МУАРРИФИИ «ИҚТИДОРИ САЙЁҲИЮ РЕКРЕАТСИОНИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ДОИРАИ ЯК ТАҲҚИҚИ АРЗИШМАНД
Соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ шинохта мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иқтидори беназир ва захираҳои табии нотакрор, таърих ва фарҳанги ғанӣ шуҳратёр аст, ба рушди сайёҳӣ на танҳо ҳамчун манбаи асосии даромад, балки чун василаи муҳими ташаккули неруи инсонӣ, нигоҳдории мероси фарҳангӣ ва ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳ карда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо роҷеъ ба ин самт таҳлилу баррасиҳо намуда, солҳои 2018 – 2021 ба рушди ин соҳа бахшида шуданд. Дар ҳамин замина, китоби «Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон», ки соли 2025 аз ҷониби муҳаққиқи шинохтаи соҳа, мудирии кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Субҳон Усмонов нашр шудааст, таҳқиқоти ҳамаҷониба ва мукаммали илмӣ мебошад, ки иқтидори сайёҳӣ ва имкониятҳои рекреатсионӣ дар кишварро бо назари илмӣ ва амалии васеъ баррасӣ мекунад.
Муаллиф, ки факултети педагогика ва географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро хатм намуда, бо таҷрибаи зиёд ба омӯзгорӣ ва фаъолияти илмӣ машғул аст, бо истифода аз манбаъҳои гуногун ва таҳқиқоти саҳроӣ, таърихи ташаккул ва рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар солҳои истиқлолро ба таври муфассал таҳлил мекунад.
Китоб бахшҳои гуногуни туризм, аз ҷумла туризми экологӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, кӯҳӣ ва рекреатсиониро бо тавсифи ҷойҳои таърихӣ, мамнуъгоҳҳо, параришгоҳҳо, боғҳои миллию табиӣ ва ёдгориҳои фарҳангӣ муфассал меомӯзад. Муаллиф, Инчунин, луғати соҳавӣ ва адабиёти муфассалро пешниҳод намуда, барои фаҳмиши беҳтар ва истифодаи самараноки соҳа дар фазои илмӣ шароит фароҳам меорад.
Яке аз нуқтаҳои муҳим дар китоб омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта мебошад, ки бо роҳнамоии онҳо метавон сиёсати давлатии сайёҳӣ ва рушди инфрасохторро дар Тоҷикистон таҳким бахшид.
Ҳамин тавр, ин китоб ба масъалаҳои муҳими ҳифзи муҳити зист, рушди туризми экологӣ, эҳё ва ҳифзи ҳунарҳои мардумӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ диққати махсус медиҳад. Ин нуқтаҳо дар самти рушди устувори сайёҳӣ ва нигоҳдории захираҳои табииву фарҳангӣ нақши ҳалкунанда доранд.
Аз ҷиҳати илмию амалӣ китоби «Иқтидори сайёҳию рекреатсионии Тоҷикистон» яке аз дастуруламалҳои муҳим барои донишҷӯён, муҳаққиқон, ширкатҳои сайёҳӣ, мутахассисон ва мақомоти танзимкунандаи соҳа мебошад. Онҳо метавонанд бо истифода аз таҳқиқоти мазкур рушди самараноки сайёҳиро дар кишвар таъмин намоянд.
Ҳамин тавр, китоби Субҳон Усмонов на танҳо ҳамчун манбаи илмӣ, балки чун тавсифгари сиёсати давлатии сайёҳӣ ва таҷрибаи муваффақи кишварҳои пешрафта дар ин соҳа хизмат мекунад ва барои ҳар касе, ки ба рушди соҳаи туризм таваҷҷуҳ дорад, аҳамияти махсус дорад.