Friday, April 26, 2024

Муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ

ОДИНАЗОДА  БАХТИЁР ЭМОМАЛӢ
Муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ
E-mail: odinaevbahtiyor64@mail.ru
Телефон: (+992 37)
Дастурамали вазифавии
муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ

1.Муқаррароти умумӣ

1.1. Муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ бо фармони ректори донишкада дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.

1.2. Ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ шахсе таъин карда мешавад, ки таҳсилоти олии касбӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5-солаи педагогӣ ё вазифаҳои роҳбарикунанда, ҳамчунин унвони дотсент ва ё дараҷаи номзади илм ва ё доктори илмро соҳиб бошад.

1.3. Муовини ректори донишкада оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф фаъолият менамояд.

1.4. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ аъзои Шӯрои олимони донишкада мебошад.

1.5. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, комёбиҳои ватанию хориҷӣ масъалаҳои ташкили ҷараёни таълимию тарбиявӣ, қонунгузориҳо доир ба меҳнат, қоида ва меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва бехатарӣ аз сӯхторро бояд донад.

1.6. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ дар фаъолияти худ бевосита ба ректори донишкада тобеъ мебошад.

  1. Ӯҳдадориҳои муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ

Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ уҳдадор аст:

2.1. Нақшаҳои дурнамо ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии донишкадаро дар соҳаи илм ва корҳои эҷодӣ, ташкил кунад;

2.2. Корҳои илмӣ-таҳқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишкадаро ба роҳ монда, онҳоро назорат кунад;

2.3. Фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсози илмиро назорат кунад;

2.4. Фаъолияти марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, шӯъбаи илм ва шӯъбаи табъу нашри донишкадаро сарварӣ намояд;

2.5. Фаъолияти шӯроҳои диссертатсионӣ, Шӯрои олимони ҷавон ва ҷамъияти илмии донишҷӯёнро назорат намояд;

2.6. Барои тайёр намудани докторантҳо, аспирантҳо, такмили тахассусии кадрҳои педагогӣ тадбирҳо андешад;

2.7. Ташкил ва гузаронидани озмунҳоро барои ишғол намудани вазифаҳои ҳайати омӯзгорон, дотсентон, муаллимони калон ва ассистентон ба роҳ монад;

2.8. Барои дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмию эҷодии омӯзгорон тадбирҳо андешад;

2.9. Фаъолияти китобхонаи донишкадаро назорат карда, барои мустаҳкам намудани фонди захиравии он чораҳо андешад;

2.10. Барои  мустаҳкам намудани ҳамкориҳои илмӣ ва эҷодӣ бо муассисаҳои таълимии дохиливу хориҷӣ талош варзад;

2.11. Конференсия, семинар ва симпозиумҳои илмӣ ва эҷодиро ташкил намояд;

2.12. Риояи  қоида ва талаботи техникаи бехатарӣ, санитарии истеҳсолӣ ва қонунгузории меҳнатро ҳангоми гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавиро таъмин намояд.

  1. Ҳуқуқҳои муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ

Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ҳуқуқ дорад:

3.1. Аз номи донишкада дар ташкилотҳои дохилӣ ва хориҷии оид ба соҳаи илм баромад ва онро муаррифӣ кунад;

3.2. Аз роҳбарони тамоми шӯъба, идора, раёсат, сохторҳои тобеи худ ва мутахассисони алоҳида иттилоот ва асноди заруриро дархост намояд;

3.3. Ба роҳбарони тамоми шӯъба, идора, раёсат, сохторҳои тобеи худ ва мутахассисони алоҳида супоришҳо диҳад;

3.4. Тамоми масъалаҳоро оиди корҳои илмӣ ва эҷодӣ ҳаллу фасл намояд.

  1. Масъулияти муовини ректор оида ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ

4.1. Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва эҷодӣ дар мавриди ба тариқи зарурӣ иҷро ё умуман иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ, инчунин барои қонуншикаҳое, ки ҳангоми фаъолияти меҳнатии худ содир кардааст, мутобиқи муқаррар кардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар мебошад.

Соли 1983 ба Иниститути театри- бадеии  ба номи Н.Островскийи ш. Тошканд дохил шудааст.
Соли 1990  Иниститути театри- бадеии  ба номи Н.Островскийи ш. Тошкандро бо ихтисоси рассом-ороишгари санъати амалӣ бо маълумоти олӣ хатм кардааст.
Соли 1990 ба ҳайси устои таълимии-истеҳсолии Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 30-и ш.Душанбе фаъолияти кориашро сар намудааст.
Аз соли 1991 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар кафедраи лоиҳакаши ва таҳрезии бадеии маҳсулоти санъоати сабук ба ҳайси омӯзгори фанҳои тахассуси то соли 1994 фаъолият намудааст.
Аз соли  1994 то соли 2009 ба ҳайси омӯзгори фанҳои тахассусии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии  ба номи М.Олимов кор ва фаъолият намудааст.
Солҳои 2009-2015 дар муассисаи давлатии Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии  ба номи М.Олимов ба ҳайси директор кор ва фаъолият намудааст.
Аз соли 1984 то соли 1986 дар саффи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ (қувваҳои зидди ҳавоӣ) адоӣ хизмат кардааст.
Дар 5-давлати хориҷа бо сафарҳои хизмати ва муаррифии рӯзҳои фарҳанги, намоишҳои асарҳои-рассомони  Тоҷикистон ширкат варзидааст.
Аз соли 2016  дар Донишкадаи  давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳайси муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ фаъолият дорад.
Номзади илмҳои таърих.
Бо мукофоти ҳукуматии медали  “Хизмати шоиста”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 сарфароз шудааст.
Аълочии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-соли 2010.

Бо ифтихорномаи  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон-соли 2015

В 1990 году закончил Ташкентский театрально-художественный институт им. М.Олимова.
Кандидат иторических наук , художник декоротивного прикладного искусства.
Работает  в жанре мелкой пластики  и керамики. Как живописец  работает в жанровой тематике. Член Союза художников, Академия художеств и Союза дизайнеров Таджикистана
Его работы по керамике  и живописи  экспонируются в Национальном музее им К. Бехзода г. Душанбе и находятся  в частных  коллекциях стран Европы США и России.
Участник 20 международных выставок и 8 персональных выставок.
Преподаватель спец-дисциплин кафедры декоротивного – прикладного искусство Государственного Института Изобразительного искусства и Дизайна Таджикистан.
Автор 20 научных статей и 9 методический пособий, 1 монография и 1 книга каталога  по искусству по специальным дисциплинам.