Tuesday, March 19, 2024

 БАХШИ МАГИСТРАТУРА, АСПИРАНТУРА ВА ДОКТОРАНТУРА

 БАХШИ МАГИСТРАТУРА, АСПИРАНТУРА ВА ДОКТОРАНТУРА

Бахши магистратура, аспирантура ва докторантура ҳамчун ҷузъи сохтори таркибии Донишкада, дар заминаи шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия баҳри батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозии корҳоро вобаста ба татбиқи барномаҳои магистрӣ дар тамоми самтҳои тайёр кардани магистрантону докторантон, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), таъмини рақобатпазирии дохилӣ ва байналмилалӣ ва таъмини фаъолияти илмӣ-тадқиқотии магистрантон таъсис ёфтааст.

Бахш дар асоси Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи  пешбурди фаъолияти таълимӣ №0001318 аз 10.07.2013 №1770 фаъолияти худро аз моҳи сентябри соли 2017, баъд аз имзо гардидани фармоиши ректор аз 30.08.2017 таҳти №13  оғоз намуд.

Бахши мазкур дар асоси мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи донишкада ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардида, тартиби фаъолияти магистратура, аспирантура ва докторантураи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро ба роҳбари гирифта амал намудаистодааст.

Бахш дорои вазифаҳои зерин мебошад: муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотии магистрантон, аспирантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантҳои PHD, ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотие, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ (кашф) ва амалӣ, таҳияи лоиҳаи шартномаҳо оид ба корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ, эҷодӣ ва техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ, таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ, эҷодию таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим, назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотии магистрантон, аспирантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантҳои PHD дар қисмати корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотӣ, ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмию эҷодӣ, назорати фаъолияти иҷрои рисолаҳои хатми магистрантон, аспирантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантҳои PHD, корҳои (лоиҳаҳои) пербаришаванда, танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмию эҷодӣ, дар якҷоягӣ бо маъмурияти донишкада мусоидат намудан ба таъсиси заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмию эҷодӣ аз тарафи магистрантон, аспирантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантҳои PHD, доир ба мавзӯҳои интихобкардаашон ва ба роҳ мондани намудҳои дигари фаъолияти илмӣ, эҷодӣ.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ибтидои соли хониши 2022-2023 дар бахши мазкур 60- нафар магистрантон аз ҷумла 44-нафар дар курси якум ва 16 –нафар  таҳсил менамоянд. Аз шумораи мазкур 48-нафар духтарон ва 12-нафари дигарро писарон ташкил медиҳанд. Аз рӯи шакли таҳсил бошад 51-нафар шартномавӣ ва 9-нафар тариқи буҷавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудабуданд.

Дар Донишкада шароити муносиби моддӣ – техникӣ, таълимӣ – методӣ ва кадрӣ барои қабул ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос  тибқи иҷозатнома аз рӯи 12 ихтисос бо теъдоди 150 нафар фароҳам оварда шудааст. Айни ҳол дар шуъбаи магистратура дар 11 гурӯҳи академӣ  аз рӯи 8 ихтисос 55 магистрант таҳсил менамоянд.

Тибқи нақшаи қабул дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар соли таҳсили 2022-2023  45 нафар магистрант, аз  ҷумла ба ихтисоси 1-1901010202- Дизайни дохили бино 11-нафар, -19010105- Дизайн (костюм ва газвор) 4-нафар, 1-31030408- WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ 11-нафар, 1-150101-Манзаранависӣ 8-нафар, ихтисоси 1-21040203- Санъатшиносӣ 5-нафар ва ба ихтисоси 1-150201- Санъати ороишӣ-амалӣ 6-нафар дар соли таҳсили 2022-2023 қабул шуданд. Дар доираи қабули магистрантон ва докторантон комиссия бо фармоиши ректори донишгоҳ (№ 66 аз 26.08.2022) таъсис дода шуда буд.

Дар самти қабул ба докторантура , ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, Донишкада қабули 6-нафар докторантро аз рӯи ихтисос (PhD) дар ихтисоси санъатшиносӣ ба нақша гирифтааст.

Барои ташкили раванди таълим дар бахши магистратура синфхонаҳо, устохонаҳои фаннӣ, лавозимоти техникӣ, гӯшаҳои эълону ва ҷадвали дарсӣ мавҷуд мебошад.

Дар Бахш  машғулиятҳо аз рӯи 63 фанни  таълимӣ дар курсҳои 1- ум ва 2-юм гузаронида мешавад.

Барои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва таҷрибавӣ –омӯзгорони баландихтисоси унвондор аз ҷумла ҳайати профессорон, арбобони ҳунар, номзадҳои илм ва дотсентон  на фақат аз кафедраҳои  худи Донишкада, балки аз дигар муассисаҳои шинохтаи таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ ҷалб карда шудаанд.

Ҷиҳати иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотии дар нақшаи инфиродӣ ба нақша гирифташуда магистрантон мунтазам мақолаҳои худро дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ нашр намудаистодаанд. Дар заминаи мазкур қайд намудан ба мавридаст, ки дар давраи фаъолияти бахш зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои тақризшаванда ва маводҳои конференсияҳои муассисаҳои мухталиф чоп гардидааст. Масалан, дар конференсияи моҳи ноябрии донишкада таҳти унвони «Макони илму ҳунар»  бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 12-нафар магистрантон фаъолона иштирок намуда, маводҳо ва мақолаҳои худро барои чоп пешниҳод намудаанд.

Дар  давоми фаъолият аз соли 2017 то соли 2022  71 нафар магистрантон Донишкадаро аз рӯйи ихтисосҳои амалкунандаи бахш  бо мувафаққият хатм намудаанд. Аз шумораи мазкур 44 нафар духтарон ва 37 нафарро писарон ташкил медиҳанд.    Лозим ба ёдоварист, ки дар соли аз соли 2017 то инҷониб 10-нафар магистрантон Донишкадаро бо дипломи аъло хатм намуда соҳиби дараҷаи илмии магистрӣ ва бо дипломи сурх сарфароз гардонида шудаанд.

Соли хониши 2018-2019 аввалин маротиба 23-нафар магистрантон аз ҷумла 4-нафар бо дипломи аъло донишкадаро хатм намуда, соҳиби дараҷаи илмии магистр гардиданд.

Имрӯз хатмкардагони бахш дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, илмӣ ва корхонаю ташкилотҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ва берун аз он кор ва фаъолият карда истодаанд.

Бахши  магистратура ва аспирантура аз соли хониши 2017-2018 фаъолият намуда, тибқи фармоиши ректори Донишкада аз 01.08.2022 №60  ба бахши магистратура, аспирантура ва докторантура табдили ном карда шуд.

Аз  1-уми  сентябри соли 2017 то январи 2018 Қосимов Ҷамшед Шарифович, аз январи соли 2018 то ноябри соли 2021 Исупова Рузафзун Айнуллоевна мудирияти бахши мазкурро ба уҳда доштанд. Аз ноябри соли 2022 то ин ҷониб мидири бахши магистратура, аспирантура ва докторантура Ҳаитов Фирӯз Мирзомуродович ба зима дорад.

Барои ба даст овардани чунин натиҷаҳои назаррас аз ҷониби Бахш корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, ба монанди гузаронидани машварат ва вохӯриҳо бо хатмкунандагони факултетҳо, аз чоп баровардан ва паҳн намудани варақаҳои хусусияти ташвиқотиву тарғиботидошта, эълонҳои мунтазам дар матбуот, радио ва телевизион ба роҳ монда мешавад.

Роҳбарияти Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон доир ба такмил ва  татбиқи барномаҳои  магистрӣ ҳамчун механизми муҳимтарини  таҳкими иқтидори зеҳнии Донишкада, ҳалли мушкилоти азнавсозии  мазмуну мундариҷаи таҳсилот ва тайёр кардани кадрҳои  илмӣ, ва илмӣ-педагогии ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир,  инчунин ба даст овардани мавқеи рақобатпазир дар бозори ватанию хориҷии хизматрасониҳои таълимӣ корҳои зиёдеро ба анчом расонида истодааст.

Ҷои қайд аст, ки таҳсил дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантура PhD, донишкада тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ ба роҳ монда шудааст. Саҳми бахши магистратура, аспирантура ва докторантура PhD дар тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон сол то сол меафзояд.