Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба меъёрҳои байналмилалӣ ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани низоми таҳсилоти миллии кишвар ва ҷорӣ намудани низоми муосири таҳсилот тадбирҳои мушаххас ва судманд андешида шуда истодаанд, ки дар навбати худ ин гузариш яке аз талабот ва нақшаҳои амалии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 мебошад. Дар ин ҳуҷҷати муҳими соҳа қайд карда шудааст: “Низоми нави маориф, ки мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, бояд ба хонандагон имконияти азхуд намудани салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро, ба монанди қабули масъулиятнокии қарорҳо ва банақшагирии пешравӣ дар касб, илмомӯзӣ дар давоми тамоми ҳаёт, салоҳияти алоқадорӣ, тайёрии касбии дар бозори меҳнат талаботдошта, донишу малакаи барои худтакмилдиҳӣ зарур, малакаи тарзи ҳаёти солим, арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмин намояд”.

Ҳамин тавр, Стратегияи миллии рушди маориф самтҳои тағйироти низоми таълимро мушаххас карда, гузаришро аз низоми кунунӣ (ба дониш асосёфта) ба низоми таълими салоҳиятнокӣ ба нақша гирифтааст. Пеш аз баррасии низоми таълими салоҳиятнокӣ оид ба мафҳумҳои “салоҳият” ва “салоҳиятнокӣ” чанд андешае баён менамоем.

Мафҳумҳои “салоҳият” ва “салоҳиятнокӣ” аз забони лотинӣ (competens, competentis) гирифта шуда, ифодаи мафҳумҳои “компетенция “ ва “компетентность”-и забони русӣ буда, дар коргузорӣ ва иҷрои фаъолият истифода бурда мешавад.

Мафҳуми “салоҳият” дар “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ – лоиқ будан, сазовор будан; шоистагӣ, сазовор буданро ифода менамояд. Дар низоми маорифи миллӣ мафҳумҳои “салоҳият” ва “салоҳиятнокӣ” ворид шуда, ҳамчун истилоҳи соҳаи маориф истифода мешавад.

Тафсири мафҳумҳои “салоҳият” ва “салоҳиятнокӣ”-ро аз сарчашмаҳо баррасӣ намуда, итминон ҳосил менамоем, ки ба дарки он омӯзгорон ворид шуда, дар раванди таълими низоми салоҳиятнокӣ ба ташаккули салоҳиятҳои муайяни хонанда аҳамият медиҳанд.

Дар “Луғати истилоҳоти Хазинаи аврупоии таҳсилот мафҳуми салоҳият (компетенсия)” дар доираи ташаккули қобилияти ягон корро (амалро) хуб ва самаранок иҷро кардан, ба талаботи вазифавӣ (касбӣ) мувофиқ будан ва қобилияти иҷрои босифати вазифаҳои махсуси меҳнатӣ (таълимӣ) шарҳ дода шудааст.

Дар баъзе адабиёти илмӣ мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат баробар истифода мешавад.

Салоҳиятро дар низоми маориф метавон маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде,ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои таълимӣ, амалӣ нигаронида шудааст, номид.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои бандҳои дахлдори нақшаи Стратегияи рушди маориф то соли 2020 тадбирҳои амалиро ҷиҳати гузариш ба низоми таълими салоҳиятнокӣ андешида, таъкид менамояд, ки ин гузариш талаби рӯз буда, вобаста ба гузориши мақсад, принсип ва хусусиятҳои муайяни таълимӣ дар муқоиса ба низоми анъанавӣ дар баробарӣ баъзе умумиятҳо ва тафовути назаррас дорад. Аз ин рӯ, омӯзгорони ҳамаи зинаи тахсилоти умумиро зарур аст, ки оид ба низоми нави таълимӣ аз дастуру адабиёти дастрас ва тахия мешуда, маълумоти зарурӣ гирифта, ҳангоми иштирок дар курсҳои такмили ихтисос, семинарҳои омӯзишӣ дониши худро мустаҳакам ва пурра намоянд.

Омӯзгор ҳангоми гузариш ба низоми таълими салоҳиятнокӣ бояд донад, ки “салоҳият”-ро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи азхуд кардани дониш, малака ва маҳоратҳо дар хонанда ташаккул меёбад, салоҳият натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорати аз худнамуда ё гирифтаи хонанда дар раванди таълим мебошад. Агар дар раванди таълими анъанавӣ хонанда аз матн (ҷумла) калимаҳои ифодакунандаи исм, сифат, феъл ва ғайраро муайян карда тавонад, пас низоми таълими салоҳиятнокӣ андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калони сохторашон гуногун на танҳо муайян, балки навишта метавонад.

Бояд қайд кард, ки низоми таълими салоҳиятнокӣ муносибатҳо ва раванди таълим хусусиятҳои ба худ хос дорад. Ин хусусиятҳо дар муносибати хонанда ба таълим, нақши омӯзгор дар раванди таълим, муносибати омӯзгору хонандагон, хонандагону маводи таълим ва муносибат байни ҳамдигар таҷассум меёбад. Донистан ва дар амал татбиқ кардани ин хусусиятҳо ба омӯзгор имконият медиҳад, ки сатҳи азхудкунии малака ва салоҳиятҳоро баланд бардошта, ҳамзамон барои ташаккули шахсияти мустақил, озодандеш ва маърифатнок замина гузорад. Дар низоми таълими салоҳиятнокӣ раванди ташаккули салоҳиятҳо вақт ва муносибати мураккабро талаб мекунад. Дар муқоиса бо низоми таълими ба дониш асосёфта (анъанавӣ), низоми нав иҷрои амалҳои дараҷаҳои гуногуни мураккабӣ ва давомнокии номуайянро талаб мекунад.

Масалан, барои ташаккули салоҳияти “Хонанда андеша (ақида)-ҳои худ ва дигаронро барои ифодаи мақсадҳои гуногун тавассути матнҳои ҳаҷман калони сохторашон гуногун менависад”, хонанда бояд оид ба сохтори матн (мактуб, ҳикоя, гузориш, мақола ва амсоли он), сарфу наҳви забони тоҷикӣ дониши мукаммал дошта, тарзи баёни ақидаи худро дар сохтори муайяни матн машқ кунад, мустақилона нависад, матни эҷодкардаашро арзёбӣ кунад ва таҳриру такмил диҳад. дар чунин муносибати таълимӣ муҳим аст, ки ба хонанда дониши муайян аз сарчашмаҳои муайян (санҷидашуда, илман асоснок) тавассути омӯзгор (ё китоби дарсӣ) дода шавад.

Дар низоми таълими салоҳиятнокӣ аввал намунаи натиҷаи таълим (малака) таҳлилу баррасӣ мешавад. Сипас ба хонандагон имконияти мустақилона (ё бо роҳнамоии омӯзгор) машқ кардани малака дода мешавад.

Ҳамин тавр, омӯзгор бояд донад, ки низоми таълими салоҳиятнокӣ, чунин низомест, ки дар татбиқи он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ (ҳаётӣ, ҳақиқӣ, функсионалӣ) равона мешавад. Қисмати муҳими низоми таълими салоҳиятнокӣ ба арзёбии натиҷаҳои таълим нигаронида шудааст, яъне дар низоми таълими салоҳиятнокӣ ба мақсади муайян кардани дониш, малака ва маҳорати заминавии хонандагон; муайян кардани раванди азхудкунии малака ва маҳорати нав; муайян кардани сатҳи ниҳоии натиҷаҳои таълим арзёбӣ гузаронда мешавад ва он бояд воқеӣ ва инъикоскунандаи дониши амалии хонанда бошад.

Ҳамин тавр, ҳар як омӯзгор бояд ба ҳисоб гирад, ки дар низоми таълимии ба салоҳиятнокӣ нигаронидашуда амалӣ намудани зиниҳои зерини таълим ҳатмӣ ва муҳим аст: дар хотир гирифтан: фаҳмидан; истифода бурдан; таҳлил ва арзёбӣ намудан………

Ҳокимхон Шокиров