Маълумотномаи
                                               Кафедраи “Графика ва санъатшиносӣ
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон (ДДСТДТ) бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, № 144, таъсис ва бо фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013, № 96-ф, собиқ бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддини Беҳзод, воқеъ дар хиёбони Айнӣ-31, шаҳри Душанбе ба тавозуни донишкада гузаронида шудааст.
Факултети санъати тасвирї яке аз базањои  асосии тайер намудани мутахассисони соњаи рассомї дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тољикистон ба њисоб меравад. Факултет дорои кафедрањои асосии  пешбарандаи донишкада ба монанди Графика ва санъатшиносию  Мусаввирї ва њайкалтарошї мебошад.
Кафедраи графика ва санъатшиносӣ чун кафедраи пешбарандаи факултети санъати  тасвирӣ ба ҳисоб  рафта ва дар кафедра ҳайати  кормандони  кафедраи   «Графика ва санъатшиносӣ» 25  — нафар омӯзгоронро ташкил медиҳад.   Аз ин 15 нафараш омӯзгори асосӣ ва  6  нафараш  ҳамкор  ва  4 нафар ҳамкори дохилӣ   мебошад.
Айни ҳол дар кафедра 1 нафар профессор, 5 нафар дотсент, 2 нафар омӯзгори калон, 5  нафар омӯзгор, 12-нафар ассистент, ва 1 нафар мудири кабинет-лаборант кор ва  фаъолият мекунанд.
Таќсимоти соатҳо аз моҳи август ба сарбории омўзгорон ворид карда мешаванд. Аз рўи ин таќсимот ба сари ҳар як омўзгори асосӣ ва ҳамкор 0,75 соат то 1,75  соат воҳидӣ корӣ  дарс таќсим карда мешавад.
Оиди таъини кадрӣ дар кафедра дар асоси Низомномаи кафедра амал карда истодааст. Имсол кафедра  кори таълиму тарбияро хуб ба роҳ монда бисёр кадрҳои унвондорро барои таълиму фанни Таърихи санъат ба кор ҷалб намуд. Дарсҳо ҳамарўза дар соатҳои муайяншудаи ҷадвали дарсӣ гузаронида мешавад. Иштироки донишчўён ба дарсҳо аз тарафи кураторон назорат карда шуда  ба низом дароварда шудааст.
Маќсади асосї ва самти фаъолияти кафедра  барои дар оянда таъмин намудани кадрњои баланд ихтисоси соњаи рассомї дар љумњурї мебошад. Маќсади фаъолияти кафедраро ин тарбияи кадрҳои баланд ихтисоси санъати тасвирӣ аст. Ба ин маќсад  ҳар дарси  устод дар асоси барномаи кории таълимӣ ва барномаи силлабусҳо гузаронида мешавад.
Омўзгороне, ки собиќаи корӣ доранд, мактаби таҷрибаи устодони ҷавон мебошанд. Сари ҳар моҳ омўзгорони ҷавон бояд ба дарси устодони ботаҷрибадор ба монанди профессор Иброҳимов М.Ф., дотсент Бойназаров Б.  даромада иштирок кунанд. Тарзи дарсомўзиро аз худ менамоянд.
Хамчунин омўзгороне, ки фаъолияташон дар тарбияи шогирдон зиёд аст, аз ҷараёни дарси омўзгорони ҷавон дидан кунанд. Ҳар дарс тибќи наќшаи кори кафедраро муҳокима карда мешавад ва дар журнали иштирок дар дарсҳои ҳамдигари қайд карда шавад.   Муваффаќият ва камбудии дарс гуфта мешавад, фикру аќидаи омўзгорон дар журнали махсус ќайд карда мешавад.
Имсол як  устохонаи тахасусӣ ки ба кафедра таалук доранд, дар он ҷо мошини офортӣ ва барои иҷро кардани корҳои чопии графикӣ рангу мавод муҳайё карда шудааст. Синфхона 305 ро барои фанни таърихи санъат мутобиқ шудааст.
Сари ҳар моҳ ҷаласаи кафедра дар асоси наќшаи кории кафедра сурат мегирад ва масъалаҳое, ки барои пешравии таълиму тарбия мусоидат мекунанд баррасӣ  карда мешавад. Нусхаи суратҷаласаҳо дар папкаи махсус нигоҳ дошта мешавад. Ҳамарўза иштироки донишчўён аз тарафи коргузори кафедра ба ќайд гирифта мешавад. Ба донишчўёне, ки ба дарсшикании бесабаб роҳ додаанд бо якчоягӣ бо садорати факултет тибќи Низомномаи мактаби олӣ ҷазоҳо муќаррар карда мешавад.

Мудири кафедра:                                        Хоҷаев Ф.С.