Friday, April 19, 2024

Кафедраи графика

Кафедраи графика  зерсохтори таълимии факултети санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни донишҷуён ва омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, тарбиявӣ ва методиро ба роҳ мемонад, ки он бо қарори Шӯрои олимони донишкада ташкил шудааст. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад, ки ӯ бо тариқи овоздиҳии пинҳони дар Шӯрои олимони донишкада ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешавад.

Кафедраи графика мувофиқи талаби замон дар ҳамаи факултетҳои донишкада барои ҳамаи тахассусҳо донишҷуёнро бо мақсади аз худ намудани донишҳои зарурӣ оид ба ихтисосҳои санъати тасвирӣ – нақшакашӣ ва графикаи дастгоҳӣ таълим медиҳад. Кафедраи мазкур ҳамчун кафедраи пешбарандаи факултети санъати  тасвирӣ ба ҳисоб  рафта, ҳайати кормандони кафедра 20 нафарро ташкил медиҳанд.

Айни замон дар кафедра таълим аз рӯи ду ихтисос ба роҳ монда шудааст:

030106 – санъати тасвирӣ. Ихтисоси иловагӣ (нақшакашӣ)

15010401 – графикаи дастгоҳӣ

Бояд қайд намуд, ки кафедра дорои як адад устохонаи тахассусӣ ва як адад синфхонаи компютерӣ мебошад, ки он бо дастгоҳҳо ва асбобҳои барои ихтисос лозима муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ба донишҷӯён дар ҳамон ҷойҳо таълим дода мешавад.

Пас аз ҳар як нимсолаи таҳсил дар сатҳи кафедра намоиши корҳои донишҷӯён баргузор карда шуда, аз рӯи натиҷаи он ба малакаи касбии онҳо баҳои воқеӣ гузошта мешавад, бахусус ҳангоми аз назар гузаронии лоиҳаҳои дипломии хатмкунандагони кафедра.