Исупова Рузафзун Айнуллоевна
Мудири бахши магистратура
ruzafzun.isupova@mail.ru
  1. Муқаррароти умумӣ:

1.1. Ба вазифаи мудири бахши магистратура шахсе таъин карда мешавад, ки дорои маълумоти олии касбӣ ва собиқаи илмӣ ё ин ки илмӣ педагогии на камтар аз се сол дошта бошад.

1.2. Мудири бахши аспирантура ва магистратураро бо пешниҳоди муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ ректори донишкада ба вазифа таъин ва озод мекунад.

1.3. Мудири бахши магистратура бояд инро донад:

  • қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқиро оид ба самти фаъолияти худ;

  • Тартиби ба қайдгирии ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатгузории бахши аспирантура ва магистратура.

  1. Ҳуқуқҳои мудири бахши аспирантура ва магистратура

2.1 Бахши аспирантура ва магистратура ҷузъи сохтории мустақили муассиса буда, ба муовини ректор оид ба корњои илмї тобеъ мебошад.

2.2. Мудири бахши аспирантура ва магистратура ҳуқуқ дорад:

  • барои амалисозии вазифаҳои бахш аз тамоми сохтор ва хадамот, сарфи назар аз тобеият, маълумоти заруриро дастрас намояд;
  • дар муассиса аз болои иҷрои барномаҳои аспиранти ва магистрӣ назорат барад;
  • дар машғулиятҳои таълимӣ, ҷаласаи кафедраҳо ва Шӯрои олимони муассиса ҳангоми баррасии масъалаҳои вобаста ба иҷрои барномаҳои тайёр кардани аспирантураон ва магистрантон иштирок намояд;
  • фармоишҳои ба фаъолияти аспирантура ва магистратура дахлдорро, ки иҷрои онҳо барои факултетҳо ва кафедраҳо ҳатмист, интишор кунад;
  • лоиҳаи санадҳои меъёрии муассисаро дар самти фаъолияти аспирантура ва магистратура таҳия созад;
  • манфиатҳои муассисаро дар қисмати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи бахши мазкур гузошташуда дар ташкилотҳои дигар манзур кунад;
  • оид ба такмили фаъолияти бахш ба роҳбарияти муассиса пешниҳодҳо ирсол кунад;
  • ҷиҳати таъмини фаъолияти мунтазаму босамари бахш аз компютерҳо, таҷҳизоти нусхафзо ва техникаву захираҳои дигари дар муассиса мавҷуд буда васеъ истифода намояд.
  1. Уҳдадориҳои мудири бахши аспирантура ва магистратура:

Мудири бахши аспирантура ва магистратура уҳдадор аст:

  • ба фаъолияти бахш роҳбарӣ мекунад;
  • ташкили кори он, иҷрои вазифа ва масъулиятҳои онро, ки Низомнома муайян кардааст, инчунин иҷрои амру фармоиш ва супоришҳои роҳбарият, қарорҳои  муассисаро таъмин созад;
  • оид ба такмили фаъолияти бахш, баланд бардоштани самаранокии кори он ба муовини ректор оид ба илм пешниҳодҳо манзур кунад;
  • роҳбарии бевосита ва назорати фаъолияти бахшро амалӣ кунад;
  1. Ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои донишкада

4.1.  Ҳамкории бахш бо дигар сохторҳои донишкада дар асоси вазифа ва корҳое, ки низомнома ба уҳдаи бахш вогузор кардааст, ба роҳ монда мешавад.

  1. Бахш ҳамкорӣ мекунад:
  • бо комиссияи қабули  оид ба масъалаҳои интихоби довталабон, қабули онҳо ва парвандаҳои шахсии онҳо;

  • бо кафедраҳои пешбар, садорати факултетҳо ва сохторҳои дигари муассиса аз рӯи масъалаҳои умумӣ ва масоили пешбурди барномаҳои магистрӣ;

  • бо бахшҳои хизматрасонии пулакии таълим оид ба масъалаҳои бастани шартнома ҳангоми қабул, барқарорсозӣ, интиқол ва хориҷкунӣ;

  • бо муҳосботи муассиса оид ба масъалаҳои ҳисобӣ кардани пардохти таҳсилоти магистрантон дар ҳолатҳои барқароршавӣ, интиқол ва хориҷшавӣ;

  • бо раёсатњо (шуъбањо)-и илм ва таълимӣ-методӣ оид ба масъалаҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳо, ташкил ва банақшагирии раванди таълим, истифодаи фонди аудиторӣ, ҷадвали дарсҳо;

  • бо шуъбаи кадрҳои муассиса дар хусуси баҳисобгирии ҳайати магистрантон ва кормандони бахш;

  • бо китобхонаи муассиса оид ба масъалаҳои хизматрасонии фавриву китобхонавӣ ва иттилоотӣ-библиографии магистрантон;

  • бо кумитаи иттифоқи касабаи муассиса оид ба масоили хусусияти иҷтимоӣ-маишӣ, инчунин, бо сохторҳои дигар ҷиҳати иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои ба зиммаи бахш вогузоршуда;

  1. Масъулият

мудири бахши аспирантура ва магистратура барои қонуншиканиҳо, дигар рафторҳои ноҷои худ, бемасъулиятӣ, ба таври дахлдор ва ё умуман иҷро накардани ӯҳдадориҳои кории худ дар асоси муқаррар кардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар мебошад.

      Бахши магистратураи  донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 

Раёсати донишкада фаъолияти худро бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳои корӣ ва раванди таълим ба роҳ  монда  истодааст.

Ба магистратураи  донишкада магистрантоне, ки бо қарори комисияи давлатии атестатсиони бо фармони №13 аз 30.08.2017 тавсия дода шуда буданд  аз рӯи равияи интихоб намудаашон, онҳое, ки  дипломи бокалавр ва ё мутахассис доранд, аз тарафи комиссияи қабул тариқи сӯҳбат қабул карда шуданд.

Бахши магистратураи донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар асоси фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.04.2017 № 1383 таъсис дода шуд. Фаъолияти таълими аз руйи  11 ихтисос  фаъолияташро оғоз карда. Аз руйи 6 ихтисос магистрантонро қабул намуданд.

Айни ҳол 29 магистрант дар курси дуюм таҳсил намуда истодаанд. 18 нафарашон шартнома 11 нафарашон бо тариқи  бучети таҳсил намуда истодаанд.

  1. Санъатшиносӣ
  2. Дизайн дохили бино
  3. Меъмори манзаравӣ
  4. WEB — дизайн ва графикаи компютери
  1. Дизайни  костюм ва газвор

Дар соли 2018 мувофиқи нақшаи қабул ба зиннаи магистратура  13 ихтисос буд, ҳоло дар курси 1-ум,  аз руи 3 ихтисос фаъолият намуда истодаанд.

  1. Санъати тасвирӣ нақшакашӣ,
  2. Дизайни робитавӣ дар соҳаи истеҳсоли ва хизматрасонӣ,
  3. Дизайни дохили бино.

Магистрантони қабулшуда  21  магистрантоне, ки дар курси якум таҳсил менамоянд 15 нафарашон шартнома, 6 нафарашон буҷет мебошанд.

Айни ҳол ҳамагӣ 50  магистрант, 22-зан, 28-мард, 17 нафар ройгон, 33 нафар шартнома  таҳсил намуда истодаанд.

Теъдоди омӯзгороне, ки дар бахши магистратура дар соли 2018-2019 дарс мегӯянд  14 нафар мебошанд:

Профессор  – 2,

дотсент         -4,

и.в.дотсент – 3,

ассистент     — 5.