Исупова Рузафзун Айнуллоевна
Раиси шӯрои занон ва донишҷӯдухтарон
ruzafzun.isupova@mail.ru

Дар давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон  мақоми зан  боз ҳам фарогир шуда, имконияти иштироки  фаъоли онҳо  дар тамоми  бахшҳои  иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии кишварамон муҳайё карда  шудааст.Шурои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишкада фаъолияти  худро дар заминаи сиёсати давлат оид ба маориф, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  фармонҳо ва супоришҳои Ректори ДДСТДТ  ба роҳ мондааст.

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикитсон зиёда аз 86 нафар занону духтарон кору фаъолият мекунанд. Дар шӯъбаҳои  рӯзона, ғоибона ва магистратураи донишкада  837 нафар  духтарон таҳсил менамоянд. Ба тариқи квотаи Президентӣ аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишвар дар донишкада  5  нафар донишҷӯдухтарон ба таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд.