Ташкили фазои хубу дуруст ва банақшагирию идораи раванди таълимию методӣ ба таълиму тарбияи самараноку мақсадноки донишҷӯён бастагию робитаи зичу мусаммир дошта, натоиҷи мусбӣ ба бор меоваранд.
ДДСТДТ аз донишкадаҳои олии ҷавон буда, ягона муассисаи олиест, ки ба тарбияву омоданамоии мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн машғул аст.
Ташкили ҷараёни таълим, таҳия ва мунтазам такомул бахшидани нақша ва барномаҳои таълимӣ, таҳияи дастурҳои таълимӣ ва санадҳои таълимию методӣ, мушаххас намудани мазмун, навъ ва ҳаҷми корҳои мустақилонаи донишҷўён аз самтҳои асосии фаъолияти таълимию методист, ки маҷмўан барои омоданамоии мутахассисони варзидаи санъати тасвирӣ ва дизайн равона гардидаанд.
Кафедраҳои донишкада аз асоситарин ва муҳимтарин сохтори он маҳсуб мешаванд, ки кори таълимро тибқи асноди амалкунандаи соҳа роҳандозӣ менамоянд. Дар нақшаҳои кории кафедраҳо баргузории маҷмўи чорабиниҳои таълимию методӣ ва эҷодӣ тарҳрезӣ ва пешбинӣ мегарданд.
Устодони варзида, пештозони санъати тасвирӣ ва дизайни кишварамон, мисли Наҷмиддинов К., Холов М., Хоҷаев Ф., Миршакаров А., Сангов Ю., Одинаев Б., Забиров Б., Рақибов М., Нарзибеков Н., Назирматов А. ва дигарон дар донишкада ба фаъолияти таълимӣ  камар баста, тадриси фанҳои тахассусиро бар дӯши хеш доранд.
Шуъбаи таълими Донишкада пайваста кӯшиш бар он менамояд, ки аз шаклу усулҳои муосиру муассири таҳсил васеъ истифода намуда, сатҳи омодасозии мутахассисонро тибқи талаботи бозорӣ ҷаҳонӣ ва минтақавии меҳнат роҳандозӣ намояд. Донишкада тайи 5 соли фаъолияти худ пурра ба шакли бисёрзинагии таҳсилоти олӣ — омодакунии мутахассис гузашта, низоми кредитии таълимро пурра ҷорӣ намудааст. Қабули имтиҳоноти фанҳои ғайритахассусӣ тариқи технологияи иттилоотии муосир ҷараён доранд.