Saturday, October 25, 2025

Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Бахши идоракунии сифати таҳсилот бахши навташкил буда, бо қарори Шӯрои олимон аз 30.05.2018, таҳти №03/469 дар заминаи шуъбаи таълим таъсис ёфтааст. Дар бахши идоракунии сифати таҳсилот 2 нафар-мудири бахш ва сармутахассиси бахш фаъолият доранд.

Бахши мазкур ҷиҳати болоравии сатҳу сифати таълим ва дараҷаи донишазхудкунии донишҷӯён мунтазам назорат мебарад. Савияи дониши донишҷӯён аз ҷониби БИСТ мунтазам санҷида мешавад.

Бахш фаъолияти худро тибқи Низомномаи БИСТ, нақшаи кории аз ҷониби раёсати донишкада батасвибрасида ва нақшаи кории худи бахш ба роҳ мондааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои мазкур бахши идоракунии сифати таҳсилот паҳлӯҳои гуногуни раванди таълимро дар миқёси факултету кафедраҳои донишкада назорат намуда, санҷиш (мониторинг) – ҳо мегузаронад. Натиҷаҳои онро дар ҷаласаҳои шуъбаи таълим муҳокима намуда, ба Шӯрои олимон пешниҳод менамояд.

Файзов Акрамҷон Мирзоевич

мудири Бахши идоракунии сифати таҳсилот

Файзов  Акрамҷон  Мирзоевич 20 августи соли 1990 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2013 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – технолог, техногияи матоъҳо хатм намудааст. Аз сентябри соли 2018 дар вазифаи муовини декан оид ба тарбия ва илми факултети санъати тасвирӣ ва аз октябри соли 2022 дар вазифаи сардори бахши сифати таҳсилот кор мекунад.