Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод
Дар замони муосир дар рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа илмҳои технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодӣ хусусиятҳои афзуну қавишавиро касб намудаанд. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти ДДСТДТ бо сарварии номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷ.Ш. аз ибтидои фаъолияти донишкада ҷиҳати омода кардани мутахассисони баландихтисоси дорои илмҳои муосири технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодӣ барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Кафедра аз ибтидои фаъолияти ДДСТДТ дар соли 2013 ҷиҳати омода кардани мутахассисони баландихтисоси дорои илмҳои замонавии технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодӣ барои ҳамаи сохторҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамояд.
Дар донишкада Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод барои омода намудани мутахассисони сатҳи бакалавр ва магистр бо ихтисосҳои 1-26020103 Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизматрасонӣ ва 1-31030408 Веб-дизайн ва графикаи компютерӣ масъул мебошад. Хатмнамудагони ин ихтисосҳо мувофиқан соҳиби касбҳои замонавию баландмазмуни тахассусҳои «Барномасоз» ва «Менеҷер-иқтисодчӣ» мегарданд.
Ҷиҳати амалигардонии вазифаҳои тайёр намудани мутахассисони соҳиби касбҳои пешқадам дар донишкада Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод амал мекунад, ки мудирии онро Наҷмиддинзода А.Ю. дар солҳои 2018-2021 ба уҳда дошта, аз моҳи августи соли 2021 Эшонқулов А.А. ба уҳда дорад.
Мудири кафедра
номзади илмҳои физикаю математика,
Эшонқулов Алишер Алигулович
Муаллифи беш аз 9 адад эҷодиёти илмӣ,
Мавзӯъҳои асосии таҳқиқот:
– муодилаҳои сингулярӣ;
– муодилаҳои операторӣ;
– индекси оператор;
– интегралҳои сингулярӣ;
– лоиҳасозии барномаҳои компютерӣ.
Наҷмиддинзода Анвар Юсуфӣ
мудири кафедра солҳои 2018-2021
ШАРҲИ МУХТАСАРИ ҲОЛ:
Наҷмиддинзода Анвар Юсуфӣ 17 апрели соли 1956 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Солҳои 1962-1972 дар мактаби миёнаи №2 ш. Ваҳдат, солҳои 1972-1977 дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1979-1982 дар аспирантураи Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон таҳсил намудааст.
Фаъолияти меҳнатиаш аз кор дар Институти иқтисодиёти АИ Тоҷикистон дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ ва ходими пешбари илмӣ (солҳои 1977-1979 ва 1982-1992), Мудирияти корҳои Шӯрои Вазирони Тоҷикистон ҳамчун сармутахассис ва мудири бахш (солҳои 1992-1995), Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба ҳайси сардори идора ва Бунёди хусусигардонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи муовини аввали мудир (солҳои 1995-1998), Кумитаи иҷроияи Шӯрои байнидавлатии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳайси саркоршинос ва роҳбари Гурӯҳи коршиносон (солҳои 1998-2002), Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳайси котиби якум (солҳои 2002-2004), Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини мудири шӯъба (солҳои 2004-2010), Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси муовини раис (солҳои 2010-2018), ДДСТДТ дар вазифаҳои мудири кафедра ва дотсент (аз соли 2018-2021) иборат аст.
Ҳамзамон, солҳои зиёд дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1983-1992, 1996-1997) ва Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон (1993-1995) аз фанҳои иқтисодӣ ба ҳайси ҳамкор дарс додааст.
Дар ташаккули фаъолияти кафедра дар солҳои 2013-2021 заҳматҳои собиқ мудирони кафедра Темурова М.Т., Маҳмудов М.М., Тоирова М.А.Наҷмиддинзода А.Ю беназир мебошанд.
Дар кафедра номзадҳои илм, дотсентон, муаллимҳои калон, муаллимҳо, ассистентҳо ба донишҷуёни бакалавриат ва магистратура илм меомӯзанд. Ҳоло дар кафедра 10 нафар олимон, аз ҷумла 5 нафар номзадҳои илми иқтисодӣ, 4 нафар номзадҳои илмҳои физикаю математика, 1 нафар номзади илмҳои химия ва 18 нафар омузгорони соҳиби илми тахассусӣ ва таҷрибаи ғании педагогӣ дарс мегуянд. Аз ҷумлаи омӯзгорони ҷавон 5 нафар унвонҷӯ мебошанд.
Муаллими кафедра
Бобозода Ғунчагули Раҳматулло
Муаллифи 8 маводи чопӣ.
Мавзӯъҳои асосии таҳқиқот:
– таҳияи бизнес-нақшаҳо;
– рушди соҳибкории истеҳсолӣ.
Дар қатори донишомӯзони фаъол номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҷабов Т.Б., номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Раҷабов Қ.Қ., номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Мирзоев Н.Ҳ., номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Арабов М.Қ., номзади илмҳои химия, дотсент Насруллоева Д.Ҳ., устодони баландмалакаю ботаҷриба Бобозода Ғ.Р., Иргашева Н.А., Қаландаров Ҳ., Мирзоев И., Муродалии Р.Қ., Рузматзода Ғ., Саидова О.С., Саидов С.С., Файзуллоева М.М., Ҳасанова М., Эшонқулов А.А. ва дигаронро номбар кардан асоснок мебошад. Дар пешбурди корҳои ташкилии кафедра саҳми мудири кабинетҳо–лаборант Мусоева М. зиёд аст.
Муаллими кафедра,
унвонҷӯ
Иргашева Нигина Абдусаматовна
Муаллифи 7 маводи чопӣ.
Мавзӯъҳои асосии таҳқиқот:
– автоматикунонии бехатарии неругоҳҳо;
– иттилооти технологӣ дар тиб.
Устодони кафедра ба донишҷӯёни Факултети дизайн, Факултети санъати тасвирӣ ва Факултети тайёрӣ ва таҳсилоти фосилавӣ аз фанҳои муосири иқтисодӣ (назарияи иқтисодиёт, иқтисоди миллӣ, менеҷмент, маркетинг, иқтисоди корхона, иқтисоди байналмилалӣ, омори иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти меҳнат, ташкили истеҳсолот, банақшагирии фаъолияти соҳибкорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, андоз ва андозситонӣ, иқтисодиёти амвол, нархгузорӣ, идораи ҳайати кормандон, асосҳои коргузорӣ ва ғайра) ва фанҳои технологияи иттилоотӣ (информатика, WEB-технология, дизайни графикӣ, назарияи низоми ахбори иқтисодӣ, низоми амалиётӣ, забони HTML, графикаи векторӣ (Corel), графикаи расторӣ (Photoshop), графикаи мухандисӣ (AutoCad), моделсозии сеченака (3DSMAX), забони PHP MySQL, ҳуруфсозӣ ва коммуникатсияи визуалӣ, забонҳои барномасозии ҳозиразамон ва ғайра), инчунин математика, консепсияи табиатшиносии муосир ва дигарҳо таълим медиҳанд.
Дар назди кафедра ду синфхонаи махсуси компютерӣ ташкил карда шудааст, ки онҳо бо синфтахтаҳои электронӣ, компютерҳои инфиродии муосир, интернети баландсуръат муҷаҳҳазу таъмин мебошанд.
Инчунин барои ташаккули ҷаҳонбинии васеъ ва рушди тафаккури эҷодии донишҷуён дар назди кафедра маҳфилҳои “Барномасозон” ва “Менеҷерон ва иқтисоддонҳо” ташкил карда шудаанд ва онҳо самаранок фаъолият менамоянд.
Дар кафедра барои кормандон ҷиҳати рушди илму корҳои эҷодӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё шудаанд. Як қисми омузгорони кафедра аспиранту унвонҷӯ мебошанд.
Ассистенти кафедра
Файзуллоева Мусаллама Мансурҷоновна
Муаллифи 3 маводи чопӣ.
Мавзӯи асосии таҳқиқот:
– технологияи иттилоотӣ дар хӯроки умумӣ;
– усули таълими технологияи иттилоотӣ.
Омузгорони кафедра дар конференсияҳои илмию амалӣ ва дигар чорабиниҳою ҷамъомадҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишкадавӣ ва ғайра фаъолона ширкат варзида, вобаста ба масъалаҳои мубрами илму амалияи технологияи иттилоотӣ ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҷодиёти худро сайқал медиҳанд ва ба чоп мерасонанд.
Кафедра бо марказҳои таълимию илмии гуногун ҳамкориҳои зич дорад. Муносибатҳои бевоситаи илмӣ ва омузгорӣ бо институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар ш. Душанбе, Донишкадаи туризм, соҳибкорӣ ва хизмат ва дигарҳо самаранок ба роҳ монда шудаанд.
Хатмкунандаҳои ихтисосҳои кафедра дар соҳаҳои муосири иқтисодиёти кишвар дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият кору фаъолият менамоянд.
МАҲФИЛҲОИ НАЗДИ КАФЕДРА
Баргузории маҳфили «Барномасозон»
Санаи 19.10.2019 с. маҳфили донишҷӯёни исхтисоси Веб-дизайн ва графикаи компютерӣ – «Барномасозон» дар назди Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод баргузор гардид.
Дар маҳфил таҳти роҳбарии бевоситаи ассистенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва иқтисодиёт Н.А. Иргашева ва бо иштироки донишҷӯён-фаъолони курсҳои 1-4 аввалин муаррифӣ-презентатсия баргузор шуд.
Дар маҳфили аввалин донишҷӯи 4-ум Мавлодов Р. дар мавзӯи «Думай как дизайнер» бо маълумоти васеъ ва истифода аз таҷҳизоти технологияи иттилоотӣ баромад кард.
Дар маҳфил, ки ниҳоят шавқовар ва муфид баргузор шуд, мудири кафедра н.и.и., дотсент Наҷмиддинзода А.Ю., омузгорони кафедра Саидов С.С., Мирзоев Н.Ҳ., Файзуллоева М.М. иштирок намуда, дар музокираҳо баромад карданд.
Баргузории маҳфили «Менеҷер-иқтисодчӣ»
Маҳфили иқтисоддонҳои ҷавони назди Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ ба фаъолияти худ шуруъ намуд.
Рузи 4 декабри соли 2019 таҳти роҳбарии муаллими Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ Бобозода Ғ.Р. ҷаласаи нахустини маҳфил баргузор шуд, ки дар он 34 нафар донишҷӯёни бахшҳои 1, 2 ва 3-юми ихтисоси 1-26020103 — Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ва устодони кафедра – Наҷмиддинзода А.Ю., Файзуллоева М.М., Рӯзматзода Ғ., Ҳасанова М. иштирок намуданд.
Дар маҳфили иқтисоддонҳои ҷавон донишҷӯёни бахши 2-юми ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ Ниёзова Н. оид ба мавзӯи “Иқтисодиёт ва мавқеи он дар ҳаёти ҷомеа” (роҳбари илмӣ муаллим Бобозода Ғ.Р.) ва Подчаева Ҳ. оид ба мавзӯи “Маркетинг дар соҳибкории хурд” (роҳбари илмӣ муаллим Бобозода Ғ.Р.) баромади ҷолиби диққат намуданд. Баъд аз баромадҳо саволу ҷавоб ва муҳокима гузаронида шуданд.Пешниҳод гардид, ки донишҷуён кушиш карда, баромадҳои пурмазмун таҳия намоянд ва матнҳои беҳтарини онҳо барои чоп тавсия дода мешаванд.