Сардори Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси

ДАВЛАТОВА ГУЛНОРА ШАРИФОВНА

тел:  2275877

 

 

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷузъи таркибии донишкада буда, дар асоси Оинномаи донишкада, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи шуъба ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, дар фаъолияти кори хеш меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ ва фармоишҳои ректори донишкадаро ба роҳбарӣ мегирад. Вобаста ба шумораи кормандон ва ҳаҷми кор дар назди шӯъба бахшҳои ҷудогона ташкил мешавад.

Шуъбаро сардор роҳбари намуда, ӯ аз ҷониби ректор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсус чунин вазифаҳоро иҷро менамояд:

  • интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои маъмурӣ – идоракунӣ, илмӣ, педагогӣ, муҳандисӣ, техникӣ, ҳайати ёрирасону хизматрасони таълимӣ ва хоҷагидорӣ;

  • ёрӣ расонидан ба раёсати донишкада дар мустаҳкам намудани интизоми истеҳсолӣ–меҳнатӣ ва риояи қонунгузории меҳнат;

  • ба расмият даровардани (қабул, ҷойивазкунӣ ва хориҷ намудани кормандон) фармоишҳои ректор, инчунин омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандон ба вазифаҳое, ки дар ваколати муассис қарор доранд ва аз тарафи он тасдиқ мешаванд;

  • ба низом даровардани парвандаҳои шахсии омӯзгорон, кормандони маъмурӣ, шахсони ёрирасони корҳои таълимӣ ва хоҷагидорӣ;

  • омода намудани ҳисоби омории ҳайати кадрии донишкада ва такмили ихтисоси онҳо;

  • иштирок дар кори комиссияи тарификатсионӣ ва дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намудани лоиҳаи фармоишҳо дар бораи муқаррар намудани моҳонаи кормандон;

  • дар ҳамкорӣ бо бахши таҷрибаомӯзӣ гузаронидани тақсимоти мутахассисони ҷавон, тайёр намудан ва ба онҳо додани ҳуҷҷатҳои хатми муассиса;

  • иштирок дар кори комиссияи аттестатсионӣ;

  • тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои кормандоне, ки ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд;

  • омода сохтани парвандаҳои шахсии кормандон ва маълумотномаҳои зарурӣ дар бораи онҳо;

  • тайёр намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои муқаррар намудани нафақаи кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар якҷоягӣ бо иттифоқи касаба;

  • омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои соҳавӣ ва давлатӣ ва ғайра.