Имрӯз — дар интиҳои даҳсолаи аввали асри XXI низ инсоният таҳти таъсири хатару таҳдидҳои умумибашарӣ, ба монанди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷинояткориҳои трансмиллӣ, фалокатҳои экологиву офатҳои табиӣ ва паҳншавии бемориҳои муосири сирояткунанда қарор дорад.

Дар фазои муосири муносибатҳои байналмилалӣ тамоюли болоравии нақши нерўҳои (акторон) ғайридавлатӣ ба назар мерасад. Фаъолияти чунин омилон аз сатҳи дохилӣ ва минтақавӣ берун омада, хислати ҷаҳонӣ касб менамояд. Амали чунин нерўҳо кофист, ки низоми ҳудуди минтақа, муносибати байни минтақаю давлатҳои абарқудрат, инчунин муносибатҳои байни давлатҳоро тағйир диҳад. Аз ин лиҳоз, пажўҳиши нақши омилони ғайридавлатӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ муҳим мегардад. Баъди ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар ин росто ба яке аз ин нерўҳо –« терроризм» диққати махсус зоҳир карда шуд.

Дар оғози асри ХХI кулли башарият шоҳиди он мешавад, ки пурзуршавии ҳамкориҳо ва аз ҳамвобастагии давлатҳо дар олам зиёд мешавад. Ин раванд дар адабиёти илмӣ ҳамчун ҷаҳонишавии равандҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ ифода карда мешавад.

Дар охири асри гузашта раванди ҷаҳонишавӣ (глобализатсия), ки дар худ на танҳо иқтисодиёт, балки фарҳанг, сиёсат, экология, технологияро ифода мекунад, ба андешаи ман, марҳилаи нави пешрафти на танҳо давлатҳои алоҳида, балки муносибатҳои байнидавлатиро пешбинӣ намуд, яъне ҷаҳонишавӣ ба пешрафти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таъғиротҳои зиёд ворид намуд. Инчунин мавриди зикр аст, ки ҷаҳонишавӣ дар давлатҳои исломӣ ҳамчун паҳн намудани арзишҳои ғарбӣ бо роҳи зуроварӣ қабул карда мешавад, аз ин сабаб, роҳи ягонаи пешгири намудани ҷаҳонишавӣ дар кишварҳои исломӣ, Ислом мебошад. Ислом дар олами муосир ба яке аз қудратҳои бузург табдил ёфта истодааст. Дар ин маънӣ, инчунин проблемаи экстремизми диниро аз назар дур набояд сохт.

Пурзуршавии нақши сохторҳои транснатсмилиро на танҳо дар иқтисодиёт, инчунин дар сиёсати байналмилалӣ метавон дид. Дар сатҳи сиёсати байналмилалӣ кишварҳои дунё бо проблемаҳои, аз қабили таъминоти устувории стратегӣ ё ин, ки мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ҳамчун ҷузъи сиёсати давлатӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ҷаҳонишавии терроризм ё ин ки ҷиноятҳои муташаккилонаи байналмилалӣ, ҳамкориҳои наздики тамоми кишварҳои дунёро дар сатҳи сиёсӣ ва ташкили сохторҳои трансмиллӣ барои муваффақ намудани ҳамкориҳои муштарак, равона мекунад.

Терроризм дар айни замон силоҳ ва олати пурқудратест, ки на танҳо дар мубориза бар зидди ҳокимият истифода мегардад, балки дар аксар маврид онро баъзе худи ҳокимиятҳо барои расидан ба ҳадафҳои худ мавриди истифода қарор медиҳад.

Яке аз масъалаҳои калидии омўзиши терроризми байналмилалӣ муайян кардани шароити ташаккулёбӣ ва пайдо гаштани он ҳамчун хатар дар фазои муосири муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Ба назари мо, таҳлили шароити мазкур бояд дар сатҳи минтақавӣ сурат бигирад, ки имкон медиҳад, аз умумиятдиҳии барзиёди масъала сарфи назар карда, махсусиятҳои фазои минтақавӣ ҷудо карда шавад.

Дар маърузаи мазкур шароити ташаккули фазои сиёсӣ, ки ба терроризми байналмилалӣ нигаронида шудааст, дар мисоли Осиёи Марказӣ ба таҳлил мерасад, ки он ду сабаб дорад. Қабл аз ҳама, Осиёи Марказӣ, ки аслан дар канори муносибатҳои байналмилалии муосир мавқеъ дорад, бинобар амалиёти «Endurinq Freedom» дар Афғонистон бевосита ба мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ кашида шудааст. Сабаби дуюм аз он иборат аст, ки фаъолияти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар масъалаи амният аз терроризми байналмилалӣ намуна ҳисоб меёбад.

Террор ва терроризм проблемаи ҷомеаи башариест, ки тамоми марҳилаи ҳаёт мушоҳида карда мешуд. Чи тавре ки тадқиқотчии рус С.У. Дикаев қайд мекунад, асоси ҷиноят , равандҳои террор ва терроризм ин низоъҳои ҳалнашуда дар тули асрҳо мебошад. Низоъҳои асрҳо , ки дар шаклҳои гуногуни террор ва терроризм зуҳур меёбанд, ки аз насл ба насл дар сатҳи беихтиёрии дастаҷамъи бо ҷангҳо , террор ва терроризми даҳшатовар инсониятро ба даҳшат меоранд ва барои ин боз ҳам яроқҳои нав кашф мекунанд. Тироборон кардани туристҳои Луксор (Миср), моҳи ноябри соли 1997., терракт нисбати 4 нафар кормандони СММ дар ноҳияи Нурободи Ҷумуҳрии Тоҷикистон, моҳи июли соли 1998., тарконидани хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳрҳои Федерацияи Россия, моҳҳои сентябр октябри соли 1999., воқеаҳои 11 сентябри соли 2001 дар ИМА., 12 октябри соли 2002 дар ҷазираи Бали (Индонезия)., 15 20 ноябри соли 2003 дар шаҳри Истанбули Туркия., 11 марти соли 2004 дар шаҳри Мадриди Испания., фоҷиаи Беслан 1 3 сентябри соли 2004., 13 октябри соли 2005 дар шаҳри Налчик., таркишҳо дар 2 стансияи метро дар шаҳри Москва, 29 марти соли 2010 ва дигар фоҷиаҳо, аз он далолат медиҳанд, ки ягон кишвари дунё аз терроризм эмин нашудааст. Аз ин рӯ ягон шахс наметавонад амнияти худро мутлақ ҳисобад.

Терроризм чун падидаи махсуси ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ таърихи тўлонӣ дорад, ки онро надониста, манбаъҳо ва амали терроризмро дарк кардан душвор аст. Ҳарчанд рўйирост бояд гуфт, ки дар террори муосир пардапўшӣ ва самтгирии қаблии идеологии баландпарвозонаи аз ҷониби худи он муаррифишаванда мавҷуд нест. Тарзи амали аксари ташкилотҳои террористии муосир, гурўҳҳо ва шахсони алоҳида аз «ғояҳои баланд» хеле ва хеле дур мебошанд. Алъон ба ин масъала аз ҷониби аҳли ҷомеа ва доираҳои бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардида, дар ин бобат китобҳо ва маҷаллаҳои махсус ба нашр мерасанд. Аз ҷониби дигар, мақомоти давлатӣ низ дар рў ба рўи воқеияти террор қарор дошта, маҷбур аст, ки ба таҳияи стратегия ва тактикаи муборизаи зидди он машғул гардад.

Терроризм дар ҳамаи намуду нишондод, миқёсу шиддатнокӣ ва бо ваҳшигарию бераҳмии худ имрӯзҳо ба яке аз проблемаҳои ҷиддӣ ва умдаи рӯз мубаддал гаштааст. Пайдоиши терроризм аз паси худ қурбониҳои зиёди одамон, нобудшавии арзишҳои маънавӣ, моддӣ ва фарҳангиро ба миён меорад, ки тули қарнҳо наметавон онҳоро барқарор кард.

Хусусият ва сатҳи тамаддуни муосир дар мавҷуд будани масоили доғи глобалӣ, ки натанҳо ба сарнавишти ашхоси алоҳида, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, миллат, синф, минтақа, қитъа, балки ба тамоми башарият дар маҷмуъ алоқаманд аст, инъикос мегардад.

Пасманзари начандон дилхуши раванди муосир бо мавҷудияти масоили бисёр шадид, вазнинтар мегардад, ки ҳаммоли ҷузъ ва маҳаки бехатарӣ аст – ин проблемаҳои терроризм мебошад.

Кашфиёти сарчашмаҳои таърихии терроризм, аломатҳои хоси ӯ, оғози иҷтимоӣ, тамоюли рушд ва омода намудани чораҳои огоҳкунанда барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дерҳо аллакай чизи нав ҳисоб намешаванд. Ҳарчанд барои ҷамъият ва давлати мо ин масъалаҳо фақат таи чанд соли охир зуҳур карданд, вақте ки тағйиротҳои ҷиддӣ дар равобити сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба амал омданд. Ташхиси маълумотҳои оморӣ дар тамоми ҷаҳон тамоюли афзоиши содиршавии намудҳои гуногуни террорро нишон медиҳад. Аллакай дар солҳои 1960-1980 дар бисёр кишварҳои ҷаҳон терроризм, ҷасорати зиёд пайдо карда буд. Тибқи маълумотҳои маҷаллаи “интеренешинал секюрити ревю” (International security review) таи солҳои 1970-1978 5534 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар солҳои 1981 тибқи хабарҳои маҷаллаи “Ҷорнал оф енд дипломеси” (Journal of end diplomasy) 2007 амали террористи аз ҷониби 125 гуруҳи террористӣ, ки дар манотиқи мухталифи курраи замин (асосан дар 50 давлат) фаъолият доранд, содир шудааст. Маълумотҳои соли 1985 афзоиши шумораи ин амалҳоро ба 15% нишон медиҳанд. Маҷалла ба категорияи амалҳои террористӣ мансуб медонад: истисмор, тамаъҷуӣ, буҳтон ва дигар амалҳо, ки ба муқобили моликият ва манфиатҳои шаҳрвандон равона шудаанд. Агар дар солҳои1980 шумораи амалҳои террористӣ ба ҳисоби миёна ба 500 мерасид, пас тибқи маълумотҳои маҷаллаи мазкур соли 1984 ин шумора ба -700 ва соли 1985 мутаносибан ба 800 адад расид. (60% зиёд)

Дар шарҳи ҳарсолаи амрикоӣ оиди терроризм қайд мешавад, ки тамоюли ин бо ноустувории камтар инкишоф ёфтан гирифт. Соли 1987- 832 ва соли 1989- 856 амали террористӣ ба амал оварда шуд. Афзоиши шумораи амалҳои террористӣ баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва лагери сотсиалистӣ зиёд шуданд. Солҳои 1995-1997бошад амалҳои террористӣ бераҳмона содир мешуданд. Муташаккилӣ, мусаллаҳшавӣ ва муттаҳидии гурӯҳҳои террористӣ, алоқаҳои байни созмонҳои террористӣ афзудан гирифтанд. Шумораи қурбониёни терроризми байналмилалӣ зиёд шуданд, агарчи миқдори амалҳои террористӣ коҳида бошад. Террористон беш аз беш яроқу аслиҳаи аз ҳад марговар истифода мекунанд, бар зидди мардуми осоишта. Ҳаминтавр соли 1996 миқдори терактҳои байналхалқӣ, агарчи кам шуданд, вале шумораи фавтидагон аз 177 (1995) то ба 311 (1996) нафар афзуд. Дар соли 1996 аз дасти террористон 2652 нафар ярадор карда шуданд. Дар натиҷа танҳо як таркиш дар Шри Ланка 90 нафар ҷони худ аз даст доданду 1400 нафари дигар захм бардоштанд.

Бояд қайд кард, ки мушкилоти масъалаи ҷабри сиёсӣ сабабгори мавҷудияти терминҳои гуногун, ки барои ташхиси он истифода бурда мешавад, аз ҷумла “экстремизм”, “террор” ва “терроризм”, ки басо худсарона маънидод мешаванд. Манбаъд ва асоси (бунёди) дар гурӯҳи мазкур мафҳумҳои ба ҳам алоқаманд ва вобаста – “экстремизм” ба ҳисоб меравад, ки бо ёрии он пайравӣ ба нуқтаи назари ҳаддӣ ва чораҳои амалкарди он дар сиёсат қайд карда мешавад. “Экстремизм” дар луғати сиёсии башарият мафҳуми тоза нест, зеро инсоният тули таърихи тулонии худ шоҳиди ҳодисаҳои зиёди зулму ҷабри сиёсӣ аст, ки дар намудҳои гуногун зоҳир гаштааст.

Амали “экстремизм” дағал карда гӯем ҳамсоли терроризм аст. Терроризм ин ҳирқи (феномен) ҷамъиятист, ки дар он истифодаи намудҳои гуногуни ҷабр ва таҳдид ва тарсонидани рақибон барои ба ҳадафи муайян расидан, дида мешавад. Мафҳуми “терроризм” дар адабиётҳои илмӣ, дар замони ҳозира ҳамчун амали созмонҳои мухолиф фаҳмида мешавад.

Калимаи “террор” аз забони лотинии terror-тарс, даҳшат омадааст. В.Маллисон ва С. Маллисон таърифи зеринро медиҳанд: “Терроризм ин истифодаи мунтаззами ҷабри фавқулода ва таҳдиди ҷабр барои расидан ба мақсадҳои умумӣ ва сиёсӣ мебошад.” Онҳо террорро барои ҳалли масоили сиёсӣ истифода мебаранд.

Бояд фарқияти “террор” ва “терроризм” – ро қайд намоем. Терроризм аз террор бо инҳо фарқ мекунад:

-Аввалан, терроризм- ё амали якбора аст ё ки якчанд амали ба ин монанд, на дорои хислати умумӣ, балки баръакс, хислати маҳалӣ дошта.

-Сониян, субъектҳои терроризм на ин ки беохиранд, умуман ягон ҳукумати расмии таъсисшуда аз болои контингенти он маҳале, ки амалиётҳои онҳо сурат мегирад, роҳбарикунанда надоранд.

-Солисан, агар террор – воқеияти иҷтимоӣ –сиёсӣ бошад, пас терроризм- падидаи хусусияти ҳуқуқӣ ҷиноӣ дошта мебошад ва зулму ҷабри онҳо барои мақсади муайян дар пасманзари бавуҷудовардашудаи ҳолати ваҳм хислати умумӣ надошта, балки хислати маҳаллӣ дорад.

Дар рафти баҳси масъалаҳо дар кумитаи 6 уми Маҷмааи Умумии СММ соли 1976 кӯшиш карда шуд, ки ба мафҳуми терроризм таърифе пешниҳод карда шавад. Ба ақидаи Р. Арон амали ҷабр ҳамчун террористӣ ҳисоб мешавад, вакте ки таъсири физикии он баръакс мутаносиб бошад ба натиҷаи ҳақиқии физикии он. Э. Арегача терроризмро ҳамчун амалҳое, ки худ ба худ намудҳои ананавии ҷиноят мебошанд , аммо қасдан ба мақсади овардани ваҳм ва бесарусомонӣ дар ҷомеа, вайрон кардани сохтори ҷомеа, беҳаракат кардани қувваҳои зидди террории ҷомеа ва зиёд кардани ғаму дарди ҷомеа амалӣ мешаванд, таъриф мекунад.

Дар луғати тафсирии В.И.Дал “маънии асосии ҳадафи террор қайд карда шудааст- таҳдиди ба марг, қатл, ҷабр.” Маънидоди “терроризм” аз ҷониби Дал ба мафҳуми ҳозираи “терроркунӣ” наздик аст: 1) тарсонидан, дар итоат нигоҳ доштан бо таҳдиди ҷабр ва нобудсозӣ; 2) иҷрои ҷазо бо роҳҳои ваҳшиёна ва азобу шиканҷадиҳӣ, паррондан ва ғ. С.И. Ожегов чунин ҷузъиётро таъкид мекунад: “террор – ин ҷабри ҷисмонӣ, то ҳадди нобудсозии ҷисмонӣ, дар муносибат бо рақибони сиёсӣ мебошад.

«Сатҳи глобалӣ (ҷаҳонӣ)» бо таҳрикот ва амниятгароии нерўҳои ҷаҳонӣ – давлатҳои абарқудрат (ИМА) ва ё давлатҳои бузург (Чин, Япония, Русия ва Иттиҳоди Аврупо) муайян карда мешавад. Бар хилофи қудратҳои минтақавӣ таҳрикоти нерўҳои ҷаҳонӣ дар як минтақа маҳдуд намегардад. Ба Осиёи Марказӣ Русия, Чин ва ИМА таъсири бештаре мерасонанд. Мавқеи Русия бо он муайян мегардад, ки он зарурати дар атрофи худ ташкил намудани маҷмўи амнияти минтақавиро, ғайри давлатҳои дигар, инчунин ба шумули давлатҳои Осиёи Марказӣ ба амал меорад. Ҳарчанд Русия ба андозаи хеле кофӣ дар ҳудуди амниятии осиёимарказӣ, бахусус дар соҳаи амнияти ҳарбӣ ҳамоиш ёфтааст, дар айни замон чунин маҷмўъ вуҷуд надорад.

Аз як ҷониб, Русия давлати заиф маҳсуб мегардад ва нисбати Осиёи Марказӣ стратегияи дақиқи давлатӣ надорад. Аз ҷониби дигар, ба Осиёи 1990 интизор мерафт, шиддати чандоне надошт ва омиле нагардид, ки Русияро ба гирифторӣ дар маҷмуаи ақалл (мини-комплекс) тела диҳад. Омили дигаре, ки ба сиёсати осиёимарказии Русия таъсир мерасонад, он аст, ки Осиёи Марказӣ худ ба худ иттиҳоди комил нест. Имконияти шомил намудани танҳо як қатор мамолики Осиёи Марказӣ ба маҷмўи амнияти минтақае, ки дар атрофи Русия бунёд меёбад, мавҷуд аст. Пеш аз ҳама Қазоқистон, ки бо сохторҳои гуногунҷабҳаи мавҷуда, масалан, Созмони шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ё Иттиҳоди гумрукӣ тасдиқ мегардад.

Дар ҳама ҳолат Русия кўшиш менамояд, ки Осиёи Марказиро ҳамчун минтақаи суботи хавфгардон, ки дар паҳншавии «таҳдидҳои нав ба амният» сарҳадди табиӣ мебошад, инчунин пешгирикунандаи хавфи табдил додани он ба сарчашмаи ҳамин гуна таҳдидҳо нигоҳ дорад. Равандҳои амниятонӣ ва ғайриамниятонӣ дар Русия аз ҷониби нерўҳои зери ҳимояти давлат, ки дар сиёсати давлатӣ нуфузи гуногун доранд, баргузор мегарданд. Аз ин лиҳоз, таъсири он ба маҷмўи ақалл барои нерўҳои ҳимояти давлатӣ ва транснатсионалӣ, ки алоқаи онҳо ё бо роҳи ҷинояткории муташаккили транснатсионалӣ (нашъаҷаллобӣ), ё бо роҳи молиявӣ ва истеҳсолӣ (саноати алюминий, саноати авиатсия, соҳаи нафту газ, истеҳсоли пахта) сурат мегирад, фазои мусоид фароҳам меоварад.

Вобаста ба маводи мақолаи мазкур ин ҷиҳат низ аҳамиятнок аст, ки Русия масъалаи терроризми байналмилалиро фаъолона ҷараён мебахшад, бештар алоқаи онро бо давлатҳои Осиёи Марказӣ муайян месозад: баҳонаи таъсис додани Созмони шартномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай хусусан мувофиқ омадан дар масъалаи амният аз терроризми байналмилалӣ мебошад.

Чин дар муқоиса бо Русия давлати ба андозаи кофӣ пурқувват аст, аммо барои Чин сатҳи дохилӣ, минтақавӣ ва глобалӣ муҳимтар аз муносибатҳоест, ки онро бо Осиёи Марказӣ мепайвандад. Дар Осиёи Марказӣ Чин ҳамроҳи Русия амал мекунад. Дар миқёси ҷаҳонӣ ин ҳамкорӣ дар ин асос бунёд мегардад, ки Чин пешсафии Русияро дар Осиёи Марказӣ эътироф менамояд (Blank 2000, Trenin 2001:130, 203). Ҳоло давлати Чин стратегияи мазкурро беҳтарин медонад, то ки суботро дар маҷмўи хурди осиёимарказӣ кафолат дода, бо ҳамин роҳ ба шўришгарони ўйғур дар Синсзян таъсир расонад.

Дар баробари ин, зина ба зина тақвият ёфтани мавқеи Чин дар Осиёи Марказӣ ҳамчун нерўи пешбар дар соҳаи амният ва иқтисодиёт ба амал омада истодааст. Ин тамоюл тавассути Созмони ҳамкории Шанхай ташаккул ёфта, нишондиҳандаи ҳолатест, ки эътирофи ноқобилии худи Русияро дар бобати таъмини нақш ва мавқеи Осиёи Марказӣ дар ҷаҳон ба намоиш мегузорад.

Назари ИМА бо назари амният дар Осиёи Марказӣ қабл аз ҳама дар сатҳи байниминтақавӣ – маҷмўъҳои амнияти минтақавии Шарқи Наздик, Осиёи Шарқӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, инчунин дар сатҳи ҷаҳонӣ – ҳамкории ИМА бо қудратҳои бузург – Русия ва Чин, ҳамчунин ҷамъи масъалаҳои умумиҷаҳонӣ, ба мисли терроризм, паҳн кардани аслиҳаи қатли Ом, ҷинояткории муташаккил ва маводи мухаддир бархурд менамояд. Фаъолияти ИМА баъди ҳодисоти 11 сентябри соли 2001, ташкил ёфтани «иттиҳоди зиддитеррористӣ» бо сарварии ИМА дар бобати ташаккул додани баррасии тозаи амнияти байналмилалӣ, ки дар он мубориза бо терроризми байналмилалӣ мавқеи марказиро дорад, шароити махсус ба вуҷуд оварданд.

Чунонки ба назар мерасад, барои муборизаи босамар алайҳи терроризм дар сатҳи давлатӣ ба роҳ мондани амалиёти бонизоми зидди даҳшатафканӣ зарур мебошад. Теъдоди кофии сохторҳои мавҷудаи махсусонидаи давлатиро метавон шартан сохторҳое ном бурд, ки алайҳи терроризм дар ҳолати омодагӣ қарор доранд. Зеро онҳо бештар ба гузаронидани амалиётҳои зўроварӣ ҳамоҳанг карда шудаанд, ҳангоме ки аллакай ҷиноят содир гаштааст. Зимнан, мубориза алайҳи терроризм пеш аз ҳама фаъолияти бомавқеи амалиётӣ мебошад, ки барои ошкор кардани ташкилотҳои террористӣ дар марҳилаи пайдоиш ва пешгирии аъмоли террористӣ дар давраи тарҳрезӣ ва омодагӣ имконият фароҳам меорад. Мушкилоти терроризм дар ҷаҳон на танҳо мавҷуд аст, балки сол ба сол шадидтар мегардад, хислати умумидавлатӣ касб менамояд, ки дар маҷмўъ ба таъмини амнияти миллӣ вобастагӣ дошта, бояд дар сатҳи баландтарини давлатӣ ҳаллу фасл гардад.

Таҳлили масъалаҳои марбут ба терроризми байналмилалӣ мутобиқи назарияи маҷмўи амнияти минтақавӣ имкон медиҳад, ки шароити зерин ҷудо карда шавад. Шароити мазкур имконияти асосии формулабандӣ ва пайдоиши мушкилоти терроризми байналмилалиро дар фазои сиёсии Осиёи Марказӣ инъикос менамояд:

Заифии давлатҳои Осиёи марказӣ ва мавҷуд набудани сохтори ҳақиқии маҷмўи амнияти минтақавӣ барои фаъолияти омилони ғайридавлатӣ фазои зарурӣ эҷод менамояд;

Хусусияти тартиби роҳбарииҳукуматҳои ҷумҳурии Осиёи марказӣ барои асоснок кардани озодиҳои сиёсию иқтисодӣ, саъйи сохторҳои қудратӣ ва нигоҳ доштани низомҳои давлатдории мавҷуда ба амниятгароӣ аз терроризми байналмилалӣ мусоидат менамояд;

Фазои сиёсии қабулкардаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ки ҳалқаи асосии он мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ маҳсуб меёбад ва муҳите, ки фаъолияти давлатҳои абарқудратро нисбат ба Осиёи Марказӣ муайян менамояд, барои амниятгароӣ аз терроризми байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар бобати хусусиятҳои асосии фазои сиёсии минтаќа сухан гуфта, ҳаминро қайд кардан ҷоиз аст, ки баъзе давлатҳои мазкур терроризми байналмилалиро дастак карда, аз пайдоиши масъалаҳои марбут ба сабабҳои амалҳои террористӣ, ки зидди низомҳои сиёсии мавҷудаи ин давлатҳо нигаронида шудаанд, худдорӣ менамоянд. Амалҳои тундгароӣ, ки давра ба давра пайдо мегарданду шиддати зоҳирнашавандаро дар ҷомиа муаян месозанд, элитаи ҳукмронро чун аксияи терроризми байналмилалӣ тафсир мекунанд. Фазои сиёсие, ки дар он мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ҷои асосӣ дорад, пеши роҳи пайдоиши масъалаи риояи ҳуқуқиинсон ва кафолати озодии шаҳрвандиро низ маҳдуд месозад.

Тоҷикистон чунин меҳисобад, ки маводи мухаддир низ мисли терроризми байналмилалӣ ва экстремизм бадбахтии глобалӣ мебошад ва мубориза бар зидди онҳо вазифаи муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонист. Мехоҳам хотирнишон созам, ки Тоҷикистон кишвари истеҳсолкунандаи маводи мухаддир нест, вале бинобар мавқеи ҷойгиршавии геополитикии худ ва бо Афғонистон дар масофаи қариб 1,5 ҳазор километр доштани сарҳадот бо шароити мураккаб ба яке аз сипарҳои асосӣ дар роҳи қочоқи он ба кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Амрико ва дигар минтақаҳои ҷаҳон мубаддал гаштааст.

Амали террористиии сентябри 2001 дар Амрико нишон дод, ки терроризм аллакай аз сатҳи маҳалию минтақавӣ баромада, харакатери глобалӣ касб кардааст. Маҳз барои ҳамин мубориза бар зидди ин вабо бояд ҳамаҷониба ва умумиҷаҳонӣ бошад. Барои рафъи ин бадбахтӣ аҳли башарро лозим аст ба проблемаҳои иҷтимоӣ рӯ оранд. Дар мадди аввал бояд сайъ кард, ки фарқиятҳои рушди сатҳи иқтисодӣ ва маънавӣ дар манотиқи мухталифи курраи замин бартараф ва якҷоя амал карда, камбизоатӣ аз байн бурда шавад ва мубориза зидди намоиши бузургии як давлат аз болои давлати дигар, бурда шавад. Танҳо ба ҳамин васила метавон терроризмро мағлуб сохт.

Низову даргириҳои хурду бузург дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё, даҳшатафканиҳои терроризму экстремизм ва фоҷеаҳои экологӣ бошандагони шаш қитъаи оламро, сарфи назар аз ирқу нажод, эътиқоду мазҳаб ва низоми давлатдориву сохти сиёсӣ ҳушдор медиҳад, ки аз оқибатҳои хатару таҳдидҳои дар ҷаҳони муосир ҷойдошта андеша намоянд. Имрӯз вақти он расидааст, ки башарият ба ҷои сарфу хароҷоти зиёд барои соҳаҳои ҳарбӣ ба таъмири бинои мўҳташами ахлоқи солим, ҳифзи ҷаҳони маънавии насли нав, пайдо кардани роҳҳои нави ҳамкориву ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори ризоият, ташаккули эътимоди устувор ба оянда, густариши дўстиву ҳамкорӣ рў орад, фарҳанги сулҳ ва муросову созишро қутбнамои пешрафти имрўзу фардои худ қарор диҳад.

Донишкадаи Санъати тасвирӣ низ дар тарғиби ҷавонон барои андешаи солим ва дур аз иғвоу ҳаргуна ҳаракатҳои экстремистиву ҷудоихоҳиӣ дар байни миллат ташабус нишондода ҳамеша чорабиниҳо ва конфронсу семенарҳоеро мегузаронанд, ки барои насли ҷавони имрўза дарси ибрат буда барои ҷомеаи солим ва бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳмгузор бошанд.Танҳо саводу дониши комил ва иродаи матину ватанхоҳ метавонад моро дур аз ин гирдоби осебкунандаи ҷаҳон ба хусус ҷаҳони ислом нигоҳ дорад.

Омӯзгори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ёғибекова Б.Т