Thursday, March 28, 2024

Кафедраи тарҳрезии бадеии либос

Кафедраи тарҳрезии бадеии либос зерсохтори таълимии факултети дизайни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар байни донишҷуён ва омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, тарбиявӣ ва методиро ба роҳ мемонад, ки он бо қарори Шӯрои олимони донишкада ташкил шудааст. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад, ки ӯ бо тариқи овоздиҳии пинҳони дар Шӯрои олимони донишкада ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешавад.

Кафедраи таҳрезии бадеии либос мувофиқи талаби замон дар ҳамаи факултетҳои донишкада барои ҳамаи тахассусҳо донишҷуёнро бо мақсади аз худ намудани донишҳои зарурӣ оид ба ихтисосҳои дизайни маҳсулоти бофандагӣ ва дизайни костюм ва газвор таълим медиҳад.

Айни замон дар кафедра таълим аз рӯи се ихтисос ба роҳ монда шудааст:

19010105 – дизайни костюм ва газвор;

1901010504 – дизайни маҳсулоти бофандагӣ

Кафедра дар гузаронидани як қатор намоишҳои сатҳи дохилидонишкадавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ муваффақ шуда, омӯгорон ва донишҷӯёни он бо мукофотҳо қадрдонӣ гардидаанд. Дар кафедра ба донишҷӯён омӯзгорони ботаҷриба ва мутахассисони ҷавон дарс медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки кафедра дорои синфхонаҳои тахассусӣ буда он бо мошинаҳои дазрдузӣ ва дигар асбобҳои барои ихтисосҳо лозима муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки ба донишҷӯён дар ҳамон синфхонаҳо дарсхонда мешавад. Ин ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар баробари омода намудани лоиҳаҳо (акси либос ё маҳсулоти бофандагӣ) онҳоро низ бо кӯмаки устоди худ дузанд.

Таълими фанҳои тахассусӣ дар Кафедраи тарҳрезии бадеии либос имкон медиҳад, ки донишҷӯён бо таърихи санъат, қоидаю усулҳои таҳияи тарҳрезии либосҳо, планшетҳои шакли гуногун, инчунин бо нозукиҳо дар либосҳо (тибқи супоришҳои фардӣ), тарҳрезӣ ва технологияи онҳо шинос мешавад.

Боз моҳе як маротиба дар синфхонаҳои тахассусии кафедра омӯзгорон ба донишчӯён дарси маҳорати касбӣ (мастер – класс) баргузор менамоянд, ки ин бо донишҷӯён имкон медиҳад боз ҳам маҳорати касбии хударо сайқал диҳанд. Пас аз ҳар як нимсолаи таҳсил дар сатҳи кафедра намоиши корҳои семестрӣ баргузор карда шуда, аз рӯи натиҷаи он ба малакаи касбии донишҷӯён баҳои воқеӣ гузошта мешавад. Бахусус ҷараёни ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ва корҳои ниҳоии хатмкунандагон басо дилангез сурат мегирад.