Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷ.Т, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми хеш ба маҷлиси Олӣ аз 20.01.2016 қайд намуда буданд,ки «имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда,барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».Чи тавре,ки расонаҳои хабарӣ ҳамарўза аз ваҳшигарию хунрезии ҷоҳилони бо ном «Давлати исломӣ» ба тариқи воситаҳои ахбори умум,телевизион,намоишҳо манзур менамоянд, ба хулосае омадан лозим,ки дар замони ҳозира масъалаи мазкур аввалиндараҷа буда, бар зидди ин вабои аср муборизаи беамон бурдан лозим аст.

Ба ақидаи бисёре аз олимону омўзгорони макотиби таҳсилоти олӣ мубориза дар ин бобат,аввалан ба ҷавонону наврасон оқибатҳои гаравидан ба ин гурўҳҳои террористию экстремистиро фаҳмонидан ва корҳои тарбиявиро бештару таъсирбахш гузаронидан лозим аст,то ин ки онҳо эҳсос намоянд ,ки гаравидан ба ин тундгароӣ чӣ оқибату сарбориҳо дорад.Аз ин рў ин масъала маҷмўӣ буда.дар ҳамбастагӣ бо падару модарон,муссисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ,ҷомеъа,мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бурда шавад,ва ҳар яке аз инҳо бо тарзу усули хоси худ онро баррасӣ кунанд,то ки ҳама чиз на дар рўӣ қоғаз монад,балки дар амал иҷро шавад.

Бояд қайд кард,ки новобаста аз он ки ҷавонон ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта шудаанд,ё не,бояд дар байни онҳо корҳои профилактикӣ,фаҳмондадиҳӣ,гузаронидани ҳаргуна чорабиниҳои варзишӣ,фарҳангӣ,техникӣ аз фоида холи нест.

Чӣ тавре,ки равоншиносон муайян кардаанд,ҷавоноро ба гурӯҳҳои экстремистӣ ҷалб намудан хеле осон аст. Аз ин рў такмилу баланд бардоштани маънавиёти донишҷўён на танҳо бавоситаи дарсҳои гуманитарӣ,ки дар ҷавонон меҳанпарварию ифтихор аз марзу буми Тоҷикистони азизро бедор мекунанд,балки гузаронидани чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ асоси кори ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар самти пешгирии гаравидан ба тундгароӣ корҳои зиёди тарбиявию таъсиррасониро дар байни донишҷуён мунтаззам мегузаронанд.Бо ин мақсад дар ҳар як чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ,ноҳиявӣ донишҷўён сафарбар шуда ,кўшиш менамоянд,ки ҳар як донишҷў дар баробари таъсил намудан,дар корҳои ҷамъияти фаъолона ширкат варзанд.Масалан,дар роҳпаймоии ба муносибати ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ҳама донишҷуён ба ҳамроҳии устодону омўзгорон ширкат варзида, сазовори қадршиносии Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд.

Дар Рўзи Дониш ва дарси сулҳ бо иштироки меҳмонон аз Дастгоҳи иҷрояи Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хотирмону таъсирбахш гузаронида шуд.

Дар фестивали намудҳои миллии варзиш ва мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштингирӣ байни калонсолон 3- нафар донишҷўйи Донишкада иштирок карда сазовори мукофотҳо шуданд.

Дар «Рўзи забон» ва «Рўзи омўзгорон» бо иштироки профессори Донишкадаи давлатии омўзгории Тоҷикисто ба номи С.Айнӣ Маҷидова Б.С, намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Хукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов М ва шоира Шоираи Раҳим гузаронида шуд.Рўзи 7 ноябри соли 2016 тибқи супориши Вазорати Фарҳангӣ ҷ.Т аз 28.09.2016 №1-04/2135 оид ба баргузории намоишгоҳи байналмиллалии «Китоби Душанбе»,ки рўзҳои 7-9 октябри соли 2016 дар саҳни Иттифоқи нависандагон баргузор гардид,устодону шогирдон дастҷамъона ширкат варзида асарҳои рассомони Донишкада бо номи «Устодон ва донишҷўён» инчунин китобхои нашршудаи рассомони тоҷик ба намоиш гузошта шуданд.

Иштироки донишҷўён дар намоишҳои театрии пойтахт низ як усули хуби тарбияи маънавии онҳо мебошад. Бо дастури Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ба чандин намоишҳои театри ба номи Маҳмудҷон Воҳидов,театри давлатии ба номи В.Маяковский,А.Лоҳутӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Рўзи 18.10.2016 250-нафар донишҷў ба намоиши «қайдҳои як нафар девона»-и Н.В.Гогол ба театри А.Лоҳути рафтанд.Дар Донишкада мунтаззам намоиши асарҳои рассомони халқии Тоҷикистон баргузор мегардад,ки ин барои тарбияи маънавию зеҳнии донишҷўён кўмаки беандоза мерасонад.Масъалан, рўзи 10.09.2016 то 05.10.2016 намоиши асарҳои эҷодии Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зиёратшоҳ Довудов дар Донишкада баргузор гардид.

Ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии ҷумхурии Тоҷикистон,рўзи Ваҳдати миллӣ намоиши корҳои эҷодии донишҷўён дар мавзўи «Устод ва шогирд» аз эҷодиёти рассомони халкии Тоҷикистон гузаронида шуд.Ба ғайр аз ин, намоиши корҳои эҷодии устодони донишкада Одинаев Б,Ш.Ёров,Нарзибеков Н. низ гузаронида шудаанд.

Хулоса, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳама муваффақияту комёбиҳо ҳамонвақт ба даст меоянд,ки таълиму тарбия дар як раванд якдигарро ҳамеша пурра кунанд.Дар ҳамбастагӣ коре бояд кард,ки шогирдони мо дар кадом соҳаҳе кор кунанд, чун шахсиятҳои комилу соҳибмаълумоти бомаърифат бо иродаи қавию устувор ба Тоҷикистони азизамон хидмати содиқонаю ватанпарварона намуда,бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда,ки таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдат-Пешвои миллат-Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 25- соли Истиқлолият дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадааст, чун азизтарин неъмати рўи дунё бо нангу номуси ватандорӣ онро аз ҳаргуна гуррўҳои ифротгароӣ ҳифз намоем.

З.Саъдуллоева.