Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба диққати тамоми ҷавондухтарон мерасонад, ки бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандони бешуғл дар муассиса курси кӯтоҳмуддати “Дӯзандагӣ” таъсис ёфтааст.
Машғулиятҳо дар курси мазкур дар давоми ҳафта 3 маротиба гузаронида шуда, дар онҳо нозукиҳои буридану дӯхтани навъҳои гуногуни курта омӯзонида мешаванд.
Ҳуҷҷатҳо барои довталабон:
-
Нусхаи шиноснома
-
Ариза ба номи ректор
-
Сурати 3х4 (2 дона)
-
Шартномаи дуҷониба бо муассиса
Суроға: шаҳри Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 31 (рӯбарӯи Маркази савдои “Садбарг”)
Телефонҳо барои бақайдгирӣ ва маълумоти бештар 111 17 66 65; 002 22 75 95



