Saturday, October 11, 2025

Кафедраи санъатшиносӣ

Кафедраи санъатшиносӣ бо қарори Шӯрои олимон 1 июли соли 2019 дар пойгоҳи кафедраи графика ва санъатшиносӣ ташкил шудааст. Кафедра аз рӯи 3 ихтисос донишҷӯёнро омода мекунад:

1. Санъатшиносӣ. Соҳаҳои асосии фаъолияти касбии санъатшинос чунинанд: таълимӣ (кор дар муассисаҳои таълимии миёна ва миёнаи махсус, гиманазия ва литсейҳо, муассисаҳои таълимии олӣ); илмӣ-таҳқиқотӣ (кор дар осорхонаҳо, пажӯҳишгоҳҳо, китобхонаҳо, бойгониҳо); маданӣ-маърифатӣ (кор дар ташкилотҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ); экспертӣ-таҳлилӣ (кор дар галереяҳои бадеӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ); ташкилӣ-идоракунӣ (кор дар мақомоти идоракуниии давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ). Намудҳои асосии фаъолияти касбии мутахассиси санъатшинос бо корҳои зерин алоқаманданд: ходими илмӣ, омӯзгор, мушовир, эксперт, корманди осорхона, китобхона, бойгонӣ.

2. Кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (Санъатшиносӣ ва музеология). Соҳаҳои асосии фаъолияти касбии мутахассиси осорхонашинос чунинанд: мероси фарҳангӣ ва табиӣ, таъмини нигаҳдорӣ ва мубрамии онҳо; пайдоиш, рушд ва фаъолияти осорхонаҳо; шаклҳо ва васоити муоширати осорхонавӣ; фаъолияти ташкилӣ-методӣ ва идоравӣ дар соҳаи сайёҳӣ.

3. Фарҳангшиносӣ (фундаменталӣ). Соҳаҳои фаъолияти касбии мутахассиси фарҳангшинос чунинанд: ташкилотҳои академӣ ва илмӣ-таҳқиқотии марбут ба соҳаи фарҳанг; марказҳои соҳавии ташхисӣ ва таҳлилӣ; ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба соҳаи сиёсати фарҳангӣ, нигаҳдории мероси фарҳангӣ ва табиӣ нигаронида шудааст; муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи махсус ва олӣ; осорхонаҳо, нигористонҳо, васоити ахбори омма, нашриётҳо, китобхонаҳо; мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ.

Ёғибекова Бика Турдибековна

мудири кафедраи санъатшиносӣ

номзади илмҳои таърих

Ёғибекова Бика Турдибековна 9 майи соли 1973 дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ таваллуд ёфтааст. Соли 1998 Донишкадаи санъати ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси библиограф хатм кардааст. Соли 2021 бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2022 бо унвони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст. Муаллифи дастурҳои методии “Саволномаҳои тестӣ аз фанни таърихи санъати умумиҷаҳонӣ ” (Душанбе. 2019, 100 саҳ.) ва “Ворисони Беҳзод” (Душанбе, 2022, 105 саҳ.) ва бештар аз 20 мақолаҳои илмию оммавӣ мебошапд.