Кафедраи  Санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТДТ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, № 144, таъсис ва бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, № 96-ф, собиқ бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод, воқеъ дар хиёбони Айнӣ-31, шаҳри Душанбе ба тавозуни донишкада гузаронида шудааст.
Дар донишкада ду факултет – “Санъати тасвирӣ” ва “Дизайн”.
Факултети санъати тасвирї яке аз базањои  асосии тайёр намудани мутахассисони  соњаи рассомї дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тољикистон ба њисоб меравад. Факултет дорои кафедрањои асосии  пешбарандаи донишкада ба монанди кафедраи“Санъати ороишию  амалӣ- монументалӣ” “Мусаввирї ва ҳайкалтарошї” мебошад.
Ҳайати кормандон ва омӯзгорони кафедраи Санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ  11- нафарро ташкил медихад. Аз ин рӯ  9 нафараш омӯзгори асосии 1 нафар  ҳамкори  дохила 1 нафар беруна  мебошад.
Кафедра дар асоси Низомнома амал карда истодааст.
Айни ҳол дар кафедра  3 нафар  муаллим, 6  нафар ассистент,  1-нафар мудири устохона ва 1 нафар мудири кабинет +лаборант кор ва фаъолият мекунанд. Фаъолияти кафедра дар факултети  Санъати тасвирӣ хело хуб ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра омӯзгорони бо таҷриба ба монанди Назирматов А.Б. Маҳмудов С, Рақибов М,   Абдуллоев Б , Ҷумаев А, Бойматова М,   Мустафаева С.  Холматов С  кор ва фаъолият мекунанд.
Бо қарори  шурои олимон аз 29.09.2018 № 5/5 барои иваз намудани номи кафедраи Санъати ороиши амалӣ  ба кафедраи Санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ  иваз карда шудааст.
Кафедра  маќсад дорад, ки ҷиҳати минбаъд беҳтар намудани кори таълиму тарбия кадрҳои унвондорро ба кор  ҷалб намояд. Дарсҳо ҳамарўза дар соатҳои муайяншуда гузаронида мешавад.
Бояд қайд кард ки, дар кафедраи “Санъати ороишию амалӣ ва монументалӣ” аз рӯи равияи тахассусӣ устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ, аз ҷумла  аъзоёи раёсати  Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Гадоев А.К  ва дигарон ба донишҷӯён дарс мегӯянл.
Кафедра аз 31- фанн иборат аст   композитсия, асосҳои композитсия, тарҳрези бадеи, иҷрои лоиҳа дар масолеҳ, рангакашӣ, қаламкашӣ, таърихи санъат, фалсафа, забони хориҷи,  консепсия табиатшиносӣ, технология информатсиони, графики компютерӣ, графикаи бадеи ,педагогика, технологияи соҳавӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, физикаи ранг ,варзиш, сотсиалогия, забони тоҷики,  забони русӣ, сиёсатшиносӣ , санъати кандакорӣ, ҳуқуқ, назарияи иқтисодиёт,переспектива, нақшакашӣ, шаклӣ лойсозӣ, кор дар устохона, графикаи бадеи,диншиносӣ, психологияи касбӣ.
Кафедра дорои 32 парванда   ва 7 дафтари бақайдгири, 1- то  компютер. Ва дар кафедра 2- синфхонаи: қаламкашӣ, ранггакашӣ 3- синфхонаи кандакори, наққошӣ, заргарӣ ва 3- устохона:   кандакори, наққошӣ, заргарӣ.
Соатҳои  ба фаннҳои тахассуси ҷудошуда  ҳамаг. 3034  соатро ташкил мекунад, ки аз ин ҷаъми соатҳо 876  соат барои курсҳои 1-ум, 698  соат барои курсҳои 2-юм, 620 барои курсҳои 3-юм,  840  соат барои курсҳои 4-ум  соати дарси ҷудо шудааст ва барои соли таҳсили 2018-2019 ба сарбории омўзгорон таќсим шудааст. Таќсимоти соатҳо аз моҳи август ба сарбории омўзгорон ворид карда шуд. Аз рўи ин таќсимот ба сари ҳар як омўзгори асоси ва ҳамкор 0,65 соат то 1,0 соат дарси таќсим карда шуд.
Кафедра  маќсад дорад, ки ҷихати минбаъд, кори таълиму тарбияро хуб ба роҳ мондаи кадрҳои унвондорро ҷалб намояд. Дарсҳо ҳамарўза дар соатҳои муайяншуда гузаронида мешавад. Иштироки донишҷўён ба дарсҳо аз тарафи кураторон ба низом дароварда мешавад. Омўзгороне, ки собиќаи кори доранд, мактаби таҷрибаи устодони ҷавонанд. Сари ҳар моҳ омўзгорони чавон ба дарси устодони бо таҷрибадор  даромада иштирок мекунанд. Тарзи дарсомўзиро аз худ менамоянд.