Monday, October 14, 2024

Нигористон

Нигористон зерсохтори шуъбаи методии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо қарори Шӯрои олимон аз 29.11.2013, № 3, таъсис дода шудааст. Нигористон низоми намоишии доимо амалкунанда буда дар он корҳои омӯзгорон, донишҷӯён, корҳои дипломии хатмкунандагон ва масгистрони донишкада, инчунин корҳои рассомон ва дизайнерҳои ватанию хориҷӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Нигористон ба паҳни иттилоот дар бораи фаъолияти таълимии донишкада ва ҷалби муштариён мусоидат менамояд.

Вазифаҳои асосии Нигористон аз инҳо иборат аст:

  • ташкил ва гузаронидани намоишҳои гурӯҳӣ, фардӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, ки аз тарафи омӯзгорон, донишҷӯён ва магистрони донишкада мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо дигар муассисаҳои дохилӣ ва ё хориҷӣ омода карда шудааст;

  • ташкил, таъмин ва риояи шартҳои таъмини амнияти корҳои ба намоиш гузошташуда ва таҷҳизоти ба Нигористон барои нигоҳдории муваққатӣ  ҷиҳати гузаронидани намоишҳо ва чорабиниҳои иттилоотӣ дар бинои донишкада ё дигар майдонҳои намоиш додашуда;

  • ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосири намоишӣ ва технологияи муосири ороиши намоишҳои муваққатӣ ва доимӣ.