Бахши методӣ зерсохтори шуъбаи методии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо қарори Шӯрои олимон таъсис дода шудааст ва фаъолияти худро дар асоси Оинномаи донишкада, Низомномаи шуъбаи методӣ, Низомномаи бахш ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад. Бахши мазкур бо роҳи аз намоишҳо интихоб карда гирифтани корҳои беҳтарини бадеӣ ва ороишии донишҷӯёну магистрон, инчунин нигоҳдоштани корҳои дипломии хатмкунандагон бо мақсади истифодаи минбаъдаи онҳо ҳамчун воситаи таълимию методӣ, ғани гардонида мешавад.

Бахши методиро мудир роҳбарӣ мекунад, ки ӯ аз ҷониби ректор ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

Вазифаҳои асосии Бахши методӣ аз инҳо иборат аст:

  • ташкили ганҷинаи натюмортҳо ба воситаи харидорӣ намудани ашёҳое, ки натюмортро ташкил медиҳанд;

  • ғани гардонидани фонд бо роҳи аз намоишҳо интихоб карда гирифтани корҳои беҳтарини бадеӣ ва ороишии донишҷӯён, инчунин нигоҳдоштани корҳои дипломии хатмкунандагон;

  • таъмини бефосилаи раванди таълим дар асоси дархости кафедраҳо ҷиҳати таъмини онҳо бо натюмортҳо, ашёҳо дар фонд мавҷудбуда, расмҳои симонишинон ва боз пас гирифтани онҳо;

  • ба сохторҳои донишкада расонидани кӯмак барои ҷобаҷогузоштани натиҷаи корҳои омӯзгорону донишҷӯён бо мақсади гузаронидани чорабинӣ ва намоишҳо;

  • ташкил, таъмин ва риояи шартҳои таъмини амнияти корҳо ва ашёҳои дар фонд мавҷуд буда;

  • дар синфхонаҳо ва пешдолонҳои донишкада овезон намудани корҳои беҳтарин ҳамчун айёният.