Friday, March 29, 2024

Кафедраи санъатшиносӣ

Кафедраи “Санъатшиносӣ”-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон кафедраи навтаъсис буда, моҳи сентябри соли 2019 дар асоси Қарори Шӯрои олимони Донишкада таъсис ёфтааст.

Кафедра зерсохтори таълимии факултаи “Санъати тасвирӣ” ба ҳисоб рафта, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва методиро ба роҳ мемонад.

Айни ҳол дар кафедра 13 нафар фаъолият доранд, ки аз он 1 доктори илм, 3 номзади илм, 8 омӯзгор ва мудири кабинет-лаборант фаъолият доранд.

Дар назди кафедра 3 синфхона мавҷуд буда, ҳамаи онҳо бо доскаҳои электронӣ ва яке аз онҳо (синфхонаи 303) бо 10 компютер муҷаҳҳаз мебошад. Ҳамаи дарсҳои омӯзгорони кафедра ба таври электронӣ ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорон дар рафти дарс дар баробари лексия боз тавассути презентатсия дарсҳои амалиро ба роҳ мондаанд.

Кафедраи Санъатшиносӣ кафедраи тахассуси буда, хатмкунандагони қариб ҳамаи ихтисосҳои донишкада аз фанни таърихи санъат имтиҳони давлати месупоранд. Бинобар ин мо кушиш намуда истодаем, ки дар оянда мутахассисони соҳавиро ба кор ҷалб намоем.

Кафедра мақсад дорад ки ҷиҳати минбад беҳтар намуданӣ кори таълиму тарбия кадрҳои унвондорро ба кор ҷалб намояд. Бояд қайд кард ки дар кафедраи Санъатшиносӣ мутахасисонӣ соҳа ба монанди профессор Иброҳимов М. Ф., дотсент Одиназода Б. Э.,  Ёғибекова Б. Т., Сайфуллоева Ш. И., Гафуров А. М., Сарыева К. Н., Ганибаева С. З., Хостихудоева О. Ҳ., Сафарова З., Муҳаббатова Г. Ҳ. Фаъолият доранд.

Новобаста ба навтаъсис будани кафедра, омӯзгорони мо тавонистанд, ки дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмии худ иштирок намоянд. Аз ҷумла омӯзгорони ҷавони мо Сариева Камила Насриддиновна ва Ганибаева Севара дар Симпозиуми байналмилалии ИДМ, ки моҳи ноябри соли 2019 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “Идентификация стран Центральной Азии” ва Симпозиуми байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Арманистон таҳти унвони “Трансформация градостроения и культурного наследия в пост советских странах и во времени”, ки моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, ҳамчун намояндагони соҳаи санъатшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Инчунин дар назди кафедра маҳфили илмии “Дунёи санъат” ташкил карда шудааст, ки ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа соати 14 баргузор мегардад, ки дар он устодон ва донишҷӯёни факулта бо маърӯзаҳои худ иштирок менамоянд. Мақсади асосии ташкили маҳфили мазкур аз он иборат аст, ки дар байни устодону донишҷӯёни донишкада доир ба таърихи санъти миллӣ ва ҷаҳон маълумотҳои бештарро расонида, ба воситаи ин сатҳи ҷаҳонбинӣ ва тарзи дурусти ибрози ақидаи донишҷӯёнро аз курсҳои поёни омода намудан мебошад.