷиҳати татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”, “Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбия”, ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, инчунин дар асоси талаботи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Донишкада фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаҳои кории худро барои ҳар як давраи соли таҳсил таҳия менамояд.
Бахш, пеш аз ҳама, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, хештаншиносӣ, дар равияи ватандўстӣ ва ватанпарастӣ, тарбия намудани насли наврас ва донишҷўёну олимони ҷавони коллеҷ бо мақсади баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ, ташаккул ва рушд додани санъат ва фарҳангдӯстии ҷавонон, таъмини ширкати фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву рукнҳои давлатдории навин, баланд бардоштани нерўи зеҳнии онҳо, дастгирию ҳавасмандсозӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи наслҳои ояндасоз фаъолияти кории худро торафт бештар густариш дода, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷавонон, тақвияти ҷиҳатҳои фарҳангию фароғатӣ, илмию варзишӣ, рушди ҳамкорӣ, мустаҳкам гардонидани дустӣ, ягонагии ҷавонон, донишҷӯён ва олимони ҷавон, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо, тарбияи донишҷўён дар руҳияи эҳтироми миллӣ, хат, забон, урфу одат ва амалӣ гардонидани иқтидори эҷодии донишҷўёну кормандон ва олимони ҷавони коллеҷ, ҷалби онҳо ба идора ва роҳбарии ташкилотҳою иттиҳодияҳои ҷавонон ва дигар самтҳо, ки дар шахсияти ҷавонон ҳиссаи арзанда мегузорад, доимо дар пайи ҷустуҷўи навгониҳои асри нав буда фаъолияти ҳадафраси худро идома дода истодааст.
Бахши кор бо ҷавонон тибқи нақшаи корӣ амалӣ намуда вобаста ба ҳар як банди нишондодашудаи он ҳар моҳ ҷаласаи Шӯрои донишҷӯёнро мегузаронад. Сохтори бахш аз Шӯрои донишҷӯён ва дигар созмонҳои ҷамъиятии амалкунандаи факултетҳо иборат мебошад.
Принсипҳои кории бахши кор бо ҷавонон:
- худихтиёрӣ ва дарки масъулият;
- ошкорбаёнӣ дар фаъолият;
- бетараф набудан;
- анҷоми кори беминнат ва босифат;
- тақвияти инсондӯстӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ;
- рушди истеъдодҳои шахсӣ;
- дасгирии маънавии донишҷӯён;
- барои дигарон намунаи ибрат будан;
- аз даст надодани зиракии сиёсӣ.
Самтҳои асосии фаъолияти бахш:
- иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ.
- шуғлнокии ҷавонон;
- таъмини тарзи ҳаёти солим;
- таҳсилоти муносиб барои ҷавонон;
- таъминоти иҷтимоии ҷавонон;
- таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонон;
- тарбияи ватандӯстии ҷавонон;
- ахлоқи ҳамида ва фаҳангдӯстии ҷавонон;
- ҷанбаҳои илмию амалӣ ва методӣ мёни ҷавонон.
Саидов Наврӯз Ҷумаевич
мудири Бахши кор бо ҷавонон
Саидов Наврӯз Ҷумъаевич 9 феврали соли 1995 дар ноҳияи ба номи Шамсуддин Шоҳин таваллуд шудааст. Соли 2018 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва соли 2022 зинаи магистратураи ҳамин Донишкадаро бо ихтисоси манзаранависии дастгоҳӣ хатм кардааст. Аз соли 2018 ассистенти кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ буда, ҳамзамон, мудирии бахши ҷавононро ба уҳда дорад. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва ду дастури методӣ аст: “Расмкаширо меомӯзем”, (Душанбе, 2021. 58 саҳ.,) ва “Хусусият ва маводи таркиби рассомӣ” (Душанбе, 2022. 72 саҳ.).