Раёсати донишкада фаъолияти худро бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои корӣ ва раванди таълим ба роҳ  монда  истодааст.

Бахши магистратураи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар асоси фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.04.2017 № 1383 таъсис ёфта, фаъолияти таълимиро аз руи 11 ихтисос ба рох мондааст. Ҳоло бошад аз руи 6 ихтисос ба донишҷӯён дарс хонда мешавад. Аз онҳо 13-нафар гурӯҳи буҷетӣ ва 24-нафар ба тариқи шартномавӣ таҳсил карда истодаанд, ки раванди таълим бо тариќи  низоми  кредитӣ сурат мегирад. Барои фаъол гардонидани кори магистратура шабакаи комютерӣ дар Донишкада фаъол гардонида шуда, минбаъд имтиҳонҳо ба воситаи копютерҳо гузаронида шаванд.

   ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН

озмуни қабул ба магистратура барои соли   таҳсили  2018 — 2019 аз рӯйи ихтисосҳои зерин  эълон  менамояд:

Т/Р

 Рамзи ихтисос

Номгӯи ихтисосҳо

Зинаи таҳсилот

Имконияти қабул

Рӯзона

Фосилавӣ

1.

1-02020201

Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ. Санъати тасвирӣ

Магистр

25

0

2.

1-03010601

Санъати тасвирӣ. Ҳунарҳои халқии бадеӣ Магистр 25

0

3.

1-150101

Мусаввирӣ Магистр 10

0

4.

1-15 01 01 02

Мусаввирии театрӣ-ороишӣ Магистр 10

0

5.

1-150102

Санъати муљассамавӣ-ороишӣ Магистр 10

0

6.

1-150103 Ҳайкалтарошӣ Магистр 10

0

7.

1-150104

Графика (сиёҳќаламавӣ) Магистр 10

0

8.

1-150201

Санъати ороишӣ-амалӣ Магистр 45

0

9.

1-190101

Дизайн (аз рӯи самтҳо) Магистр 45

0

10.

1-21040203

Санъатшиносӣ Магистр 25

0

11.

1-26020103

Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ Магистр 25

0

12.

1-31030408

WEB-дизайн ва графикаи компютерӣ Магистр 25

0

13.

1-500102

Тарҳрезӣ ва  технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ Магистр 25

0

14.

1-69010104

Назария ва таърихи меъморӣ Магистр 25

0

 

15.

1-69010106

Меъмории манзаравӣ Магистр 10

0

Ҳамагӣ:

325

0

     Қоидаҳои қабул ба магистратураи Донишкадаи давлатии санъати  тасвирӣ ва  дизайни Тоҷикистон

Ба магистратураи донишкада донишҷӯёне, ки бо қарори Комиссияи давлатии аттестатсионӣ тавсия  шудаанд ва аз рӯи равияи интихобнамудаашон дипломи бакалавр ва ё мутахассис доранд, тариқи сӯҳбат қабул карда мешаванд.

Дар донишкада барои  шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратураи донишкада имтиҳони ҳатмӣ месупоранд.

Агар дохилшавӣ ба магистратураи донишкада дар соли хатмкунии довталаб ба вуқӯъ пайвандад, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии байнифаннӣ аз рӯи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳонии ҷамъбастии ихтисос аз “хуб” паст набошад). Дар мавриди “қаноатбахш” будани баҳои ҷамъбастии байнифаннӣ довталаб  имтиҳони дохилшавӣ  месупорад.

    Шахсоне, ки ба  магистратураи донишкада дохил мешаванд,  ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод  менамоянд.

  • аризаи шахси ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва барномаи магистрӣ (тахассусӣ);
  • 6 сурати андозаи 3 х 4 см.
  • дипломи таҳсилоти олии  касбӣ; бо замима (нусхаи асл),
  • тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ ба магистратура;
  • маълумотномаи тиббӣ 086 — у.
  • нусхаи шиноснома.
  • реферат (аз рӯи самти ихтисосҳои эҷодӣ)  пешниҳод намуда,  имтиҳонӣ  маҳорати  касбӣ  ва тариқи сӯҳбат   аз озмун  мегузаранд.
  • дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забони хориҷӣ, таҷрибаи кор дар компютер, ифтихорномаҳо, нусхаи мақолаҳо ва ғайра.
  • қабули ҳуҷҷатҳо дар комиссияи қабули донишкада аз рӯи равия ва ихтисос аз 01.08. то 15.08.2018 сурат  гирифта, имтиҳонҳо тариқи суҳбат 25.08.2015 баргузор мешавад.

                       Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Айнӣ – 31 телефон барои  маълумот: 227-58-63;    900-84-48-93.