Маълумотномаи

кафедраи “Мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ

Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТДТ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, № 144, таъсис ва бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, № 96-ф, собиқ бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод, воқеъ дар хиёбони Айнӣ-31, шаҳри Душанбе ба тавозуни донишкада гузаронида шудааст.

Дар донишкада ду факултет фаъолият менамояд. Факултети “Санъати тасвирӣ” ва “Дизайн”.

Факултети санъати тасвирї яке аз базањои  асосии тайер намудани мутахассисони  соњаи рассомї дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тољикистон ба њисоб меравад. Факултет дорои кафедрањои асосии  пешбарандаи донишкада ба монанди “Мусаввирї ва ҳайкалтарошї” ва “Графика ва санъатшиносӣ”мебошад. Ҳайати кормандон ва омӯзгорони кафедраи “Мусаввирї ва ҳайкалтарошї”

31- нафарро ташкил медихад. Аз ин 20 нафараш омӯзгори асосии,

4 нафар  ҳамкорӣ дохилӣ , 5 нафар ҳамкори беруна мебошад.

Кафедра дорои 29-нафар омӯзгори фанҳои тахассусӣ мебошанд.

Кафедра дар асоси Низомнома амал карда истодааст.

Айни ҳол дар кафедра 2 нафар профессор, 1 нафар и.в.профессор, 2 нафар. дотсент,  2 нафар и.в.дотсент, 4 нафар муаллими калон, 4 нафар муаллим, 14-нафар ассистент, 1-нафар мудири кабинет ва 1-нафар мудири устохона фаъолият мекунанд. Фаъолияти кафедра дар факултети  Санъати тасвирӣ хело хуб ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра омӯзгорони бо таҷриба ба монанди Сангов И, Холов М.А, Одинаев Б.Э, Нарзибеков Н.М,

Миршакаров А.М,  ва омӯзгорони ҷавон ба монанди  Забиров Б.Ш, Рузибоев Р.А, Мардихудоева У.М,  Боронова С.Б, фаъолият мекунанд.

Кафедра  маќсад дорад, ки ҷиҳати минбаъд беҳтар намудани кори таълиму тарбия кадрҳои унвондорро ба кор  ҷалб намояд.

Дарсҳо ҳамарўза дар соатҳои муайяншуда гузаронида мешавад.

Бояд қайд кард ки, дар кафедраи “Мусаввирї ва ҳайкалтарошї” аз рӯи равияи тахассусӣ устодони варзидаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ, аз ҷумла профессор – Сангов Исуфҷон, Холов М.А, Одинаев Б.Э, ва дигарон ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Соатхои  ба фаннхои тахассуси ҷудошуда  хамаги 14803  соатро ташкил медиҳад, ки барои соли тахсили 2018-2019  ба сарбории омўзгорон таќсим шудааст. таќсимоти соатхо аз мохи август ба сарбории омўзгорон ворид карда шудааст. Аз рўи ин таќсимот ба сари ҳар як омўзгори асосӣ 1,5 ва ҳамкор 0,75 соати дарсӣ таќсим карда шудааст.

Дар таќсимоти соатхо бинобар сабаби нарасидани омўзгорони тахассусӣ ба сарбории омўзгорони  њамкор соатњои иловагї дар хаҷми 0,25 ё 0,5 соат низ ворид карда шудааст.

Кафедра  маќсад дорад, ки ҷихати минбаъд, кори таълиму тарбияро хуб ба рох монда кадрҳои унвондорро ҷалб намояд. Дарсхо хамарўза дар соатхои муайяншуда гузаронида мешавад. Иштироки донишчўён ба дарсҳо аз тарафи кураторон ба низом дароварда мешавад. Омўзгороне, ки собиќаи кори доранд, мактаби тачрибаи устодони ҷавонанд.

Сари ҳар моҳ омўзгорони ҷавон ба дарси устодони бо таҷрибадор  даромада иштирок мекунанд. Тарзи дарсомўзиро аз худ менамоянд.

Мудири кафедра:                                         Холов М.А.