Устоди кафедраи Забонҳо ва фанҳои гуманитарии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Саидиён Ҳикматуллоҳ

Дар пешнависи Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст: “….озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида…..”

Дар моддаи панҷум, боби якум, ки асосҳои сохтори конститутсионии Қонуни асоси ҶТ мебошад, низ омада аст: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошад.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Тавре ки маълум аст моддаи якуми Қонуни асосӣ ҳуқуқбунёд будани давлати Тоҷикистонро тараннум мекунад. Аз ин бар меояд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро Сарқонун замонат додаст ва табиист, ки тарбияи ҳуқуқии онро низ бояд баланд бардошт. Инчунин маълум аст, ки дар Қонуни асосии ҶТ баёнгари озод будани шаҳрвандон: чунончи дар моддаҳои ҳаштум ва бистуҳаштум барои созмон додани ҷамъиятҳои ҳуқуқӣ имкон додааст. Дар боби дуюми Қонуни асосӣ, ки: ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд аст, низ дар моддаи 14 аз ҷумла зикр гардида:… ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд бевосита амалӣ мешавад….2 Аз ин бармеояд, ки шаҳрванди ҶТ бо истифода аз Сарқонун ва моддаҳои дар он баён гардида ҳар шаҳрванд имкони истифодаи ҳуқуқи худро доштааст. Бояд дар роҳҳои тарбияи ҳуқуқии шаҳрванд қишри зиёиён, ки пешқадамтарину фаъолтарини ҷомеаанд, пешоҳанг бошанд. Ҳукуматдорон ҳам дар тамоми сатҳ: аз ҳокимияти қонунгузор сар карда то мақомоти худидоракунии маҳаллӣ саҳмгузори тарбияии ҳуқуқии шаҳрвандон бошанд. Дар шохиси сатҳи баланд будани ҳуқуқи шаҳрванд ҶТ яке аз зинаҳои пастаринро ишғол мекунад ва ин баёнгари он аст, кӣ ҳарчӣ фаъолтар бояд бошанд ҳукуматдорон дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрванд. Бояд қайд кард, ки аксари мардуми ҶТ аз ҳуқуқи шаҳрвандии худро каму кост бархӯрдор ҳаст ва ин ҷавобгӯ ба талабот нест, дар замоне, ки ҷаҳонишавӣ тамоми оламро фаро гирифта аст. Аз назарсанҷие, ки СММ дар Тоҷикистон гузаронида аст оиди бархӯрдод будан аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ мардуми Тоҷикистон дараҷаи пастро дарёфт кардаанд. Чи бояд кард, кӣ шаҳраванд комёб бархӯрдоршавии ҳуқуқиро соҳиб гардад. Ягона инро дар баланд бардоштани сатҳи фаҳмиши ҳуқуқии шаҳрванд бояд ҷуст. Роҳҳои баланд бардоштани ҳуқуқи шаҳрванд дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва ташаккули шуури сиёсии он аст. Аз ин лиҳоз ҳизбҳо ҳам дар баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандон таъсиррасон бошанд. Тавре ки гуфта гузаштем дар моддаи ҳаштуми Сарқонун гуфта шудааст: Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ҳизбҳо низ дар ташаккули сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум метавонанд саҳмгузор бошанд. Дар замони Шӯравӣ Ҳизби Коммунист зимоми тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро дар даст дошт ва ҳам тавонист мардумро аз донистани ҳуқуқаш бархӯрдор созад. Алҳол, Тоҷикистон давлати демократӣ ва ҳуқуқбуёд аст ва чанд ҳизби сиёсӣ дар ҷумҳурӣ фаъолияти сиёсӣ доранд ва имкони тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро бояд бар дӯш гиранд.Қудрати таъсиррасон будани омӯзгорро низ тар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон набояд нодида гирифт. Сафи омӯзгорон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 100 ҳазор нафар аст ва ин нерӯро ҳам бояд дар баланд бардошти ҳуқуқи шаҳрвандӣ истифода кард. Аз кӯдакистон оғоз намуда то донишгоҳу донишкада пайваста кӯдакону наврасон ва ҷавононро омӯзгорон дарси худогоҳӣ диҳанд ба ғайр аз дарсҳои барномавӣ оид ба тарбияи ҳуқуқӣ. Табиатан, инсон бояд донандаи ҳуқуқи худ бошад ва табиист, ки тарбия ин табиати инсониро дар ҳаракат медарорад, бас маълум мегардад, ки омӯзгор бояд ин табиати ғаризиро дар ҳаракат дарорад. Набояд фаромӯш кард, ки Ташкилотҳои ғайри давлатӣ низ метавонад дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрванд саҳим бошад. Ба гуфтаи Вазорати Адлия дар ҶТ зиёда аз 1800 ниҳодҳои шаҳрвандӣ кор ва фаъолият доранд ва фарогири ҳазорҳо шаҳрванд мебошанд, ки аксари онҳоро ҳуқуқдонҳо ва ҷумла адвокатҳо сарварӣ менамоянд. Ғайр он умдатарин ниҳоди таъсиррасон дар тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандон нерӯи адвокатҳо аст. Танҳо дар як муассисаи “ Сипар”, ки тааллуқ ба асотсиатсияи адвакатҳо дорад, зиёда аз ҳазор нафар ҳуқуқдонро дар бар мегирад ва ба ғайр аз “Сипар” боз чандин ТҒД аз они адвокатҳост.

Ба назар мерасад, ки тамоми ниҳодҳи боло зикр гардида ҳамеша талош кунанд дар баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, то мардуми шарифи Тоҷикистон донандаи ҳуқуқи хеш гарданд дар давлати демократии ҳуқуқбунёди худ боистифодаи Сарқонуни худ, ки беҳтарин Сарқонун дар ҷаҳон маҳсуб меёбад бо манзалати хоса умр ба сар баранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *