Wednesday, December 11, 2024

Ректор

Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, 25 июли соли 1965 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Кўлоб, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1972 ба мактаби №36 ноҳияи Кўлоб қадам монда, соли 1980 баъд аз хатми синфи 8-уми ин мактаб ба Омўзишгоҳи Ҷумҳуриявии рассомии шаҳри Душанбе дохил шуда, соли 1984 онро бо ихтисоси рассом-усто хатм намудааст.

Аз соли 1984 то соли 1986 дар сафи қувваҳои мусаллаҳ дар шаҳри Ленинград хизмат кардааст. Баъди адои хизмат аз моҳи феврал то моҳи июни соли 1987 дар Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти калони кафедраи ҳарбӣ кор карда, аз моҳи августи соли 1987 то моҳи сентябри соли 1995 дар хазинаи ба-деии Тоҷикистон ҳамчун рассом кор кардааст.

Соли 1989 ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1990 бинобар сабаби ба Донишкадаи технологии Тоҷикистон дохил шуданаш, ба шуъбаи ғоибонаи ин донишкада гузариш намудааст. Донишгоҳи технологии Тоҷистонро соли 1995 бо ихтисоси «Лоиҳакашии бадеии маснуоти саноати сабук» ва соли 2000 Донишгоҳи техникии Тоҷики-стонро бо ихтисоси муҳандис – иқтисодчӣ, тариқи ғоибона хатм намудааст.

Аз соли 1995 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва баъдан аз соли 1997 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М.С.Осимӣ фаъолияти омўзгорӣ намуда, соли 1998 ба аспирантураи рўзона дар назди кафедраи «Меъморӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М.С.Осимӣ дохил шуда, онро соли 2001 хатм намуда, инчунин дар ин ҳангом дар кафедраи «Меъморӣ» ба ҳайси ассистенти кафедра, ҳамчун ҳамкор фаъолият намудаст. Баъди хатми аспирантураи рўзона аз моҳи феврали 2001 то моҳи октябри соли ҳамин сол дар кафедраи «Текстил, либос ва дизайн»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси ассистент фаъолият намудааст.

Аз моҳи октябри соли 2001 то моҳи октябри соли 2003 ба ҳайси сардори идораи хоҷагию маъмурии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акдемик М.С.Осимӣ ва аз моҳи ноябри соли 2003 то моҳи апрели соли 2004 мудири шуъбаи таълим ва тарбия дар Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон кор кардааст.

Моҳи июни соли 2003 дар Донишкадаи меъмории шаҳри Москва (Академияи давлатӣ) Федератсияи Русия рисолаи номзадиро ҳимоя карда, унвони илмии «Номзади илмҳои меъморӣ»-ро соҳиб гаштааст.

Аз моҳи майи соли 2004 то моҳи январи соли 2008, сармутахассиси шуъбаи таъминоти моддию техникӣ ва хизматрасонии хоҷагии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январи 2008 муовини мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Мушовири давлатии дараҷаи 3 мебошад. Аз 15 июни соли 2013 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, № 265 ба вазифаи ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таъин гашта, то имрўз кор ва фаъолият карда истодааст.

Аз соли 1999 аъзои Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор ва соҳиби чор фарзанд мебошад.

Кор ва фаъолияти меҳнатӣ:

09.1980 06. 1984 Коллеҷи ҷумҳуриявии бадеии ба номи М.Олимов
10.1984 11. 1984 устои омўзиши истеҳсолии мактаби автомобилии шаҳри Кўлоб
11. 1984 12. 1986 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ
02. 1987 08. 1987 лаборанти сикли мудофияи граждании кафедраи ҳарбии Донишкадаи хоҷагии қишло қи Тоҷикистон
08. 1987 08. 1995 рассом-дизайнери Хазинаи бадеии Тоҷикистон
08.1995 08.1996 омўзгор-стажер кафедраи Лоиҳакашии бадеи маснуоти сабуки Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
09. 1996 02. 1997 муҳандиси дараҷаи 1-уми кафедраи бехатарии фаъолияти инсон ва экологияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
02. 1997 01. 1998 стажер-тадқиқотчии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
02. 1998 02.2001 аспиранти шўъбаи рўзонаи кафедраи меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
02. 2001 11. 2001 ассистенти кафедраи бофандагӣ, либос ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
11. 2001 10. 2003 сардори идораи хоҷагию маъмурии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
11. 2003 04. 2004 мудири шуъбаи таълим ва тарбияи Донишкадаи на қлиёти Тоҷикистон
05. 2004 01. 2008 сармутахассиси шуъбаи таъминоти моддию техникӣ ва хизматрасонии хоҷагии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
01. 2008 06.2013 муовини мудири шуъбаи сохтмон ва меъмории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
06.2013

 

то имрўз ректори Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии «Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон»