Thursday, December 26, 2024

Бахши ҷавонон

 

САИДОВ НАВРӮЗ ҶУМЪАЕВИЧ

мудири бахши чавонон

Тел:(+992)-98-823-60-64

Email: navruz.saidov.9492@mail.ru

 

 

 

Бахши ҷавонон дар сохтори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз шохаҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон  ба шумор меравад, зеро рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ин артиши бузург,яъне ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.”

Бахши ҷавононидонишкада низ субъектҳои татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар доираи принсипҳои зерин кору фаъолияти хешро ба роҳ мондааст:

  • тарбияи мутахассисони аз ҷиҳати касбӣ, равонӣ ва сиёсӣ устувор, ки қобилияти касбии худро дар шароити гуногунии моликият ва ноустувории иқтисодиву сиёсии ҷаҳони муосир татбиқ карда тавонанд;
  • тарбияи ҷавонони аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр ва дорои дониши сатҳи баланди касбӣ, ки қобилияти ба ҷомеа таъсиррасонӣ низ дошта бошанд;
  • тарбияи мутахассисони дорои ахлоқи ҳамидаи инсониву касбӣ.

Бахши ҷавонон кори худро мутобиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ”,  “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин барномаҳои давлатии “Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон”, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон то соли 2020” ва пай дар пай амалигардонии “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият намуда истодаст.