Бахши магистратура, аспирантура ва докторантура ҳамчун ҷузъи сохтори таркибии Донишкада, дар заминаи шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия баҳри батанзимдарорӣ ва ҳамоҳангсозии корҳоро вобаста ба татбиқи барномаҳои магистрӣ дар тамоми самтҳои тайёр кардани магистрантону докторантон, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD), таъмини рақобатпазирии дохилӣ ва байналмилалӣ ва таъмини фаъолияти илмӣ-тадқиқотии магистрантон таъсис ёфтааст.
Бахш дар асоси Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ №0001318 аз 10.07.2013 №1770 фаъолияти худро аз моҳи сентябри соли 2017, баъд аз имзо гардидани фармоиши ректор аз 30.08.2017 таҳти №13 оғоз намуд.
Бахши мазкур дар асоси мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи донишкада ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм таҳия гардида, тартиби фаъолияти магистратура, аспирантура ва докторантураи муассисаро ба роҳбари гирифта амал намудаистодааст.
Бахш дорои вазифаҳои зерин мебошад: муайян намудани самтҳои асосӣ ва афзалиятноки корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотии магистрантон, аспирантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантҳои PHD, ҳамоҳанг сохтани корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотие, ки дар кафедраҳо бо мақсади иҷрои корҳои мукаммали бунёдӣ, иктишофӣ (кашф) ва амалӣ, таҳияи лоиҳаи шартномаҳо оид ба корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотӣ ва шартномаҳо оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ, эҷодӣ ва техникӣ бо муассиса ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ, таъмини сатҳи зарурии илмӣ-техникии корҳои илмӣ, эҷодию таҳқиқотӣ ва самаранокии онҳо, татбиқи онҳо дар истеҳсолот ва раванди таълим, назорати иҷрои нақшаҳои корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотии магистрантон, аспирантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантҳои PHD дар қисмати корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотӣ, ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмию эҷодӣ, назорати фаъолияти иҷрои рисолаҳои хатми магистрантон, аспирантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантҳои PHD, корҳои (лоиҳаҳои) пербаришаванда, танзим ва пешниҳод намудани мавод оид ба ҳавасмандкунии ҳайати устодону омӯзгорон ва таълимгирандагон барои бомуваффақият анҷом додани корҳои илмӣ, эҷодӣ ва таҳқиқотӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар кори конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмию эҷодӣ, дар якҷоягӣ бо маъмурияти донишкада мусоидат намудан ба таъсиси заминаи муосири илмӣ ва озмоишӣ барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмию эҷодӣ аз тарафи магистрантон, аспирантон, докторантҳо аз рӯи ихтисос, докторантҳои PHD, доир ба мавзӯҳои интихобкардаашон ва ба роҳ мондани намудҳои дигари фаъолияти илмӣ, эҷодӣ.

Ҳаитов Фирӯз Мирзомуродович
мудири Бахши магистратура, аспирантура ва докторантура
Тел: 2275863
Ҳаитов Фирӯз Мирзомуродович 27 октябри соли 1995 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Соли 2017 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси сиёсатшинос-менеҷер хатм карда, аз соли 2017 дар вазифаҳои ассистенти кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, муовини декан оид ба таълим дар факултети дизайн ва мудири бахши магистратура, аспирантура ва докторантура (PhD) кор кардааст. Ӯ аз соли 2020 унвонҷӯйи кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмиллалии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз моҳи апрели соли 2022 муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн» ва вакили Маҷлисив акилони халқи ноҳияи шоҳмансур аст.
