Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо бо мақсади татбиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои муассисаҳои таълимии олӣ, миёнаи касбӣ ва миёнаи умумӣ ва дигар кормандони соҳа фаъолият менамояд. Такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи санъати тасвирӣ ва дизвйни Тоҷикистон яке аз қисматҳои мухимтарини низоми таҳсилот буда, дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва инкишофи корҳои эҷодӣ ва нерӯи зеҳнии омӯзгор нақши муайянкунанда дорад.
Бахши мазкур аз соли 2021 фаъолият намуда истодааст. Низомномаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишкада бо қарори Шӯрои олимон аз 01.02.2021, №08, тасдиқ шудааст. Ҳамасола тибқи нақшаи бахш омӯзгорони муассиса ва дигар муассисаҳои тахассусии соҳаи фарҳанг, санъати тасвирӣ ва дизайн аз такмили ихтисос мегузаранд.

Давлатмамадова Фарзона Шакармамадовна
мудири Бахши такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо
Давлатмамадова Фарзона Шакармамадовна 14 сентябри соли 1992 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 2014 факултети муносибатҳои байналмиллалии Донишгоҳи гуманитарии шаҳри Бишкеки Ҷумҳури Қирғизистонро бо ихтисоси дипломат хатм намудааст. Аз моҳи январи соли 2015 дар Донишкада кор мекунад.
